9 июли соли равон бо мақсади ба Ватан баргардондани шаҳрвандони мамлакат аз Амороти Муттаҳидаи Араб дар хатсайри Душанбе — Дубай — Душанбе парвози махсус анҷом дода шуд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши парвоз ба Ватанро доштанд, барои сабти ном ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА муроҷиат намуданд. Ҳамчунин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафар ба Амороти Муттаҳидаи Арабро доштанд, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи вуруд (раводиди корӣ, ҷавоби мусбати барномаи электронии Permit ва ID-корти Emirates), инчунин, маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19, ки на бештар аз 72 соат пеш аз парвоз дода мешавад, имкон ёфтанд, ки аз Душанбе ба Дубай парвоз намоянд. Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки асноди заруриро барои воридшавӣ ва иҷозаи убури транзитӣ тавассути АМА доштанд, ҳамчунин ба Дубай интиқол дода шуданд.
Ҳамчунин, дирӯз бо мақсади таҳвили шаҳрвандони мамлакат аз ҷумҳуриҳои Беларус ва Украина дар масири Душанбе — Минск — Душанбе парвози махсус (чартерӣ) сурат гирифт. Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки асноди зарурӣ барои воридшавӣ ва иҷозаи убури транзитиро тавассути Ҷумҳурии Беларус доштанд, низ барои парвоз аз Душанбе ба Минск имкон пайдо намуданд. Парвоз аз Душанбе соати 700 ба вақти маҳаллӣ сурат гирифт. Барои парвоз аз Минск ба Душанбе шаҳрвандони хоҳишманди ҷумҳурӣ ҷиҳати бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Беларус ва Украина муроҷиат намуданд.
Хадамоти матбуоти Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»