Пешниҳоди беш аз 10 ҳазор ҷойи кор

№100 (3737) 22.08.2017

DSC_031115 августи соли ҷорӣ Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Сирки пойтахт дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ доир карданд. Дар он аз ҷониби 1500 корхонаву ташкилот ва муассиса беш аз 10000 ҷойи кор пешниҳод шуд,  ки 3 ҳазору 200 ҷойи он ба соҳаи маориф тааллуқ дошт.

- Дар ярмаркаҳое, ки дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигар доир кардем, ба 881 нафар барои ҷойи кор, 408 нафар барои омӯзиши касбу ҳунар, 199 нафар барои машварати касбӣ ва ба 80 нафар барои татқиқоти сотсиологӣ роҳхат додем. Ҳамчунин, 260 нафарро ба Маркази  машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирати меҳнатӣ, ки дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, равон кардем, — гуфт ба хабарнигорамон сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Агентӣ Сафаралӣ Ҳакимов.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир Н. Алиев