Панҷ таъкиди Президент — роҳнамои ҷавонон

№68 (4651) 22.05.2023

«Мо ба шумо ҷавонон — неруи бузурги созандаи кишвар эътимод мекунем ва бовар дорем, ки аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароед».

Иқтибос аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар,

21 майи соли 2021

1473502568_10ЭЪТИМОД

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон эътимоди хоса доранд. Ҷавонони имрӯза насли хушбахтанд, ки мунтазам ҷумлаи маъруфу эъти­модноки «Ҷавонон – ояндаи миллат»-ро мешунаванд. Вақте ки бовар мекунанду ояндаро аз мо вобаста медонанд, неруи созанда ва захираи стратегии давлату миллат арзёбӣ мекунанд, бояд донист, ки маҳз ба ҷавонон вобаставу пайваста будани ояндаи давлату миллатро эътимод кардаанд.

Дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қарор додем, панҷ таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шавем, ки барои мо — ҷавонон роҳнамо ҳастанд.

АРЗИШҲОИ ЗИНДАГӢ

- Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шук­ронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми шумо – ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳед, — таъкид карданд Пешвои миллат 23-юми майи соли 2022 дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

Ҳар ҷавон ҳадди ақал як маротиба ба худаш савол медиҳад, ки оё Ватанро дӯст медорад ва ин омил дар чӣ зоҳир мегардад? Бесабаб нест, ки насли ҷавонро ба шукр кардан талқин мекунанд, зеро мо дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ мекунем ва чӣ будани ҷангу нооромиро намедонем.

Президенти мамлакат таъкид мекунанд, ки бояд ба ҳимояи Ватан ҳамеша омода бошем ва метавон гуфт, ин таъкид сармашқи ҷавонони имрӯз қарор дорад. Ҳамин аст, ки шоҳиди ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастани ҷавонон мешавем.

ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН

Бисёр мешунавем, ки бояд насли нав баробар бо замон инкишоф ёбад. Ҳар навгониеро, ки метавон ба нафъи миллат истифода кард, омӯзанд. Таҳқиқотҳоеро анҷом диҳанд, ки кору зиндагии мардумро осон кунанд.

Дар ин бобат Президенти мамлакат соли 2022 дар вохӯрӣ бо ҷавонони фаъоли кишвар чунин таъкид карданд:

- Ифтихор дорем, ки ҷавонони мо ҳамқадами замони муосир мебошанд, талаботи асри навинро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои нав­таринро аз худ менамоянд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд ва саъю талош доранд, ки ба ин васила, дар раванди ободонии Ватан ва пешрафти давлат саҳми назаррас гузоранд.

Зиёда аз 200 ҳазор ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳсил мекунанд ва ин гувоҳи он аст, ки таъкиду боварии Сарвари давлатро ҷавонон ва волидони онҳо сармашқи кор қарор додаанд. Илова бар ин, 42 ҳазор ҷавони тоҷик дар кишварҳои гуногуни дунё таҳсил мекунанд.

Сохтану ба истифода додани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъсиси факултету бахшҳо бо ихтисосҳои бозоргир дар кишвар аз таваҷҷуҳи хоса ба ояндаи ҷавонон дарак медиҳад. Таъсиси Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ташкили Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» шаҳодат медиҳад, ки барои ҳар чӣ хубтару беҳтар ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон дар хориҷи кишвар кӯшиш хеле зиёд аст.

ТАЪМИН БА ҶОИ КОР

Бо ҷои кор таъмин кардани мутахассисони ҷавон дар бархе шаҳру навоҳӣ то андозае мушкил аст. Мушкил аз ду тараф аст ё ба ихтисоси соҳибдиплом дар минтақааш талабот нест ё ҷавон ба зодгоҳ баргаштан намехоҳад.

Дар масъалаи таъмини ҷавонон ба ҷои кор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 чунин гуфта буданд:

- Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки тавассути ворид кардани технологияҳои пешрафта ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳар чӣ бештар бо шуғл таъмин кардани ҷавонон, бахусус дар деҳот, тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳар моҳ ярмаркаи ҷойҳои холии корро баргузор намоянд.

Хушбахтона, Сарвари давлат аз мушкилоти ҷавонон бохабаранд ва барои ҳалли он чораҳои қатъӣ меандешанд. Ин ибтикорот сабаб аст, ки ҳазорҳо ҷавон барои таҳсил рӯҳбаланд гарданд, даҳҳо раису вазиру соҳибкор барои ташкили ҷойҳои кор ташаббус кунанд.

ХИЁНАТ НАКУНЕД

Интернет ба сифати маҳсули фик­рии ёрирасон ба ҳисоб рафта, агар истифодаи дурусти онро надонем, метавонад ҷавононро гумроҳ намояд. Ҷанбаҳои манфии истифодаи фазои маҷозӣ ин бештари вақт аудитория ва мухотабонро нашинохтан аст.

Дар баробари ин, мухотаб ҳам барои аз роҳи рост баромадани корбарони фазои маҷозӣ, ки аксаран ҷавон ҳастанд, метавонад хатар эҷод кунад.

Фиребу найранг, таҳдиду зӯроварӣ, хиёнату бадкешӣ аз тариқи интернет маъмул гардидааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар мулоқот бо ҷавонони огоҳи кишвар таъкид карданд:

- Шумо, фарзандони азиз, ҳеҷ гоҳ виҷдону имони худро нафурӯшед, ба Ватани маҳбубамон, миллати бостониамон ва давлати соҳибихтиёрамон ҳаргиз хиёнат накунед.

Боварӣ дорем, ки минбаъд низ таъкидҳои зикргардида ва кулли дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони мамлакат сармашқи кор қарор дода, беш аз пеш комёб мегарданд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»