Палатаи савдо ва саноат — пайвандгари соҳибкорон

№135(3436) 12.10.2015

Шариф Саид

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар пешрафти фаъолияти соҳибкорони мамлакат, вусъати ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, саҳми арзанда дорад. Дар арафаи Рӯзи соҳибкорон хабарнигорамон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид мусоҳиба анҷом дод, ки фишурдаи он пешкаши хонандагон гардонида мешавад.

- Имсол бори аввал 14 октябр дар мамлакат Рӯзи соҳибкорон таҷлил мешавад ва ин гувоҳи он аст, ки дар кишвар соҳибкорӣ ҳамчун муҳаррики иқтисодиёт эътироф шудааст.

- Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Рӯзи соҳибкорон гувоҳи таваҷҷуҳи хоса ба ин бахш маҳсуб меёбад. Ман муътақидам, ки ин як иқдоми шоиста ва қадами ҷиддист. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба шарофати рушди соҳибкорӣ дар кишвари мо бисёр мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳалли худро пайдо намудаанд. Буҳрони ҷаҳонии молиявӣ моро ба амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ нисбати ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, созмон додани корхонаю муассисаҳои инноватсионӣ ва дигар тадбирҳо водор сохт.  Зарурат пеш омад, ки бо истифода аз таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта дар кишвар ташкил ва фаъолияти пурсамари корхонаҳои бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз ба роҳ монда шавад. Боиси хурсандист, ки дар ин ҷода соҳибкорон бештар фаъоланд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъкид дошт: «Дар чунин шароит Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда доир ба нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, самаранокии идораи давлатӣ, татбиқи сиёсати ҳадафманди молиявӣ, таъмини пурраву саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, рушди соҳаҳои гуногун, хусусан соҳаҳои истеҳсолӣ, инчунин пешбурди ислоҳот дар самти дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ, тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд.

Ҷиҳати таҳкими заминаҳои рушди босуботу дарозмуддат мо дар стратегияву барномаҳои давлатӣ барои давраи то соли 2030 баланд бардоштани самаранокии истифодаи дороиҳои миллӣ, махсусан неруи инсонӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин тақвияти институтсионалии рушди кишварро самтҳои афзалиятнок мешуморем. Дар ин раванд, ба масъалаҳои пурра ва самаранок ба кор андохтани имкониятҳои истеҳсолӣ, ҳар чӣ бештар ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, беҳтар гардонидани сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, кам кардани хароҷоти барзиёд ва истифодаи дурусту мақсадноки захираҳо, сода ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ аҳамияти махсус дода мешавад.».

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои фавқ тадбирҳои зиёде амалӣ гардиданд. Биноан, хулоса кардан мумкин, ки дар шароити имрӯза рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷумлаи омилҳои муҳим баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, рушди тиҷорат, хизматрасониҳои коммуналӣ, пешрафти илму техника маҳсуб меёбад.

- Барои фаъолияти босамари соҳибкорон боз кадом тадбирҳои мушаххас андешида шудааст?

- Имрӯз дар кишвар «Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорон дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» мавриди амал аст. Ин барнома намудҳои афзалиятноки фаъолияти соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла дастгирии молиявии корхонаҳои истеҳсолӣ, бахши кишоварзӣ, истифодаи технологияҳои замонавӣ ва ғайраро муайян кардааст. Дар асоси он бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди ҳунармандӣ, бунёди роҳ, пул ва нақбҳо, биноҳои  маъмурию  истиқоматӣ ривоҷ ёфтааст. Илова бар ин, бо таъсиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ барои ҳалли масъалаҳои сектори хусусӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ замина муҳайё гардид.

- Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳибкорӣ чӣ саҳм дорад?

- Вазифаи асосии мо дар ин ҷода таъмини ҳамкории бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ, бо дарназардошти манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатӣ, мебошад. Ҳанӯз соли 1998 зимни яке аз мулоқотҳои хеш бо соҳибкорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Пайвандгари соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ» номида буд. Ин баҳои баланд аст ва аз мо масъулияти бузургро талаб мекунад. Дар ҷомеаи имрӯза соҳибкорон аз зумраи ашхоси фаъолу ташаббускор ҳастанд, ки барои пешрафти тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа метавонанд саҳм гузоранд. Бинобар ин, ПСС ҶТ ҳамеша дар паҳлуи соҳибкорон қарор дорад ва саъю талоши мутахассисони мо ба он равона гардидааст, ки неруи онҳо баҳри рушди ҷомеа самаранок истифода гардад. Имрӯз ПСС ҶТ беш аз 650 муассисаҳои бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, намояндагони соҳибкории хурду миёна ва калонро муттаҳид кардааст.

Мунтазам бо иқдоми Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  намоишгоҳ – ярмаркаҳо, озмунҳо ва мулоқоту форумҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ  баргузор мегарданд. Барои мисол, давоми даҳ соли охир беш аз 300 намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва миллӣ, ярмарка ва бизнес -форумҳо ташкил карда шуд. Молу маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳашт намоишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар давлатҳои Ҷумҳурии Федеративии Германия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Япония, Корея ва ғайра ба намоиш гузошта шуд. Боиси рӯҳбаландии мо аст, ки бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд чорабиниҳо баргузор гардиданд. Аз ҷумла яке аз чорабиниҳои бонуфузу хотирмон ин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе – 2014 буд, ки рӯзҳои 14-15 октябри соли 2014 баргузор гашт. Дар доираи чорабиниҳои мазкур Намоишгоҳи дастовардҳои соҳибкорону сармоягузорон бо ҷалби 56 ширкату корхонаҳои шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ ташкил карда шуд. Сарвари давлат ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза ва молҳои ниёзи мардум содироти молу маҳсулотро низ бояд афзоиш диҳем. Дар ин замина ПСС ҶТ корҳои назаррасеро анҷом медиҳад. Беш аз даҳ сол аст, ки аз ҷониби  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон CD-диски «Роҳнамои тиҷорат» таҳия, нашр ва дар дохилу хориҷи кишвар паҳн мегардад.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аъзои Палатаи байналмилалии савдо, Федератсияи байналмилалии палатаҳои савдо мебошад ва бо палатаҳои бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳо ба роҳ мондааст.

- Чӣ таманно доред?

- Ҳар як сокини Ватан барои гул-гулшукуфии он, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, дарёфти роҳҳои дурусти ҳалли масъалаҳо бояд кӯшиш кунад,  Ватанро дӯст дораду бо меҳнати шоён дар ободонии он саҳмгузорӣ намояд. Аз фурсат истифода бурда, тамоми соҳибкорони Тоҷикистонро ба муносибати иди касбиашон самимона муборакбод гуфта, ба онҳо тандурустӣ, хушбахтӣ, комёбӣ ва сарбаландӣ таманно дорам.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»