Сафаралӣ Наҷмудинов,
вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Мо дар ҷараёни таҳавуллоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳалаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварамон қарор дорем.
Сиёсати давлат дар ин марҳала ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад…
Мо бояд сиёсати буҷетро ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими батанзимдарорандаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ амалӣ намоем, мувозинати рушди иқтисодиёт, инчунин устувор нигоҳ доштани нақши буҷетро дар болоравии иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъмин намоем.», — омадааст дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Паёми Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари таҳлили ҳаматарафаи вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ ва муайян намудани роҳҳои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт, барномаи стратегӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯзҳо тамоми аҳли заҳмати ҷумҳуриамон, аз ҷумла кормандони мақомоти молия, аз ин ҳуҷҷати барномавӣ рӯҳу илҳом гирифта, онро дастури кору фаъолият қарор додаанд.
Дар Паём тамоми самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар, роҳҳои рушди молияи давлатӣ ва иқтисодиёт, беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии мардуми ватанамон мушаххас нишон дода шудааст.
Дар Паём махсусан дар назди мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои муҳим ва мушаххас оид ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар ва пешбурди минбаъдаи сиёсати андозу буҷет ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими танзимкунандаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, инчунин устувор нигоҳ доштани нақши буҷет дар болоравии иқтисодиёт ва дар ин робита зиёд намудани музди меҳнат, нафақа ва стипендия, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар гузошта шудааст.
«Мо дар ҷараёни таҳавуллоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳалаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварамон қарор дорем.
Сиёсати давлат дар ин марҳала ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад…
Мо бояд сиёсати буҷетро ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими батанзимдарорандаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ амалӣ намоем, мувозинати рушди иқтисодиёт, инчунин устувор нигоҳ доштани нақши буҷетро дар болоравии иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъмин намоем.»
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 апрели соли 2013)
Бинобар ин, барои амалӣ намудани ин мақсад Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки барои татбиқи он зиёда аз 18,0 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, барои маблағгузории стратегияи мазкур аз буҷети давлатӣ низ зиёда аз 12,0 млрд.сомонӣ равона карда мешавад ва маблағи он дар маҷмуъ 30,0 млрд.сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи амалӣ гардидани хуҷҷати барномавии мазкур рушди молия ва иқтисодиёти мамлакат, идоракунии самаранок ва татбиқи афзалиятҳои кишвар таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ хеле баланд бардошта мешавад. Ин имкон медиҳад, ки мушкилоти воқеии тавозуни макроиқтисодӣ ва буҷет ҳал гардида, дар ин робита мақсади асосии сиёсати буҷет оид ба баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт амалӣ гардад.
Аз соли 2007 инҷониб буҷети давлатии миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар се соли оянда таҳия мешавад, ки дар асоси он татбиқи ислоҳоти молиявӣ дар соҳаи сиёсати андозу буҷети ҷумҳурӣ давом дода, амалӣ намудани Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва ҳамасола зиёд намудани хароҷоти буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ амалӣ мегардад.
Пайваста ба афзоиши ҳаҷми буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ зиёд шуда, соли ҷорӣ он зиёда аз нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад, ки барои рушди илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон бо роҳи зиёд намудани музди меҳнат, нафақа, стипендия ва дастгирии оилаҳои камбизоат, бо назардошти муқаррар намудани ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.
Дар баробари ин, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон зикр намуданд, ки дар ҷумҳурӣ бунёдкориву созандагӣ идома меёбад. Бинобар ин, ҳаҷми маблағгузории сармоягузории дохилӣ танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз 231,0 млн.сомонии соли 2006, ба 2,3 млрд. сомонӣ дар соли 2013 расонида шуд, ки афзоиши он зиёда аз 10 маротибаро ташкил мекунад.
Дар ҳафт соли охир ба бунёдкорӣ ва созандагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ диққати махсус дода, зиёда аз 1000 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳри Хоруғ ва як қатор ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Данғара, Нуробод, Рашт, Тоҷикиобод, Тавилдара ва дигарҳо дар доираи 10,0 млрд. сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин дар Паём зикр гардидааст, ки сиёсати андоз дар ояндаи миёнамуҳлат бояд дар баробари таъмини пурраи даромад ва уҳдадории буҷет, фазои мусоидро барои таҷдиди иқтисодиёт, рушди сармоягузорӣ ҷиҳати таъсиси истеҳсолоти нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат муҳайё намояд ва ин дар навбати худ ба ғанӣ гардонидани буҷет мусоидат хоҳад намуд.
Дар доираи татбиқи ин чорабиниҳо дар назди мақомоти молия вазифа гузошта шудааст, ки давоми панҷ соли оянда нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта, афзоиши реалии Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ, бо назардошти тағйирёбии вазъияти иқтисодию молиявии давлатӣ ва рушди минбаъдаи он на камтар аз 7-9 фоиз, зиёдшавии вазни миёнаи қиёсии даромадҳои ҷории буҷети давлатӣ нисбати ММД 0,2 то 0,5 фоиз ҳамасола зиёд карда шавад.
Мутаносибан вазни қиёсии хароҷоти ҷории буҷети давлатиро мо бояд нисбат ба Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ то соли 2020 ба 24 — 25 фоиз расонем.
Яке аз рукнҳои асосии сиёсати Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ва аҳамият ба соҳаҳои иҷтимоиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маоши кормандони соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ аст. Аз ин рӯ, дар соли ҷорӣ зиёда аз 6,4 млрд. сомонӣ ё 50 фоизи ҳаҷми умумии буҷет ба ин соҳаҳо равона шуда, ба соҳаҳои маориф – 1261,0 млн. сомонӣ, тандурустӣ – зиёда аз 900,0 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 2170,0 млн. сомонӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва солимгардонӣ – 439,0 млн. сомонӣ, илм – 71,4 млн. сомонӣ рост меояд.
Ба пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ солҳои минбаъда низ дар буҷети давлатӣ афзалият дода мешавад ва хароҷоти он то соли 2020-ум аз 12 ба 16 фоизи ММД расонида мешавад ва дар ин доира музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетиро 2,5 баробар зиёд намуда, андозаи он дар Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ ба 7,5-8,0 фоиз баробар карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати молия, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шудааст, ки оид ба марҳалаи аввали зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ аз 1 сентябри соли ҷорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба ғайр аз ин, кӯмакпулиҳои гуногун аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои ҳифзи иҷтимоии ятимон, бепарасторон, маъюбон, эҳтиёҷмандон ва дигар қишри аҳолии ниёзманд, аз ҷумла ҷубронпулӣ ба мактаббачагон аз оилаҳои камбизоат, ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқу газ ба оилаҳои камбизоат, ҷубронпулӣ барои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамчунин оилаҳои бесаробонмондаи онҳо, иштирокчиёну маъюбони баратарафкунии садамаи Неругоҳи атомии Чернобил ва дигар намуди кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ дар маҷмуъ ба маблағи зиёда аз 170,0 млн.сомонӣ равона карда мешавад.
Дар Паём ҳамчунин дар хусуси барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, ҷалби маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ барои рушди соҳаи иқтисодиёт, дастгирии буҷет ва системаи бонкӣ, дарҷ гардидааст.
Ҳамон тавре Ҷаноби Олӣ дар Паёмашон зикр намуданд, бозори молиявии дохилии кишвар ба талаботи имрӯзаи иқтисодиёт ҷавобгӯ намебошад, фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ, муассисаҳои қарзии хурд, фондҳои суғуртавӣ ва нафақа, биржаи фондӣ, бозори коғазҳои қиматнок дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки фаъолияти пурсамари ин ташкилотҳо метавонад ҳамчун яке аз фишангҳои асосӣ барои ҷалби сармоягузорӣ ва рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодиёт мусоидат намояд. Бинобар ин, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти бозори молиявӣ бояд механизмҳои муосири натиҷабахш истифода бурда шаванд.
Дар баробари ин, барои дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ Фонди махсуси дастгирии соҳибкорӣ таъсис шудааст, ки ба ин мақсад аз буҷети давлатӣ зиёда аз 33,0 млн.сомонӣ равона мешавад ва дар солҳои оянда маблағҳое, ки ба ин мақсад ҷудо карда мешаванд, тавассути фонди мазкур равона мегарданд.
Дар Паём ҳамчунин дар хусуси таҳким бахшидан ба ислоҳоти соҳаи андозу буҷет, пулию қарзӣ, фаъолияти иқтисодии беруна, идоракунии қарзҳои хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инкишофи соҳибкории хурду миёна, соҳибкории инфиродӣ, равнақ додани корхонаҳои хурду миёна, таҷдиди фаъолияти бонкӣ ва ғайра зикр гардидаанд, ки метавонанд дастури фаъолияти рӯзмарраи кормандони соҳаи молияю иқтисод бошанд.
Болоравии сатҳи иқтисодии кишвар, беҳбудии қисми даромади буҷети давлатӣ, равнақи бунёди корхонаҳои хурду миёна, рушди соҳибкории инфиродӣ моро ба ояндаи нек умедвор месозад. Ин ҷунбиши мусбати иқтисодӣ ба беҳбудии зиндагии мардуми диёр, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, бунёди иншооти бузурги стратегӣ ва билохира баромадан ба шоҳроҳи тараққиёт ва сабқат кардан бо кишварҳои мутараққии Осиёи Марказӣ мусоидат менамоянд.
Тавре аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, фақат бо роҳи эҷодкорона ва оқилона амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва дигаргунсозиҳои сохторӣ, истифода аз таҷрибаҳои пешқадами мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон, муносибати оқилона бо сармоягузориҳои хориҷӣ, истифодаи дурусти техника ва технологияи ҳозиразамон дар фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ метавонанд кишвари моро ба роҳи умеду орзуҳо ба қуллаҳои боз ҳам баланди тараққиёт раҳнамун созад.
Боиси ифтихор аст, ки Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бо ғурури баланди миллӣ, ҳисси бузурги ифтихори ватандорӣ ва мардумдӯстии худ машҳур гаштааст. Танҳо ҳамин гуна ғуруру ифтихор доштан, бо меҳнати садоқатмандона саҳм гузоштани ҳар як соҳибватан дар пешрафт ва гул — гулшукуфии мамлакати азиз метавонад моро ба субҳи босафои саодат ва ояндаи дурахшон бирасонад.
Бинобар ин, Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон бори дигар таъкид намуданд, ки мо бояд манфиатҳои милливу давлатиамонро аз тамоми манфиатҳои дигар болотару афзал дониста, таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллиамонро чун неъмати бебаҳо ҳифз намоем. Соҳибихтиёрии Ватани азизамон, сулҳу суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори молиявӣ ва иқтисодии давлатамонро ҳамчун вазифаи асосӣ ва ҷонии худ донем.