Пешгирии қочоқи маводи доруворӣ дар Суғд

№ 01.05.2024

20 марти соли 2024, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс Спринтер», аломати қайди давлатиаш 28-84 МК/02, таҳти идораи ронанда, шаҳрванд Мубинҷон Бурҳонов дар ҳудуди маҳаллаи 19 шаҳри Хуҷанд боздошт гардид.

Зимни азназаргузаронӣ аз бордони
воситаи нақлиёти боздоштгардида маводи дорувории гуногунтамғаи
истеҳсоли Федератсияи Россия  ба миқдори 1326 адад қуттиҳои гуногунҳаҷм бо номгӯи «Кларитромитсин CP» 500 мг-198 қуттӣ, бо вазни 374,3 кг, «Каптоприл 50 мг»-192, бо вазни 277,92 кг, «Каптоприл 25 мг»- 413, бо вазни 1040 кг, «Протозидим» (цефтазидим) 1.0 гр-45, бо вазни 233,1кг, «Метформин» 850 мг-38 адад, бо вазни 204,44 кг, «Ципрофлоксацин» 100 мл-440 қуттӣ, бо вазни 580,8 кг дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки маводи доруворӣ ба шаҳрванд Манучеҳр Зокиров тааллуқ дошта, оиди барасмияти гумрукӣ даровардан ягон ҳуҷҷати расмӣ, аз ҷумла декларатсияи бори гумрукӣ ва сертификати мутобиқати сифатро надошта, мехост пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ маводи болозикрро аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи қочоқ ворид намояд.

Гарчанде дорувориҳо ба талаботи меъёрҳои стандарти ҷавобгӯй бошанд ҳам, вале дорои сертификати мутобиқати сифат надоштанд. Арзиши умумии дорувориҳои боздоштгардида аз 654 089 то 732 422 сомониро ташкил медиҳад.

Дар асоси маводи аз ҷониби шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҷамъовардашуда 29 марти соли 2024 нисбат ба шаҳрванд Манучеҳр Зокиров ва шариконаш бо аломатҳои моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шудааст.

Дар ин хусус аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»