Дар асри ХХI ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб мегардад, зеро табиат на танҳо сарчашмаи асосии зиндагии инсон, балки манбаи дониш, маълумотгирӣ ва маҳорату малака мебошад.
Дар ин миён масъалаи об, истифодаи оқилонаи он, инчунин, нигаҳдорию захираҳои оби тоза яке аз масъалаҳои муҳим дониста шудааст. Об, ки сарвати бебаҳои табиат аст, агар исрофкорона истифода гардад, инсоният ва муҳити зист ба бисёр мушкилӣ мувоҷеҳ мегардад. Зимни конфронси Дублин, ки соли 1992 таҳти унвони «Об ва мувозинати экологӣ» баргузор шуд, оид ба масъалаи тоза нигоҳ доштани об дар қарни XXI қайд шудааст: «Об дорои арзиши иқтисодӣ мебошад ва новобаста аз истифодаи мухталиф, онро бояд ҳамчун мол эътироф кард».
Тибқи маълумотҳо, 3 миллиард нафар аҳолии сайёра аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Ҳар сол дар ҷаҳон ба сабаби истеъмоли оби ифлос 5 миллион нафар ҳалок гашта, беш аз 3 миллион нафар ба бемориҳои мухталиф гирифтор мешаванд.
Маълум аст, ки бештари кураи заминро об фаро гирифтааст, вале 94 фоизи он шӯр буда, наметавонанд мавриди истеъмоли инсон қарор гиранд. Танҳо 6 фоизи обҳои замин ширин буда, аз он 4,3 фоизаш обҳои зеризаминӣ ва боқимонда оби дарё ва пиряхҳо аст.
Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015 дар Форуми VII ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуд. 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028»-ро қабул намуд. Зарур аст, ки ин масъала дар мадди назари хурду бузург бошад. Бояд ин масъаларо тавре ташвиқ намоем, то дарк намоянд, ки ҳар як фарди сайёраи замин ба ҳифз кардани ин неъмати бебаҳо масъул аст. Мо бояд хуб донем, ки обу ҳавои тоза, хуррамии гулгашту чаманҳо, сарсабзиву шукуфоии макони ҳар яки мо, қабл аз ҳама, ба мавҷудияти об марбут аст.
Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди оби тоза — 974 дарё, 14509 адад пирях, 1300 кӯл, 187км3 обҳои зеризаминӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтанд, ки «Арзиши об на камтар аз арзиши нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаҳои энергия мебошад».
Дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар 50 сол захираи пиряхҳои Помир ду маротиба кам гаштаанд. Сабаби он баланд шудани консентрати атмосфера аст. Яке аз рӯзноманигорони Япония нигоштааст, ки «Тоҷикистон дорои захираи бойи оби нӯшокӣ мебошад ва Сарвари он ғами халқи ташналаби дунёро мехӯрад».
Муҳофизат ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаби замон ба шумор меравад.
Беэътиноӣ ва рафтори хунукназаронаи инсон ба табиати атроф буд, ки бисёр дарёҳо ифлос шуда, соҳилҳояшон аз партов пур гаштааст. Манбаи ҳосилшавии ин партов обҳои коркарди саноатӣ, ки дар таркибашон хлорид, рангҳои гуногун, кислота, оҳан, хром, рӯҳ, қӯрғошим, никел, моддаҳои фаъоли сунъӣ, толуол ва нитратҳо доранд, мебошад.
Тарбияи экологӣ яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Ин масъалаҳоро бояд ба насли имрӯза, махсусан ба мактабиён, омӯзонем ва талқин намоем, ки ба табиат муносибати дилсӯзона намоянд.
Вобаста ба харобшавии муҳити зист дар ҷараёни таълими фанҳои ҷуғрофия, биология, химия, физика, таълими меҳнат ба ин ҷиҳати масъала эътибор додан зарур мебошад.
Шарифхон Бояҳмадов,
омӯзгори факултети омӯзгории ДДК