Мавриди зикр аст, ки дар сиёсати роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар пеш гирифтани як қатор иқдоми созанда, аз қабили боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби ҳар чӣ бештари занону духтарон ба кору таҳсил, шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам овардан барои фаъолияти густурда ва бемонеаи ҷавонон, Соли ҷавонон эълон доштани соли 2017 кафолати ҳалли бисёре аз масъалаҳои мушкили ҷомеа шуда метавонад.
Аз мазмуну муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ки дар муҳлати кӯтоҳ бояд як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳимро ҳаллу фасл намоем, ки яке аз онҳо ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ба шумор меравад. Ногуфта намонад, ки дар замони тағйирёбии иқлими сайёра, зиёноварии бархе аз шаклҳои истеҳсоли неруи барқ, болоравии босуръати нархи намудҳои маъмули сӯзишворӣ, таваҷҷуҳ ба неруи барқи аз об истеҳсолшавандаро бамаротиб зиёд намудааст. Хушбахтона, тавре ки дар Паём омадааст, бо ин мақсад ҳоло дар ҷумҳурӣ 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ дар ҳоли татбиқшавӣ қарор дорад.
Ба ҳамин монанд, дигар масъалаҳое, ки дар Паём зикр гардидаанд, дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» ба пешрафти бемайлони иқтисоди кишвар, болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, ҳолати солимии ҷомеа, коҳиши камбизоатӣ, бекорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҳоказо нигаронида шудаанд. Рӯшантар карда гӯем, то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохтори идоракунии давлат, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт аз самтҳои асосии фаъолият муайян гардидааст, ки тибқи он бояд дар 5 соли оянда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 35 фоиз ва зиёдшавии ҳаҷми содироту молу маҳсулоти ватанӣ таъмин ва на кам аз 100 ҳазор ҷойи кории нав ташкил карда шавад. То соли 2030 фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар шуда, саҳми сармояи хусусӣ дар ММД 5 фоиз бояд баланд бардошта шавад.
Аз соҳаҳои дигари муҳими хоҷагии халқи мамлакат, ки аз пешрафти он рушди соҳаҳои дигар вобаста аст, маориф ва илм, инчунин, тандурустӣ ба шумор мераванд, ки дар Паём ба онҳо диққати ҷиддӣ дода шудааст. Дуруст қайд гардидааст, ки бе маорифу илми пешрафта азхудкунии донишҳои замонавӣ, таҷҳизоту техникаи ҳозиразамон, тарбияи фардҳои солим ояндаи кишварро тасаввур кардан нашояд. Тибқи нақша баробари дигар тадбирҳо дар соҳаи маориф ва илми кишвар то соли 2019 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ бояд ҳалли худро ёбад, зеро бе ҳалли масъалаи мазкур, тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯйи талаботи замони техникаю технологияи пешрафта ва аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатию кишоварзӣ табдил додани Тоҷикистон пешравиеро чашмдор шудан ғайриимкон аст.
Вобаста ба вазъи корҳо дар соҳаи тандурустӣ низ, мутаассифона, камбудиҳои зиёде ироа гардиданд, ки бидуни аз байн бардоштани онҳо беҳбуд бахшидани соҳа амрест маҳол. Бо вуҷуди он ки дар 15 соли охир барои баланд бардоштани маданияти хизматрасонии кормандони соҳа бо мақсади беҳбудии вазъи сиҳатии аҳолӣ маблағгузориҳо зиёд шудаанд, ҳанӯз ҳам он дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳоло ҳам сатҳ ва сифати тайёр кардани мутахассисон ҷавобгӯйи талабот нест ва бадтар аз ин 90 дарсади дорувориҳо аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, ки сифати хуб надоранд. Аз ҳамин ҷост, ки пардохти кумакпулии иҷтимоӣ соли 2016 ба 40 шаҳру ноҳияи кишвар сурат гирифт.
Барои таъмини рушди босуботи кишвар дар навбати аввал аз байн бардоштани садду монеаҳои ҷиддие, ки ҳар рӯз бо онҳо рӯ ба рӯ мегардем, зарур аст, чунки пешрафтро бо суханони хушку холӣ таъмин намудан мумкин нест. Аз оғози соли 2017-ум 50 фоиз кам кардани пардохти гумрукӣ аз нақлиёти истеҳсолашон нави ба ҷумҳурӣ воридшаванда аз ҷумлаи тадбирҳои судманд дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Аз омӯзиши амиқи Паём хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки роҳбарияти Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ислоҳоти ҷиддиеро дар соли нав дар заминаи як қатор барномаҳо пеш гирифтаанд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва баҳогузорӣ аз вазъи кунунии буҳронии ҷомеа сарчашма мегирад. Дар давраи ниҳоят мураккаби ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди сиёсию иқтисодӣ мамлакате бурд мекунад, ки ба ҳолати воқеӣ баҳои дуруст дода, иқдомҳои ҳадафмандонаро роҳандозӣ менамояд. Махсусан, андешидани чораҳои пешгирӣ аз исрофкорӣ, мақсаднок сарф кардани маблағҳои дар ихтиёрдошта, аз тасарруф эмин доштани ҳар як ваҷаб замини обӣ ва баҳрабардории пурсамар аз онҳо, рушди соҳибкорӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои эҷоду ихтироъкорӣ, навовариҳо, коҳиш додани бекорӣ, воридоти маҳсулоти пастсифат аз хориҷи кишвар ва дар як вақт баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолот аз омилҳоеанд, ки раҳоӣ аз вазъи ногувори буҳрониро дар мамлакат осонтар месозанд.
Абдукарим АЛАМШОЕВ, донишҷӯйи соли чоруми Академияи гумруки Федератсияи Россия