Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 405 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.
Тибқи иттилои МИМҲД шаҳр, то якуми июли соли ҷорӣ беш аз 190 иншоот, аз ҷумла, бинои нави шуъбаи шиносномадиҳӣ дар назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Панҷакент, Маркази ҷавонон, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳоти «Косатарош» ва «Шинг» (ҳар яке барои 240 хонанда), муассисаҳои томактабӣ, синфхонаҳои иловагӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва сехҳои оҳангарӣ, марказҳои хизматрасонӣ, маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, китобхона ва меҳмонхона ба истифода дода шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда бомаром идома доранд. Дар назар аст, ки то соли 2021 дар шаҳри Панҷакент 63 бинои истиқоматӣ сохта мешавад.
Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»