Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ чӣ гуна офарида шуд?
Пас аз соли 1997, ки ваҳдати миллат таъмин шуд, Ҳукумати Тоҷикистон ба созандагӣ даст зад. Дар доираи имконоти ҳамонвақта амалисозии лоиҳаҳои аз ҷиҳати иҷтимоиву иқтисодӣ муҳим оғоз шуд. Дар баробари ин, таҳкими истиқлолияти давлативу ваҳдати миллӣ чун зарурати аввалиндараҷа дар мадди назари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Бояд иқдомҳое амалӣ мешуданд, ки бозгӯкунандаи таъриху фарҳанги бузурги давлатдории тоҷикон дар давраҳои гуногун бошанд, омили сарҷамъкунандаи миллат. Яке аз аввалин иқдомҳо эълони бузургдошти 1100-солагии давлатдории Сомониён буд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 — уми апрели соли 1997 таҳти №693 «Дар бораи таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён» баромад. Дар заминаи он, 9 — уми июни соли 1997 таҳти № 275 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни давлати Сомониён» ба тасвиб расид. Қарори мазкур тартиби ташкили Кумитаи тадорукот оид ба гузаронидани ҷашни давлати Сомониёнро муайян намуд.
19-уми сентябри соли 1997 Кумитаи тадорукот оид ба омода кардани шаҳри Душанбе ба баргузории ҷашн қарор қабул кард. 20 — уми ноябри ҳамон сол таҳти №231 Қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи омодагӣ ва гузаронидани ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён» ба тасвиб расид. Мувофиқи банди 11 қарори мазкур, бахшида ба 1100 — солагии давлати Сомониён барои офаридани беҳтарин лоиҳаи намунавии монумент бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз 20 — уми ноябри соли 1997 то 30-юми январи соли 1998 озмун эълон гардид. Банди 12 қарори мазкур макони ҷойгиркунии муҷассамаи Исмоили Сомониро майдони марказии шаҳри Душанбе, рӯ ба рӯи бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кард.
Барои асари ғолиб 5 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ муайян гардид. Бо назардошти он ки дар озмун иштироки мутахассиони хориҷӣ низ маҳдуд набуд, онро байналмилалӣ арзёбӣ кардаанд. Ба ҳайати ҳакамони озмун дар баробари 20 сиёсатмадору меъмор, рассому олим, шоир ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеаи кишвар, ҳамчунин намояндаҳо аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон шомил буданд.
Баъд аз пешниҳод шудани лоиҳаҳо онҳоро дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод ба намоиш гузоштанд, то дар баробари мутахассисон, шаҳрвандон низ интихоб карда тавонанд. Пас анҷоми намоиш дар ҷаласае, ки аз 25 аъзои ҳайати ҳакамон 18 нафар ширкат доштанд, 14 нафар ба ҷонибдории лоиҳаи эскизӣ таҳти рамзи «55555» овоз медиҳанд. Маълум гардид, ки муаллифи асари ғолиб меъмори шинохта Баҳоваддин Зуҳуриддинов будааст. Пас аз ин, пуррагардонии лоиҳа ва муайян намудани симои Исмоили Сомонӣ шурӯъ мегардад. Дар натиҷаи баҳсу мунозира симои Исмоили Сомонӣ, ки аз ҷониби Баҳоваддин Зуҳуриддинов тасвир гардидааст, маъқул шуд.
Ҳангоми офаридани симои Исмоили Сомонӣ муаллиф аз маълумоти таърихӣ, китоби вазири дарбори Сомониён Ҷайҳонӣ «Ашкол — ул — олам», ки аввали асри X, дар замони ҳукмронии Насри II ибни Аҳмад навишта шудааст, истифода кардааст.
Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 12 метр аз фулузоти биринҷӣ ва арки бузург, ки бо ҳафт қабати сталактитҳо мустаҳкам гардидааст, сохта шудааст. Дар болои арк, дар зери нурҳои дурахшони офтоб тоҷ ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон дар пояи куракшакл медурахшад. Диаметри тоҷ 4,5 метр мебошад. Муаллиф ҳангоми таҳияи лоиҳа ба хотири мувофиқат кардани андозаи арк ба майдон баландии онро аз сатҳи майдон 35 метр муайян намуд.
Дар он минбари рамзии Президенти кишвар мавҷуд аст, ки ҳангоми таҷлили ҷашнҳо, роҳпаймоиҳои ботантана, намоишҳо ва парадҳо иштирок мекунад. Дар ҳар ду тарафи минбари зикршуда барои аъзои Ҳукумат ва меҳмонони баландмақоми хориҷӣ ҷой муайян шудааст.
Яке аз унсурҳои дигар симои ду шери хобида дар минбари пасти ду тарафи тахти суфа мебошад. Онҳо рамзи сулҳу суботу осоиш, рамзи ҳокимият мебошанд.
Дар зери муҷассама осорхона эъмор шуда, нусхаи мақбараи Исмоили Сомонӣ сохта шудааст. Дар қисмати қафои муҷассама харитаи давлати Сомониён акс ёфтааст.
Монумент бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ моҳи сентябри соли 1999 дар Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва 1100-солагии давлати Сомониён ба истифода дода шуд. Он рамзи соҳибдавлатии тоҷикон буда, меҳмонони баландмақоми кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони давлатҳо, ҳангоми сафар ба кишвари мо дар пояи он чун нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги оламшумул ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гул мегузоранд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»