Миёни он ҳама шоҳон, сарварон ва ҳокимон, ки дар давраҳои гуногун ҳукумат кардаанд, теъдоди шахсиятҳое, ки нақш дар таърихи рушди ҷомеаи башарӣ гузоштаанд, зиёд нестанд. Агар ба гузашта назар афканем, ин ҳақиқати бебаҳсро ба мушоҳида мегирем. Дар ин маврид аз давлатмардони маъруфи аҳди қадим ва садаҳои миёна, мисли Куруши Кабир ва Дориюши Кабир аз хонадони ориёии Ҳахоманишӣ, Меҳрдоди Кабир аз силсилаи ориёии Ашконӣ, Хусрави Анушервон аз сулолаи наҷиби Сосонӣ, Лайси Саффорӣ аз хонадони ориёитабори Саффорӣ ва Исмоили Сомонӣ аз хонадони некноми ориёиасли Сомонӣ, ки шахсияти ҳар яке мунҳасир ба фард буда, дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва сарнавиштсоз инони давлатдориро ба даст гирифта, шароите барои шукуфтанҳои кишвар ва болиданҳои мардум муҳайё карда, сарбаландона аз имтиҳони таърих гузаштаанд, ёдовар шуда, эътимоди комил ҳосил менамоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хислату рафтору кирдори неки давлатмардони мазкурро дар кору кирдор ва шахсият муҷассам сохтанд ва тавонистанд дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ давлату миллатро аз парокандашавию нобудӣ раҳоӣ бахшанд ва Ваҳдати миллиро дар ҷомеа таъмин намоянд.
Миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём ба як ваҳдати комил ниёз дошт ва дар асрҳои миёна маҳз ҳамин эҳсос буд, ки имконияти раҳоӣ аз тобеияти хилофат, дарёфти мустақилияти комил, ташаккули халқияту давлатро дар замони Сомониён фароҳам овард. Дар тӯли таърихи баъдина моро аз имкони ваҳдатсозӣ истилои беамони аҷнабиён, ивазшавии силсиласулолаҳои онҳо маҳдуд сохта буданд ва қариб ҳазор сол халқи тоҷик фақат заҳри тобеият чашида, ягона тасаллои дил тарғиби ғояҳои ваҳдатро фақат дар назми оламгир тараннум мекард ва роҳи ягонаи халосиро дар ваҳдати вуҷуд медид.
Вале гардиши таърих чун подоши ҳама ранҷу хорӣ моро ба эҳёи навини давлатдорӣ расонд. Табиист, ки нигаҳдошти ин атои тақдир, дастоварде, ки қарнҳо гузаштагон дар орзуяш буданд, бе ваҳдати комил имкон надошт. Роҳ ба сӯи он ниҳоят фоҷиабору шадид сурат гирифт ва танҳо Пешвои муаззами миллат бо раҳбариву раҳнамоии хирадмандона, кору кирдори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги дохилӣ мубталошударо аз вартаи фалокатбор берун кашиданд ва бо меҳнату заҳмати пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан, истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазир Ваҳдати комили миллиро барқарор ва истиқлолияти воқеиро таъмин намуданд.
Гузаштан ба давраи осоишта имкон дод, ки кӯшишу ғайрати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани зарари ҷанги шаҳрвандӣ, ба низоми муайян даровардани сохтори идоракунии маъмурӣ, тақвият бахшидани хоҷагии халқ ва ғайра равона гардад. Ба Пешвои миллат лозим омад масоили мубрами иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили роҳсозӣ, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзӣ, дастгирии қишрҳои камбизоати мардум, ба ҷойҳои зист баргардондани муҳоҷирон, тайёр намудани ҷойҳои корӣ, истифодаи оқилонаи сармоягузории хориҷӣ, истиқлолияти энергетикӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани иқтидори илмию фарҳангӣ ва боз садҳо кору ташвиши дигарро, ки танҳо номбар кардани онҳо даҳҳо саҳфаро пур хоҳад кард, ҳаллу фасл намоянд. Фазои сулҳу оромӣ имкон дод, ки масоили иқтисодию иҷтимоӣ батадриҷ роҳи ҳал ёбанд ва барои рушди босуръати онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардум неруву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузургро пур аз шодиву фараҳ гардонид.
Мусаллам аст, ки ин рӯйдоди нодири таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандон ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон Ватани ободу зебо мерос гузорад.
Марҳалаи начандон тӯлонии таърихӣ собит сохт, ки тоҷикон, дар ҳақиқат, миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъӣ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бунёд намоянд.
Дар робита ба ин, уҳдадор ҳастем, ки дастоварди бузурги таърихӣ — ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, онро эҳтирому эҳтиёт кунем, ояндабину дурандеш бошем, парчами ваҳдатро баланд бардошта, ба Ватан содиқу вафодор бошем ва сарзамини аҷдодиро чун модари азиз дӯст дорем.
Таҳлилҳои таърихӣ, илмӣ ва муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки метавон роҳи дар даврони истиқлолият тайкарда, инчунин ваҳдати миллиро, ки дар натиҷаи заҳматҳои сангин, ҷонфидоиву ҷавонмардии Пешвои муаззами миллат ба даст омад, ҳамчун бозёфти нодири халқ муаррифӣ намоем. Зеро таҷрибаи ваҳдати миллии тоҷикон дар доираҳои илмӣ ва сиёсии дохиливу байналмилалӣ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор дорад.
Аз ин лиҳоз, дар шароити кунунӣ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо муаррифӣ намоем. Чунин таҳаввули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиртару устувортар мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ дар ҷомеа ҳар чӣ бештар густариш пайдо намояд.
Саҳифаҳои рангин ва пурифтихори хислатҳои неки Яъқуби Лайси Саффорӣ ва Исмоили Сомониро бемуҳобот дар рафтор ва амалҳои шоистаи Эмомалӣ Раҳмон, мисли эҳтиром ба забони модарӣ ва дар мақоми баланди давлатӣ гузоштани он, арҷгузорӣ ба бузургони илму адабу таърихи миллат, эҳёи суннату анъанаҳои фаромӯшшуда, мисли таҷлили ҷашнҳои миллии тоҷикон: Сада, Наврӯз ва Меҳргон, дастгирӣ ва густариши ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра мебинем.
Ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки таърих дар ҷои холӣ пайдо намешавад ва онро шахсиятҳои бузург якҷо бо миллатҳои бузург меофаранд. Ҳар кас, агар аз он мерос мебарад, бақои имрӯз ва фардои миллат ва давлатро дар ҳама айём таъмин мекунад. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо меросбарӣ аз ин ганҷи нодир тавонистанд хислатҳои давлатдорӣ ва давлатмардии бузургмардони миллатро, ки номашонро зикр кардем, дар кору кирдор таҷассум созанд, нақши калидӣ дар эъмори давлати навини тоҷикон бозанд ва чун Пешвои муаззам пазируфта шаванд.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро, ки натиҷаи заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ пос ва гиромӣ дорад.
Фарҳод РАҲИМӢ, академик, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон