Дар мақолаи «Пардохти ғайринақдӣ. Чаро як идда ба тавсеаи он ҳавасманд нестанд?», ки дар рӯзномаи «Садои мардум», №28 (3822), 3 марти соли 2018 ба табъ расидааст, муаллиф дар хусуси пардохти ғайринақдӣ хеле бамаврид изҳори назар кардааст.
Бо мақсади пешбурд ва назорати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №815 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» ва банди 4 моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ гурӯҳи муштараки корӣ таъсис дода шуд.
Он дар муассисаҳои савдою хизматрасоние, ки тибқи қарори мазкур бояд бо терминалҳои электронӣ насб гарданд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Инчунин, ба соҳибкорон нусхаи қарори зикргардида, нусхаи моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯйхати ташкилотҳои қарзие, ки ба барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ машғул мебошанд, пешниҳод шуд.
Солҳои 2017-2018 зиёда аз 2200 муаcсисаи савдою хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ таҳти санҷиш қарор гирифта, ба зиёда аз 2000 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои насби терминалҳои электронӣ огоҳинома дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2017 чор шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ барои саркашӣ намудан аз иҷрои талаботи банди 4 моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Бояд қайд кард, ки баъд аз ба фаъолият шурӯъ кардани Гурӯҳи муштараки корӣ ва гузаронидани санҷишҳо шумораи терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ афзоиш ёфта, интиҳои соли 2018 шумораи онҳо ба 3014 (афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 55 фоиз) адад расид. Якуми майи соли 2019 бошад, ин нишондиҳанда ба 3120 адад (афзоиш нисбат ба соли гузашта 32 фоиз) баробар шуд.
Эътироф бояд кард, ки дар баробари зиёд гардидани теъдоди терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ истифодаи онҳо аз ҷониби соҳибкорон дар сатҳи паст қарор дорад. Тибқи мушоҳидаҳо, соҳибкорон танҳо бо мақсади канора ҷустан аз муҷозоти дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайянгардида терминалҳои электрониро насб намуда истодаанд. Аз сабаби он ки ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ амалиёти молиявии соҳибкоронро шаффоф мегардонад, соҳибкорон барои тавсеаи ин раванд ҳавасманд нестанд ва аз истифодаи терминалҳои электронӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ саркашӣ менамоянд. Тибқи маълумоти аз ташкилотҳои қарзӣ дастрасшуда, теъдоди зиёди терминалҳои электронии насбгардида фаъол нестанд.
Хуб мешуд, ки назорати насби терминалҳои электронӣ ва татбиқи муҷозоти дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайянгардида аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннок мегардид.
Дар навбати худ, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида бо ташкилотҳои қарзӣ мунтазам ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, мушкилоти мавҷударо баррасӣ менамояд. Аз ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати сари вақт таъмин намудани соҳибкорон бо терминалҳои электронӣ ва фаъолияти мунтазами онҳо андешидани чораҳои зарурӣ талаб карда мешавад.
Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ нақшаи насби терминалҳои электрониро дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ муқаррар намудааст ва иҷрои нақша қатъӣ назорат мешавад.
Қобили зикр аст, ки айни замон қариб тамоми вазорату идора, корхонаю муассисаҳои давлатӣ музди маоши кормандонро дар доираи лоиҳаи музди маош бо ташкилотҳои қарзӣ ба суратҳисобҳои кортии кормандон мегузаронанд.
Мутаассифона, бинобар дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани саводнокии молиявии аҳолӣ дорандагони кортҳои пардохтӣ ҳангоми ворид гаштани маблағҳо ба суратҳисобҳои кортӣ фавран онро нақдӣ мегардонанд. Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам ташкилотҳои қарзиро водор менамояд, ки ҷиҳати бештар амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ҳар гуна барномаҳои ҳавасмандгардониро таҳия ва татбиқ намоянд.
Айни замон аз ҷониби як қатор ташкилоти қарзӣ барои мизоҷон барномаҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ, аз қабили кэш-бек ва бонусҳо ҳангоми амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ роҳандозӣ шудааст. Илова бар ин, хизматрасонӣ тавассути бонкдории мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ роҳандозӣ гардидааст, ки мизоҷон метавонанд дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ тавассути 426 адад QR-рамзҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб шудаанд, бо истифода аз ҳамёнҳои электронӣ пардохти молу хизматрасониҳоро амалӣ намоянд.
Ҷ. Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон