Имрӯзҳо таҳлилу баррасӣ ва омӯзиши Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сокинони кишвар идома дорад. Дар робита ба ин, 24 январи соли ҷорӣ дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд.
- Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили тамоми паҳлуи ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифта, моҳиятан роҳнамоест барои ҳар як сокини мамлакат. — Бегуфтугӯ, иҷрои дастуру супоришҳое, ки зимни ироаи Паём баён гардид, ба рушди ҳама соҳа, некуаҳволии мардум ва боз ҳам ободу шукуфо гардидани мамлакат мусоидат мекунад. Бинобар ин, бояд баҳри татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат содиқона ва бо дарки масъулият фаъолият намоем, — гуфт сардори сарраёсати зикршуда Зебо Ҷӯрабойзода.
Сипас, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Мӯминова баъзе аз нуктаҳои Паёмро муфассал шарҳ дода, аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат роҷеъ ба рушди иқтисод, ҳадафҳои стратегӣ, бахусус эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар, ёдовар шуд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»,
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ