«Пойкӯбӣ дар як ҷой ё чаро пахтакор ғалбери холиро аз об мебардорад»

№61 (4481) 21.05.2022

Вокуниш ба мақолаи Абдухолиқ Мирзозода «Пойкӯбӣ дар як ҷой ё чаро пахтакор ғалбери холиро аз об мебардорад», аз 26 январи соли 2022, №13 (4433)

Дар мақола муаллиф баъзе паҳлуҳои соҳаи пахтапарварӣ, аз қабили аҳамият ва рушди он дар давраи шӯравӣ, аз байн рафтани ҳавасмандӣ, кам шудани масоҳати кишт, истеҳсол, ҳосилнокӣ, бисёрнавъӣ, норасоии оби полезӣ, болоравии нархи нуриҳои маъданӣ, сӯзишворӣ, механизми қабули пахта, нигоҳдорӣ ва коркарди онро бо номзади илмҳои кишоварзӣ, корманди масъу­ли Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров ба миён гузошта, вобаста ба дарёфти роҳу усулҳои рушди минбаъдаи соҳа пешниҳод намудааст. Пахтакорӣ соҳае мебошад, ки маҳсулоти он чандин маротиба коркард шуда, арзиши иловашудаю ҷойҳои нави кор фароҳам оварда, манбаи даромади буҷети давлат мегардад.

Дар даврони шӯравӣ тақсимоти байниҷумҳуриявии истеҳсолот амал мекард ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ пурра ба истеҳсоли пахта махсус гардонида шуда, ба истеҳсоли ғаллаю лӯбиё­гиҳо, картошкаю сабзавот, гӯшту шир, биринҷу равған ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия муносибат то андозае дуюмдараҷа буд.

Ислоҳотгарон муътақид буданд, ки гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ мушкилоти мавҷударо ҳал менамояд, аммо шоҳиди он ҳастем, ки айни замон аксар қонуниятҳои иқтисодӣ аз ҷониби абарқудратон риоя нагардида, бозор танзимгари ҳаҷму нархи маҳсулот нагашта истодааст. Бар замми ин, тағйирёбии иқлим, ҷангҳои санксионӣ байни кишварҳои абарқудрат боиси ташвиш аст.

Вобаста ба ин, аксар мамлакатҳо кӯшиш намуда истодаанд, то дар навбати аввал аҳолиро бо маҳсулоти ниёзи аввалия, тибқи меъёрҳои физиологӣ, таъмин намоянд.

Агар соли 2020 истеҳсоли пахта 48,3 фоизи соли 1990-ро ташкил дода бошад истеҳсоли зироатҳои ғалладона ва лӯбиёӣ 5,3 маротиба, картошка — 9,6, сабзавот — 7,7, полезиҳо — 13,7, гӯшт — 2,0, шир — 1,7 ва тухм 2,2 маротиба зиёд гашт. Барои истеҳсоли чунин миқдори маҳсулот замин, об, нурию заҳрдору, иқтидорҳои молиявию меҳнатӣ ва дигар захираҳо лозиманд, ки пештар ин ҳама ба пахтакорӣ нигаронида мешуд.

Барои ба маротиб зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввалия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонуну қарорҳо, стратегияву барномаҳои соҳавии зиёд қабул намуд. Ин ҳуҷҷатҳои ҳаётан муҳими соҳавӣ барои ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ ва рушди бемайлони соҳа асос шуданд. Ҳаминро бояд дарк намуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафи стратегӣ ба шумор рафта, таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад.

Бояд зикр намуд, ки ҳодисаҳои январии соли 2022-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба нархи орд якбора таъсир расонид. Ин ҳодиса як ҳафта давом кард. Агар ин аланга оташ мегирифту хомӯш карданаш тӯл мекашид, вазъи бозори орду ғалла чӣ мешуд? Бо пахта шиками мардумро сер карда мешавад?

Барои ҳамин Пешвои миллат тайи чанд соли охир оид ба захираи дусолаи маҳсулоти хӯрокаи зудвайроннашаванда таъкид менамоянд. Ба рушди зерсоҳаҳои гуногуни кишоварзӣ мароқи бевосита зоҳир намуда, баҳри рушди онҳо сабукиҳои андозию гумрукиро имзо намуданд. Сармояю грантҳои озодмондаро ҳатман ба ин самт равона месозанд.

Оид ба заминҳои корами обёришаванда бояд қайд намуд, ки мувофиқи қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди боғ дар ин гуна заминҳо манъ гаштааст. Барои бунёди манзили зист ҷудо кардани замини корами обёришаванда низ беасос нест. Дар маркази шаҳру ноҳияҳо дар як хонавода то 5 оила зиндагӣ намуда, дар баъзе маврид боиси низои байниоилавӣ гашта истодааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин ҳаводис чашм пӯшида наметавонад ва барои ҳалли мушкилӣ лозим меояд, ки дар атрофи шаҳракҳо ва деҳаҳои калон барои бунёди хонаи истиқоматӣ замин ҷудо намояд. Ин заминҳо аслан обёришаванда мебошанд ва бояд ҳаминро қайд намуд, ки агар ба як оила 6 сотих замин ҷудо гардад, дар як сотихаш хона бунёд намуда, дар қисми дигараш маҳсулот истеҳсол менамояд ва саҳми хонаводаҳо дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ тадриҷан назаррас мегардад.

Бо ин ҳама гуфтаҳо соҳаи пахтакориро аз мадди назар дур гузоштанӣ нестем. Барои рушди ин зерсоҳаи ҳаётан муҳим қариб 40 дарсади заминҳои беҳтарини корами обёришаванда ҳар сол ҷудо мегарданд.

Айни замон бо баландравии нархи нурию сӯзишворӣ ба қадри лозимӣ хоҷагидорон талаботи пахтаро бо нурию заҳрдоруҳо таъмин карда наметавонанд, ки сабаби асосии паст будани ҳосилнокӣ гаштааст. Ин раванд ба мо вобастагӣ надорад. Медонем, ки тайи 4-5 моҳи охир нархи газ дар бозори ҷаҳонӣ қариб 10 маротиба баланд гашт. Корхонаҳои истеҳсоли нурӣ бо истифодаи газ кор мекунанд ва бо ин сабаб чандин корхона дар мамлакатҳои тараққикардаи Аврупо аз фаъолият бозмонданд ва эҳтимоли боз ҳам баланд гаштани нархи нуриҳои минералӣ дар назар аст. (Мо аз Аврупо нурӣ харидорӣ намекунем — ку). Эҳтимол Россия, ӯзбекистон ва Туркманис­тон, албатта, маҳсулотро ба Аврупо содир месозанд ва дар бозори мо камчинии он сабаби баландшавии нарх мегардад.

Бар замми ин, шаклҳои хоҷагидории хурду миёна низ садди роҳи истифодаи раванд­ҳои инноватсионӣ дар соҳа гаштаанд. Шакли ташкилии хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи пахта, коркардкунандаи он ва инфрасохтори ёрирасони соҳа ба кластеркунонӣ ниёз дорад. Дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи ташаккулёбӣ ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» аз 28 октябри соли 2020 қабул гардидааст, ки дар асоси татбиқи амалии он соҳаи кишоварзӣ, албатта, рушди бемайлон меёбад.

Ҷалил ПИРИЗОДА,

 академики АИКТ