Раҳгумзадаҳо ислоҳ мешаванд

№96 (4358) 24.07.2021

Бо ҳукми тақдир писарам ба ҷиноят  даст заду зиндонӣ шуд. Тавре ки мегӯянд:

Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ,

Бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ.

Писари ман ҳамнишасти дег шуду якумра сиёҳ гашт. Ду фарзандашро тарбия намудам. Онҳо мактабро бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ хатм намуда, ҳоло дар яке аз донишгоҳҳои Федератсияи Россия таҳсил доранд.

Муддате ки писарам дар муассисаи ЯТ 9/7 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар адои ҷазо намуда истодааст, ҳар вақте ба дидорбиниаш  равам, ӯ аз реҷаи корӣ ва муносибати кормандони муассисаи ислоҳӣ изҳори қаноатмандӣ мекунад. Мушоҳида кардам, ки маъмурияти муассиса низ шабонарӯзӣ дар адои иҷрои вазифаашон содиқона хизмат мекунанд. Ба  беморон сари вақт ёрии тиббӣ расонида мешавад. Ба хешу табори маҳкумшудагон, ки ба дидорбинии пайвандонашон меоянд, муносибати хуб доранд. Ба ин хотир дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдориамро ба муовини вазир — сардори Сарраёсат, генерал — лейтенант Мансурҷон Умаров, сардори муассисаи ЯТ 9/7 Ғолибшоҳ Каримов ва кормандони муассисаи ислоҳотӣ мерасонам.

Раҷаб ДАВЛАТЗОДА, 

нафақахӯр, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон