Қонун ва иҷрои он

Пардохти ғайринақдӣ. Чаро як идда ба тавсеаи он ҳавасманд нестанд?

№28 (3822) 03.03.2018

АмонатДу сол қабл, вақте  дар доираи  қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз василаи пулнақдкунӣ будани кортҳои пардохтӣ дар мамлакат аз тариқи рӯзнома изҳори нигаронӣ карда шуд,  касе аз масъулин вокуниш накард. Дар мақола сухан оид ба иловаҳои ба моддаи 615-и кодекс воридгардида мерафт.

Ёдовар мешавам, ки моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина» ном дошта, тибқи иловаҳо ба номи модда калимаҳои «терминалҳои электронӣ» ва қисми нав дар таҳрири зерин пешниҳод гардидааст: «Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешаванд». Масъулин зимни шарҳи он, аз ҷумла гуфтанд, ки «тағйиру иловаҳо ба моддаи 615 бо мақсади таъмини талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» аз 31 декабри соли 2014 таҳти № 815 вобаста ба насб ва истифодаи терминалҳои электронӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пешбинӣ гардидааст». Дар анҷоми матлаб таъкид шуда буд, ки «қонуни зикршуда ба маънои томаш кумакрасони «беминнат»-и масъулин дар ин ҷода аст. Ба шарте ки завқ бошаду рисолату ваколат дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро гардад».

Тағйирот ба моддаи мазкур мутобиқи моддаи 2 қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор гирифта, аз раванди иҷрои он то кунун аз ҷониби сохторҳои зиддахл маълумоте расонаӣ нагардидааст.  Ба ҳар сурат, хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки раванди иҷрои ин муқаррароти қонун «бо ҳар ду по мелангад» . Ин хулосаи инфиродии банда набуда, аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ гирифтааст. Зимни ироаи Паём Роҳбари мамлакат минҷумла зикр карданд: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гарчанде соли сипаришуда шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ 5,5 фоиз зиёд шуда, 1,7 миллион нафарро ташкил додааст, вале то ба ҳол 95 фоизи амалиёти кортӣ бо гирифтани пули нақд вобаста мебошад. Дар робита ба ин, Бонки миллӣ бояд назорати татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохтро пурзӯр карда, доир ба насби терминалҳои пардохтӣ ва истифодаи васеи кортҳо чораҷӯӣ намояд». Бо чунин шева нигаронӣ намудан аз василаи пулнақдкунӣ будани кортҳо аз ҷониби Пешвои миллат далели муҳимияти масъала ва заруру ногузир будани тадбирандешӣ дар ин ҷода маҳсуб мешавад. Зимни суҳбат раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода  тавсеаи фаъолият ҷиҳати фароҳам намудани шароит баҳри истифодаи густурдаи кортҳои пардохтиро аз масъалаҳои меҳварӣ арзёбӣ намуд. Бино ба гуфти ӯ, соли 2017 тавассути низомҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ зиёда аз 84,9 млн. пардохт ба маблағи умумии 681,6 млрд. сомонӣ амалӣ гардид, ки нисбат ба соли 2016  шумораи пардохтҳо 40,0 фоиз ва ҳаҷми пардохтҳо 65,3 фоиз зиёд шуданд.

Дар давоми соли 2017 бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҷумҳурӣ 17,6 млн.  амалиёт ба маблағи умумии 8,3 млрд. сомонӣ гузаронида шудаанд, ки нисбат ба соли 2016-ум 16,7  фоиз зиёд аст. Аз амалиёти зикршуда пардохти ғайринақдии молу хизматрасониҳо 387,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2016 — ум 39 дарсад зиёдтар аст.

- Бо мақсади танзими хизматрасониҳои пардохтӣ, осон ва шаффоф гардонидани амалиёт, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Ҳамон тавре, ки Пешвои миллат таъкид намуданд, «дар ин самт инфрасохтори зарурӣ бояд бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ташаккул дода шавад». Нақшаҳои мо дар робита ба масъала зиёд буда, насби 4000 терминали электронӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҳамон ҷумла аст. Ба ғайр аз ин, яке аз ташкилотҳои қарзии кишвар  ҳавасмандиашро бобати насби 5000 терминал изҳор намуд. Дар сурати бомуваффақият ҷорӣ шудани он  (намуди нави хизматрасонӣ) ин тасмим низ амалӣ хоҳад гашт. Бо дарназардошти муҳимияташ, соли равон масъалаи мазкур дар сархати корҳои ба анҷомрасондаи мо қарор дорад, — мегӯяд раиси Бонки миллӣ.

Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки чанд соли охир истифодаи кортҳои пардохтӣ аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат тавсеа ёфта, раванди дастрасӣ низ ба онҳо хеле сода гардонида шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон аз 1,7 миллион нафар дорандаи корт 1,3 миллион нафарро мизоҷони БДАҶТ «Амонатбонк» ташкил медиҳанд.  Эътироф бояд кард, ки роҳбарияти «Амонатбонк» фаъолиятро дар ин ҷода густариш бахшида, ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳо банкоматҳоро ба истифодаи мизоҷон гузоштанд. Раиси раёсати бонк Руҳулло Ҳакимзода ба андеша бобати он ки қисмати зиёди кортҳои пардохтӣ танҳо рисолати пулнақдкуниро ба ҷой меоранду халос, ҳамфикр аст. Номбурда аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар фарҷоми моҳ назди банкоматҳо, аз ҷумла банкоматҳои «Амонатбонк»  шаҳрвандон навбат истода, маблағ нақд мекунанд. Ҳарчанд ки барои мунтазам гирифтани маблағ имкон фароҳам аст, вале ҳама кӯшиш менамоянд, ки якбора маблағи корти хешро «холӣ» кунанд.

- Ҷойи пӯшида нест, ки ҳоло қисми зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ то чӣ андоза манфиатовар будани истифодаи кортҳои пардохтиро дарк накардаанд. Роҳбарияти «Амонатбонк» ҷиҳати  тавсеаи  истифодаи кортҳои пардохтӣ  амалӣ намудани як силсила ибтикорро ба нақша гирифтааст. Бо ин мақсад, соли ҷорӣ зиёда аз 500 POS-терминали иловагӣ насб мешавад, ки ба густариши муомилоти ғайринақдӣ мусоидат хоҳад кард.Омили таҳрикбахш ҷиҳати истифодаи васеи кортҳои зикршуда баланд бардоштани маърифати иқтисодии аҳолӣ аз тариқи вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад, ки дар ин ҷода низ «Амонатбонк» хеле фаъол аст, — афзуд Р. Ҳакимзода.

Вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода аз бартариҳои истифодаи густурдаи кортҳо дар доираи салоҳият ва ваколатҳои Вазорати молия саҳмгузорӣ намудан баҳри тавсеаи пардохти ғайринақдиро муҳиму саривақтӣ медонад. Номбурда аз таҷрибаи мардуми Япония ёдовар шуда, чанд ҷанбаи мусбати пардохти ғайринақдӣ — воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои молиявӣ (харидории дилхоҳ молу маҳсулот аз марказҳои савдо, интиқоли маблағ, нигоҳдории маблағҳои амонатӣ), аз байн рафтани зарурати бо худ гирифтани маблағи нақд,  ҷалби маблағҳои аз гардиши бонкӣ берунмонда, муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ ва боз ҳам боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро бо далелҳои асоснок бозгӯйӣ намуд.

- Муҳимтар аз ҳама, оммавӣ гардидани пардохти ғайринақдӣ иқтисоди пинҳониро аз байн бурда, ба ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд. Бинобар ин, ҷиҳати пешниҳоди имтиёз ва сабукиҳо ба соҳибкорон дар робита ба насбу истифодаи терминалҳои электронӣ пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол кардем, — гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.

Пайгирии масъала собит намуд, ки ҳавасманд набудани як идда, хоса соҳибкорон ба густариши пардохти ғайринақдӣ ба аз байн рафтани иқтисоди ниҳонӣ рабт дорад. Таассуфовар аст, ки баъзе кормандони мақомоти назоратӣ ба ҷои пешгириву рафъи ин намуди қонуншиканӣ ба «осиёб»- и  соҳибкорон «об мерезанд».

Новобаста аз ин,  суханони масъулин моро эътимод мебахшад, ки тасмим бобати маъмул намудани истифодаи васеи кортҳои пардохтӣ ҷиддӣ буда, ояндаи наздик дар ин самт таҳавулоти ҷиддӣ рӯи кор меояд.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»