Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли ашёи пурқимати саноатӣ – пилла мунтазам афзоиш меёбад. Инак, мавсими имсолаи парвариши кирмак ва ҷамъоварии пилла анҷом ёфт. Хабарнигорамон доир ба бурду бохти соҳаи кирмакпарварӣ дар соли ҷорӣ, бо директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи Тоҷик» Ҷамшед Хоҷаев ҳамсуҳбат шуд.
- Имсол маъракаи парвариши кирмак чӣ тавр гузашт ва натиҷаҳо чӣ гунаанд?
- Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки натиҷаҳо қаноатбахшанд. Кирмакпарварони ҷумҳурӣ, мувофиқи натиҷаҳои пешакӣ, ба нуқтаҳои қабул 932,2 тонна пилла супориданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 62,1 тонна зиёд аст.
Вилояти Хатлон пешсафи маъракаи парвариши кирмак буд. Кирмакпарварони вилоят аз 10383 қуттӣ тухми кирмак 431,8 тонна пилла истеҳсол намуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритуз, Фархор, Бохтар, Қубодиён ва Дӯстӣ иҷрои нақша сари вақт таъмин гардид.
Дар вилояти Суғд 13160 қуттӣ тухми кирмакро парвариш намуда, 400,8 тонна пилла ҷамъоварӣ карданд. Дар вилоят, ғайр аз ноҳияи Деваштич, дигар ноҳияҳо аз уҳдаи иҷрои нақша набаромаданд. Пиллаи ҷамъоварикардаи кирмакпарварони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, 99,6 тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нишондод 80,3 фоизи иҷрои нақша ва нисбат ба порсола 12,4 тонна кам аст.
- Кадом омилҳо боиси пешрафти кор дар маъракаи имсола гардиданд ва барои тараққӣ додани соҳаи кирмакпарварӣ чӣ тадбирҳо андешида мешавад?
- Пеш аз саршавии мавсими кирмакпарварӣ аз тарафи мутахассисони соҳа нашъунамои барги тут дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зери назорати доимӣ қарор дошт ва дар хоҷагиҳо гармхонаҳо пурра барои қабули тухми кирмак омода ва бо маводи зарурӣ таъмин карда шуданд.
Дар ҷумҳурӣ дар 241 гармхона 26383 қуттӣ тухми кирмак мувофиқи иқлим, марҳила ба марҳила тибқи технология хобонида ва дастраси кирмакпарварон гардонида шуд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани мавсими кирмакпарварӣ, омода намудани гармхонаҳо, тақсимоти кирмак, парвариши кирмак мутахассисони ҶСК «Пиллаи Тоҷик» ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардиданд, то ки ёрии амалии худро расонанд.
Соли ҷорӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид, сари вақт таъмин намудани кирмакпарварон бо маблағ ва маводи зарурӣ, бо сармоягузорон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тибқи ин созишнома сармоягузорон маблағи дархостиро сари вақт пешпардохт намуданд.
Пеш аз оғози маъракаи парвариши кирмак ҷамъияти мо бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ» шартномаи ҳамкориро ба муҳлати даҳ сол ба имзо расонд. Тибқи ин шартнома роҳбарони ҳар ду ҷамъият моҳи марти соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафари хизматӣ анҷом доданд. Дар он ҷо созишномаи ҳамкорӣ оид ба рушди соҳа ба имзо расид, ки мувофиқи он тавассути ҶДММ «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ» 10 ҳазор қуттӣ тухми кирмаки хушсифати саноатӣ ба Тоҷикистон ворид гардид. Ҳамзамон, 300 варақ тухми кирмаки элита ворид ва дар минтақаҳои зотпарварии Ҷамъияти саҳомии фаръии «Заводи тухми кирмаки Душанбе» (бо ширкати ду нафар мутахассиси хитойӣ) парвариш карда шуд. Дар натиҷа, 3500 қуттӣ тухми кирмак барои соли 2018 омода гардид. Мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҷараёни тайёр кардани тухми кирмак услуби нави тайёр намудани тухми кирмакро ба мутахассисони тоҷик омӯзониданд. Қайд бояд намуд, ки биноҳои куҳнаю корношоями ҶСФ «Заводи тухми кирмаки Душанбе», ки дар дохили он тайёр намудани тухми кирмак ғайриимкон буд, аз тарафи ҶДММ «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ» таъмир карда шуданд ва мутахассисон тавонистанд, ки имсол дар дохили он бе мушкилӣ фаъолият намоянд.
Мувофиқи созишнома дар назар аст, ки моҳҳои октябр – ноябр аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ниҳолҳои дарахтони тут ворид ва дастраси хоҷагиҳои деҳқонии кирмакпарварӣ гардонида шавад. Ин дарахтон аз тутҳои маҳаллӣ пасттар ва сербарг буда, сифати баланд доранд. Дар ояндаи наздик боғҳои дарахтони тутро зиёд карда, парвариши мутамарказонидаи кирмакро барои гирифтани ду ҳосили пилла ба роҳ мемонем. Ҳамзамон, бо Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ворид намудани дастгоҳҳои муосири хушконидани пилла созишнома баста шудааст.
- Татбиқи «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020» чӣ тавр ҷараён дорад?
- Барнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2011 қабул шуда буд. Мақсад аз қабули барномаи мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои барқарорсозӣ ва рушди кирмакпарварӣ, таъмини соҳа бо тухмии хушсифати ватанӣ, мустаҳкам намудани базаи хӯроки кирмак, афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва дар ин замина таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ мебошад. Тибқи барнома ҳаҷми истеҳсоли пилла ба 3000 тонна, заминаи хӯроки кирмак ба 11 миллиону 490 ҳазор бех тут, майдони тутзор 2812 гектар ва истеҳсоли тухми кирмак ба 60 ҳазор қуттӣ расонида мешавад. Инчунин, коркарди қисми зиёди ашёи хом дар дохили мамлакат ва беҳтар намудани сифати тухмӣ ва пилла пешбинӣ шудааст. Аммо, гуфтан лозим аст, ки аз қабули ин қарор шаш сол сипарӣ шуда бошад ҳам, корҳои назаррасе дар доираи он дида намешаванд. Бинобар ин, мо пешниҳодоти худро барои такмили барномаи зикршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кардем, ки айни ҳол мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ба назари мо зарур аст, ки бо мақсади дастгирии деҳқонону хоҷагиҳои кирмакпарварӣ, афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва бартараф кардани вазъи буҳронии соҳа ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, таҳти №377 «Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии содирот» ҷиҳати хориҷ намудани пиллаи абрешимӣ, ашёи хом ва партовҳои абрешимӣ аз номгӯйи он, тағйирот ворид карда шавад. Тавре таҷрибаи давлатҳои дар ин соҳа пешрафта нишон медиҳанд, имтиёзҳои андозию гумрукӣ ҷиҳати инкишофи соҳаи пиллапарварӣ аҳамияти муҳиму назаррас хоҳанд дошт.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»