Чанде пеш пойгоҳи обкашӣ , ки дар соҳили рӯди Оби Кабуд сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин иншооти барои кишоварзон муҳим бо маблағҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт сохта шудааст.
Раиси Ҷамоати деҳоти «Ҳоит» Мансур Мирзоев иброз дошт, ки тавассути ин пойгоҳи обкашӣ на танҳо 50 гектар замини бекорхобида шодоб мегардад, балки сокинони деҳа аз он истифода хоҳанд бурд. Деҳоти «Ҳоит» соҳиби заминҳои зиёди ҳосилхез аст, аммо аз сабаби норасоии оби полезӣ истифодаи заминҳо ғайриимкон гаштааст. Мавзеи Дашти Маҳмадҷон аз ҳамин қабил аст, ки беш аз 200 гектар заминҳои дашту ҳамвор дорад. Умед аст, ки дар ояндаи наздик кишоварзони ҳоитӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия майдони кишти картошкаро аз ҳисоби обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида васеъ менамоянд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»