Панҷакент: Фурудгоҳ таъмиру таҷдид ва хатсайри ҳавоӣ эҳё гардид

№86-88 (3232-3234) 04.08.2014

Панчакен

Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат шаҳри бостонии Панҷакент ободу зебо гашта, яке аз  минтақаҳои зебоманзар ва муназзам рушдёбандаи кишварамон маҳсуб меёбад. Агар пештар ин шаҳрро аграрӣ арзёбӣ менамуданд, ҳоло ба шарофати рушди бесобиқаи бахши саноат он ба  минтақаи агросаноатӣ  табдил ёфтааст. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки  дар тамоми соҳаҳо пешравиҳои назаррас  рӯйи кор омада, ин раванд бемайлон густариш ёфта истодааст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки дастовардҳои фавқуззикр  самараи поквиҷдонӣ, кордонӣ ва масъулиятшиносии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент Хисрав Абдуназар мебошад.  Мушоҳидаҳои журналистии мо низ собит намуданд, ки номбурда барои ободии шаҳр дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имконият ва захираҳо самаранок истифода намуда истодааст.

Сиюми июли соли равон, баъд аз таваққуфи чандсола, хатсайри ҳавоии Душанбе – Панҷакент  эҳё гардид. Дар ин рӯз ҳавопаймои АН-26 ба фурудгоҳи шаҳр, ки пурра таъмиру таҷдид ва бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, фуруд омад. Сокинони шаҳр мусофирони аввалини хатсайри фавқуззикрро дар фазои тантанавӣ истиқбол намуда, шукрона аз фазои сулҳу оромии кишвар ва Сарвари хирадманду дурандеши он менамуданд. Дар чорабиние, ки бахшида ба мавриди истифода қарор гирифтани фурудгоҳ баъд аз таъмиру таҷдид ва эҳёи хатсайри Душанбе –Панҷакент баргузор гардид, муовини раиси вилояти Суғд Хайрулло Амонулло, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент Хисрав Абдуназар, муовини сардори департаменти авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Нуров ва муовини директории генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Икром Мавлонов суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки «роҳсозию роҳкушоӣ аз анъанаҳои неки халқи куҳанбунёди тоҷик буда, он давоми асрҳо моҳияти худро гум накарда, барои рушди  ҷомеа саҳми муассир гузоштааст. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи роҳсозӣ ва таъмиру таҷдиди он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва ин боис гардид, ки ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлол  аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо шуда, ба як сарзамини воҳид табдил ёфтааст».

ПАнчакент

Гуфтан бамаврид аст, ки Президенти  ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таҳлили масъалаи мавриди назар минҷумла таъкид намуданд: «Яке аз самти муҳими тавсеаи имкониятҳои коммуникатсионии кишвар соҳаи хизматрасонии авиатсионӣ буда, зиёд намудан ва ҳозирзамон гардонидани парки ҳавопаймоҳои ширкатҳои миллӣ, таҷдиди фурудгоҳҳои мамлакат, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва то ба дараҷаи меъёру талаботи байналмилалӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ зарур мебошад». Шоҳиди он будем, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо маблағгузории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» ва  дигар ташкилоту муассисаҳо таъмиру таҷдиди фурудгоҳи шаҳрро дар сатҳи баланд ва сифати хуб амалӣ намудааст. Дар ин замина   аз тарафи корхонаи «Бейсин Сэн Ӣян»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой 1,9 км хати парвоз ба маблағи 1 миллиону 672 ҳазор сомонӣ таъмиру таҷдид шуда, бо сарфи 200 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ гардид. Фурудгоҳи мазкур ба ҳама меъёрҳои замони муосир ҷавобгӯй буда, бо таҷҳизоти аэронавигатсионии аз давлатҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ дастрасгардида муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар заминаи иқдомоти басомонрасида толори интизорӣ, толори махсуси қабули меҳмонон, ҳуҷраҳои истироҳатӣ барои ҳавонавардон, қаҳвахона ва дорухона низ  мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт. Гуфтан бамаврид аст, ки фурудгоҳи мазкур давоми  30 соли охир таъмир нагардида буд. Масъулин ният доранд, ки дар ояндаи наздик хатсайри Хуҷанд –Панҷакентро низ эҳё намоянд. Агар гӯем, ки айни замон бунёдкориву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти худ ворид шудааст, муболиға нахоҳад буд.

Барои мисол, соли 2012 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таҷдиди роҳи Айнӣ – Панҷакент оғоз ёфт, ки айни замон сохтмони он бо харҷи 115, 3 миллион доллари ИМА бомаром идома дорад.  Масофаи роҳи фавқуззикр 112,7 километрро дар бар мегирад ва дар ин масир 31 кӯпрук ҷойгир аст. Соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои Барномаи  «Соли 2014 – соли роҳҳои обод» таъмиру тармими 133, 7 км роҳ ба нақша гирифта шуда, то ин муддат 92,2 км роҳҳо таъмиру таҷдид гардидаанд, ки 68,9 фоизи нақшаро дар бар мегирад.  Ин амали нек идомаи иҷрои се ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ маҳсуб ёфта, барои рушду нумӯи соҳаҳои гуногун мусоидат менамояд. Зикр намудан  бамаврид аст, ки дар доираи лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи Айнӣ – Панҷакент таъмиру таҷдиди 60 километр роҳҳои маҳаллӣ дар назар дошта шудааст, ки ин иқдом ба болоравии сатҳу сифати зиндагии сокинони ин минтақа мусоид  аст.

Ҷумъахон Наботов, Далер Мерганов, «Садои мардум».

Душанбе –Панҷакент -Душанбе