Таъмини амнияти озуқаворӣ

Пистазор дар Пистамазор

№147 (3293) 09.12.2014

Оё пистаи Тоҷикистон хушлаззат аст?

 Сокинони имрӯзаи деҳаи Пистамазор, воқеъ дар ҳудуди деҳоти «Баҳор»-и шаҳри Ваҳдат ёд надоранд, ки дар деҳаи онҳо писта рӯйида бошад. Инак, ин деҳа ба номаш мувофиқ шуд. Дар ин ҷо дар ду гектар замини хоҷагии деҳқонии «Соҳиб» ниҳоли писта шинонида шуд, ки хуб нашъунамо дорад. Ин кор бо иқдоми ходими калони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал»-и Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шариф Шарипов ва сардори хоҷагии деҳқонии номбурда Соҳиб Бобохонов анҷом дода шуд. Хабарнигорамон аз Ш. Шарипов хоҳиш намуд, ки андешаҳои хешро оид ба рушди пистапарварӣ мухтасар баён кунад.

-Дар хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон даҳсолаҳои охир тарзи аз тухмӣ кишт намудани писта васеъ  ба роҳ монда шудааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ зиёда аз 78 ҳазор гектар пистазорҳо мавҷуд аст, ки аз он  35 ҳазор гектар дар шакли боғ (плантатсия ) ва 43 ҳазор гектар дар шакли ҷангал бунёд шудааст. Асосан дар кишвари мо пистазорҳо бо мақсади васеъ кардани ҷангалзор, нигоҳдории обу хок ва ҷамъоварии ҳосил  бунёд меёбанд. Мутаассифона, алҳол  маҳсулнокии онҳо на он қадар баланд аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар вақти кишт ва бунёди боғҳо ба интихоби тухмии босифат аз навъу шаклҳои ояндадор аҳамият дода нашудааст. Барои маҳсулнокии пистазорҳоро баланд бардоштан корҳои селексиониро дар бунёди боғҳои писта дуруст ба роҳ монда, аз тухмиҳои босифати донакалони дарахтони навъу шаклҳои пурарзиши ба маҳал мувофиқ бояд истифода барем.

Корҳои илмӣ –тадқиқотӣ ва мушоҳидаҳои чандинсолаи олимону мутахассисони кишвар дар интихоби навъ ва шаклҳои пистаҳои маҳаллӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки навъи пистаҳои мо  аз ҷиҳати сифатнокӣ аз навъи пистаҳои дар шакли боғ парваришшавандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Сурия, ИМА камӣ надоранд. Гарчанде пистаҳои эронӣ ҳаҷман калон бошанд ҳам, лекин аз ҷиҳати лаззат ва равғаннокӣ пистаҳои кишвари мо беҳтар аст.

Дар вақти интихоби навъу шаклҳо асосан ба арзишнокии он диққат додан лозим аст, ки донакалон, кушодашавиаш на камтар аз 75 фоиз, ҳосилнокии баланди муътадил, равғаннокиаш зиёда аз 55 фоиз, ба касалию ҳашарот ва ба гармиҳои хушк (афғонӣ) тобовар бошад. Интихоби дурусти шаклу навъҳои пурарзиши писта барои бунёди боғ бо роҳи кишт намудани тухмӣ ва бо роҳи вегетативӣ ба гирифтани ҳосили баланд мусоидат менамояд.

Тибқи «Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» бунёди 3400 гектар пистазорҳо ба нақша гирифта шудааст, ки ин имконият медиҳад ояндаи наздик истеҳсоли пистаи хушсифат ба 300 тонна расонида шавад. Таъмини хоҷагиҳои ҷангал бо маводи тухмии сертификатсияшудаи навъҳои серҳосили ба маҳал мутобиқ яке аз вазифаҳои афзалиятнок дар тараққиёти соҳаи пистапарварӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардуми минтақаҳои пистапарвари Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳалли вазифаҳои мазкур қабули маҷмӯи тадбирҳоеро тақозо мекунад, ки тухмипарварии ибтидоии навъҳои бақайдгирифташударо дар хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Данғара ва Хуросон ба роҳ монем. Айни ҳол дар Пойгоҳи илмӣ-тадқиқотии «1100-солагии Исмоили Сомонӣ», Хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара 70 гектар ва дар Пойгоҳи илмӣ–тадқиқотии «Телевишка»-и Хоҷагии ҷангали Хуросон 40 гектар бунёд гардидааст.

Аз тухму қаламчаи ҳар як навъу шаклҳои пурарзиши ин боғҳо ҳамасола 100 -120 гектар боғҳои нав бунёд кардан мумкин аст. Шароитҳои мусоиди иқлими кишварамон имконият медиҳад, ки талаботи дохилӣ бо навъу шаклҳои тухмии пурарзиши писта таъмин ва тухмӣ барои фурӯш берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ низ бароварда шавад. Тухми навъҳои пистаҳои серҳосили мо дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ талаботи зиёд дорад.

Дар истеҳсолот васеъ ба роҳ мондани парвариши навъу шаклҳои ояндадори писта имкон медиҳад, ки дар солҳои наздик  ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба 8 – 10 сентнерӣ расонида шавад. Дар натиҷаи мушоҳидаю тадқиқотҳои илмии солҳои тӯлонӣ гузаронидаи ходимони илмии мо 15 навъу шаклҳои пурарзиши писта ба мақсади бунёди боғҳои писта дар ҷануби Тоҷикистон тавсия дода шудааст. Олимони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал»-и Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаанд бо кормандони хоҷагиҳои ҷангал, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар хоҳишмандон, ки ба парвариши писта таваҷҷуҳ доранд, ҳамкориҳои самарабахшро ба роҳ монанд,- гуфт дар фарҷом Шариф Шарипов.

Таҳияи Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»