Чанде пеш пойгоҳи обкашӣ, ки дар соҳили рӯди Оби Кабуд сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин иншооти барои кишоварзон муҳим бо маблағҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт сохта шуд.
Раиси Ҷамоати деҳоти «Ҳоит» Мансур Мирзоев иброз дошт, ки тавассути пойгоҳ на танҳо 50 гектар замини бекорхобида шодоб мегардад, балки сокинони деҳа низ аз он истифода хоҳанд бурд. Деҳоти «Ҳоит» соҳиби замини зиёди ҳосилхез аст, аммо аз сабаби норасоии оби полезӣ истифодаи онҳо ғайриимкон гаштааст. Мавзеи Дашти Маҳмадҷон аз ҳамин қабил аст, ки беш аз 200 гектар замини ҳамвор дорад. Умед аст, ки дар ояндаи наздик кишоварзони ҳоитӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия майдони кишти картошкаро аз ҳисоби обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида васеъ менамоянд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»