Пластик дар таркиби хуни инсон

№131 (4551) 26.10.2022

пластикҲоло дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ баъзе кӯдакону бонувон ва пиронсолонро дучор омадан мумкин аст, ки зарфҳои плас­тикии нӯшокиҳо, халтачаҳои селофанӣ ва партовҳои дигари плас­тикиро ҷамъ меоранд. Дар аксар минтақаҳо нуқтаҳои қабули ин гуна партовҳо амал менамоянд, ки кори хуб аст.

Моҳи марти соли 2022 бори нахуст 200 кишвари олам ба мувофиқа расиданд, ки то соли 2024 дар ҳама ин кишварҳо қоидаҳои ҳатмии истеҳсол, истифода ва нобудсозии маҳсулоти пластикӣ ҷорӣ карда шавад. Бунёди ҷаҳонии табиати ваҳшӣ (WWF) ин иқдомро ба хушӣ пазируфта, онро ҳамчун иқдоми таърихӣ арзёбӣ намуд, зеро кайҳост пластик ба мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфта, хатари он барои сайёра рӯз то рӯз меафзояд. Тибқи маълумоти WWF, истеҳсоли пластик нисбат ба давраи баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон беш аз 200 маротиба бештар гардида, ҳоло партовҳои пластикиро қариб дар ҳама ҷо — қаъри баҳру уқёнусҳо, қуллаҳои кӯҳҳои осмонбӯс, меъдаи ҷонварон ва ҳатто таркиби хуни инсон низ пайдо кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин, истеҳсоли пластик дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст. Ҷиҳати коҳиш додани ҳаҷми истеҳсол ва пешгирии хатарҳои он солҳост, ки дар бархе аз мамолики олам, хусусан дар кишварҳои Аврупо ва ИМА, тадбирҳои зиёд роҳандозӣ гардиданд. Айни ҳол, даҳҳо лоиҳае мавҷуд аст, ки дар ин самт амалӣ карда мешаванд, вале ҳанӯз бобати камшавии истеҳсол ва истифодаи пластик сухан гуфтан душвор аст.

Ҳангоми истифодаи халтачаҳову зарфҳои пластикӣ ба воситаи хӯрок ё об моддаи бисфенол ба организми одам ворид мешавад, ки масунияти бадан, системаҳои репродуктивӣ ва эндокринии инсонро суст мегардонад. Яъне, организми инсон метавонад аз бисёр бемориҳо осебпазир ва ҳатто инсон бенасл гардад.

Бояд эътироф кард, ки на ҳама навъи пластик ба ин ҳад зарарнок аст. Полипропилен навъи пластикест, ки зарари он нисбат ба навъҳои дигар камтар аст. Бинобар ин, аз чунин ­навъи пластик зарфҳои ҷурғоту қаймоқ, контейнерҳои маҳсулот, зарфҳои истифодаашон яккарата, сатилҳо ва гулдонҳо тайёр менамоянд. Он нисбатан нарм ва чандир буда, такроран низ истифода намудан мумкин аст. Бо вуҷуди ин, полипропиленро комилан безарар номидан мумкин нест.

Хатари асосии маҳсулоти плас­тикӣ дар он аст, ки партовҳои онҳо сол то сол зиёд мегарданд. Ҳар сол дар ҷаҳон тахминан 300 миллион тонна пластик ба партов табдил меёбад, ки ин рақам ба вазни тамоми одамони рӯи замин баробар аст. Аз ин ҳаҷм камтар аз 20 фоиз коркард ва истифода шуда, 25 фоиз сӯзонда ва беш аз нисфи партовҳо ба партовгоҳҳо, дашту саҳро ва дарёву баҳрҳо партофта мешаванд. Бо мурури замон партовҳо ба заррачаҳои хурди аз 5 микрометр то 5 миллиметр тақсим шуда, ба воситаи об ва ҳаво паҳн мегарданду ба саломатии ҳама гуна мавҷудоти зинда зарар мерасонанд. Маҳсулоти заҳрноки пластикҳо ҳатто сабаби марги рус­таниҳо низ мегарданд. Барои инсон ин заҳрҳо боиси пайдо шудани чандин бемориҳо шудаанд.

Аксар мутахассисон бар онанд, ки лоақал ҷиҳати кам кардани истифодаи пластик бояд тадбирҳо андешида шаванд. Барои ин истифодаи халтаҳои полиэтилениро бояд коҳиш дод, аз истифодаи зарф­ҳои пластикӣ даст кашида, ҳатто обро дар чунин зарфҳо нигоҳ доштан лозим нест. Пешниҳоди дигари мутахассисон, иваз намудани пластик бо биопластик, яъне халтаву зарфҳои аз маҳсулоти табиӣ, мисли найшакар ва шоҳдона истеҳсолшуда аст, вале аксар кишварҳои олам чунин имкониятро надоранд ва истеҳсоли шаҳдонаву найшакар на чандонест, ки талаботи ҷаҳониро ба биопластик қонеъ намояд.

Бинобар ин, Ҷумҳурии Халқии Хитой соли 2018 тибқи лоиҳаи «Шамшери миллӣ» воридоти пластмассаро аз ИМА ва мамолики Аврупо пурра манъ кард. Чунин тадбир ҳаҷми маҳсулоти пластикиро дар ин кишвари бузург ба таври чашм­рас коҳиш дод.

Дар мамолики дигар қариб нуҳ усули коркарди партовҳои пластикиро пеш гирифтаанд, ки мутаассифона, ҳанӯз ба талаботи муосир пурра ҷавобгӯ будан наметавонанд. Усули одӣ ва паҳншудатарин ресайклинги механикӣ номида шуда, барои он қаблан партовҳо аз рӯи навъҳо, дараҷаи ифлосшавӣ ва ҳолаташон ҷудо карда мешаванд. Пасон пластик реза, шуста, хушк карда ва гудохта мешавад.

Дар бисёр минтақаҳои кишвари мо партовҳои плас­тикӣ ҷамъоварӣ гардида, теъдоди нуқтаҳои қабул ва корхонаҳое, ки бо коркарди ин партовҳо ва истеҳсоли маҳсулоти гуногун аз онҳо машғуланд, меафзояд. Аммо айни ҳол дар мамлакат баъд аз коркард аз партовҳо асосан зарфҳо ва майда-чӯйдаҳои пластикӣ истеҳсол мекунанд.

Бинобар ин, ҳанӯз партовгоҳҳо, ҷӯйбору дарё ва канори роҳҳои нақлиёт аз партовҳои пластикӣ пуранд ва қисми асосии онҳоро пораҳои халтаҳои бофтаи орду маҳсулоти дигар, халтачаҳо, шикас­тапораҳо ва ҷузъҳои хурди маҳсулоти пластикӣ ташкил медиҳанд, ки ҷамъовариашон душвор аст. Хатарноктарин пластик риштаҳои пластикии халтаҳо, зарфҳои истифодаашон яккарата ва халтачаҳои тунуканд, ки аз таъсири боду борону офтоб ба гарду чанг табдил ёфта, ба организми инсон ва обу маҳсулоти хӯрокворӣ роҳ меёбанд. Муҳаққиқони WWF муайян кардаанд, ки ҳар инсон аз ин ҳисоб дар тӯли умри хеш то 20 кило пластик истеъмол менамояд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»