Замони соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳаёту фаъолияти занон таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Акнун бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Давлату Ҳукумат бонувон дар пешрафти ҳама соҳа саҳми фаъолона доранд.
Созмони байналмилалии тандурустӣ муайян намудааст, ки айни ҳол занон назар ба кишварҳои аврупоӣ бештар дар кишварҳои Осиёву Африқо ва Америкаи Лотинӣ бо мушкилоти иҷтимоӣ мувоҷеҳанд. Дар ин кишварҳо 16 миллион духтар ба синни 17-18 нарасида, маҷбуран ба шавҳар дода мешаванд. Дар кишвари Нигерияи қораи Африқо 95 дарсади духтарони 15 -19 — сола фарзанддор мебошанд.
Алҳол беш аз 59 дарсади қурбониёни қочоқи инсонро занон ва 17 дарсади дигарро духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд. Аз рӯи маълумоти омории Созмони Милали Муттаҳид, занону духтарон дар Нигерия, Либия, Ироқ, Сурия, Судон, Сомалӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Миянмар ва ғайра зери шиканҷа қарор доранд.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Франсия, Испания занон бештар ба хушунати ҷисмонӣ ва озори ҷинсӣ мувоҷеҳанд.
Коршиносон қораи Африқоро минтақаи ғаму ғусса меноманд. Тибқи хулосаи ЮНИСЭФ, бештари хушунати хонаводагӣ ва таҷовузи занон дар кишварҳои африқоӣ сурат мегиранд. Ҳоло 60-70 фоизи духтарон дар кишварҳои африқоӣ таҳсили ибтидоиро ба поён нарасонда, аз мактаб дар канор мемонанд.
Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ занон зиндагии душвор доранд. Тавре аз рӯи таҳлилҳои созмони байналмилалии ЮНИСЭФ бармеояд, хайманишинӣ ва набудани имконият барои таълим ҳазорон духтару зани афғонро то марзи бесаводӣ кашонидааст. Дар натиҷаи задухӯрдҳо ҳазорон муаллим ба қатл расонда, солҳои охир зиёда аз 700 мактаб баста шудааст.
Дар ҷангҳои Сурия 450 ҳазор нафар ҷон аз даст додаанд, ки шумораи зиёди онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Тибқи омори расмӣ, 38 дарсади ҳалокшудагони ҷангҳои Ироқу Сурия модарон ва духтарони ноболиғ мебошанд.
Шоёни зикр ва арзандаи арҷгузорӣ аст, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алҳол модарону бонувони кишвар хушу хурсандона ба сар мебаранд. Онҳо узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, омӯзгор, муҳандис, вакили парлумон, раиси ноҳия, дипломат, ҳунарпеша, нависанда ва тарбиятгари фарзанд мебошад, ки натиҷаи файзи истиқлолу озодӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар аст.
Муҳимтар аз ҳама, дар тамоми вазорату идора ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ яке аз муовинони роҳбар аз ҳисоби занҳо таъин мешавад. Илова бар ин, бо мақсади рушди соҳаи соҳибкории занон бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат грантҳои президентӣ таъсис шудааст, ки ибтикори бесобиқа маҳсуб мегардад.
Дар ҷавоби ин ғамхориҳо занонро мебояд беш аз пеш дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат саҳмгузор бошанд, зеро посухи ғамхорӣ масъулиятшиносӣ ва ташаббускорист.
Муҳаммад зокир, «Садои мардум»