Пешниҳод

Рамзи фаровонии об дар нишони давлатӣ мунъакис гардад

№69 (3863) 05.06.2018

_K3A7799Тоҷикистон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ қадамҳои устувор мегузорад. Дар тӯли ҳазорсолаи ташаккул ва такомули ҳувияти миллӣ халқи тоҷик шебу фарози бисёр ва санҷишу имтиҳоноти сангинро пушти сар карда, дар таъриху тамаддуни башарӣ нақши бебаҳо гузоштааст.

Ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта  Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлол аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд. Мардум ҳанӯз шаҳди истиқлол ва давлатдории миллиро начашида, аҳамияти ин неъмату атои бебаҳои Худовандро эҳсос накарда, вориди муноқишаҳои хунину нангини дохилӣ шуд. Дар он айёми вазнину пурмасъулият рисолати таърихии ниёгонро абармарди боору номус ва идомадиҳандаи оини шуҳратманди аҷдодӣ — Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон бо барқарор кардани сулҳу созиш ва сарҷамъ намудани мардум, бовариро ба фардои дурахшон равшан сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали мустақилият узви бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид (СММ) гардид. Конститутсия ва дигар муқаддасоти миллӣ – Нишони давлатӣ, Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ қабул гардиданд.

Гузашти анқариб се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ собит намуда истодааст, ки рушду пешрафти иқтисодии кишвар имрӯзу фардо ба бунёди неругоҳҳои обии барқӣ ва интиқоли неруи барқ ба кишварҳои наздику дур пайвастагӣ дорад. Имрӯз тамоми шароиту имконияти истифодаи сарватҳои табиӣ фароҳам омадааст. 93 дарсади ҷумҳурӣ кӯҳсор буда, тарҳи релеф, мавҷудияти кӯҳҳои баланду барфпӯш ва пиряхҳои азим Тоҷикистонро дар саргаҳи тавлиди рӯду дарёҳои зулолу мусаффо қарор додааст. Шумораи зиёди мамолики оламро метавон ном бурд, ки маҳз бо такя ба мавқеи географӣ ва истифода аз мавҷудияти сарватҳои табиӣ ва имконоти истифодаи онҳо рушду нумӯъ кардаанд. Масалан, мамлакатҳои араб бо истифода аз нефту газ хеле пеш рафтанд. Дар Арабистони Саудӣ як фоиз нефти истихроҷшуда барои талаботи дохилии мамлакат истифода шуда, 99 фоиз он содирот карда мешавад. Тоҷикистон ҳам бо истифода аз захираҳои обии неругоҳҳои барқии мавҷуда ва бунёду таҷҳизонидани неругоҳҳои хурду бузург метавонад кишвари аз лиҳози иқтисодӣ рушдёфта гардад.

Агар ба таърихи бунёди неругоҳҳои барқи обӣ назар кунем, сохтмони онҳо  дар Тоҷикистон аз солҳои 30-юми асри гузашта ба вуқӯъ пайвастанд. Нахустин иншооти гидроэнергетикӣ бо иқтидори 7,15 мегаватт Неругоҳи барқи обии «Варзоб-1» буд. Сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд», «Шаршара» ва «Марказӣ» дар рӯди Вахш ва як қатор неругоҳҳои хурд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз ёфт. Сохтмони НБО-и «Қайроққум» дар Сирдарё, ки ҳам аҳамияти энергетикӣ ва ҳам ирригатсионӣ дошта, дар ҳаёти иқтисодӣ ва кишоварзии қисмати шимоли ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозад, солҳои 50 — уми асри XX бунёд гардидааст.

Бунёди НБО-и «Норак» бо иқтидори 2700 мегаватт бо сарбанди сесадмет­ра, ки баландтарин дар ҷаҳон буду ҳаст, соли 1979 пурра ба кор даромада, соли 1988 иқтидори он ба 3000 мегаватт расонида шуд. Солҳои 70 -уми асри гузашта омодасозии лоиҳаи бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Бойғозӣ» (бо иқтидори 600 мегаватт, соли 1986 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт) ба нақша гирифта шуд. Аммо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бар асари фазои ноороми кишвар тат­биқи нақшаҳои соҳаи энергетика чун дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа мавқуф гузошта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ, сарфи назар аз ҳолати ноором  истиқлоли энергетикии кишварро яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум муайян намуданд.

Соли 1994 ду агрегати НБО-и «Помир-1» бо иқтидори 14 мегаватт ба кор даромад. 21-уми апрели 2005 сохтмони НБО-и «Сангтӯда — 1» (670 мегаватт) дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия оғоз ёфта, 31-уми июли 2009 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунёди НБО-и  «Сангтӯда — 2» 20 — уми феврали соли 2006 бо дастгирии Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз ёфта, соли 2013 бо иқтидори пурра ба кор шурӯъ карда, ҳар сол имкон дорад як миллиард киловатт соат неруи барқ тавлид намояд.

Татбиқи  амалии кашидани хатти 220-киловолтаи интиқоли неруи барқи «Лолазор – Хатлон», кашидани хатти 500-киловолтаи интиқоли барқи «Ҷануб- Шимол», кашидани хатти 220- киловолтаи интиқоли неруи барқ ба Афғонистон дар муҳлати муайяншуда аз расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин, миёни Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон татбиқи лоиҳаи CASA-1000 дар назар аст, ки сарчашмаҳои сармоягузории он муайян гардидаанд.

Тибқи Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷиқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 270 мегаватт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Солҳои 2009 — 2015 Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷиқистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» барои ҳар чӣ зудтар ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан татбиқ шуда, боиси 5 баробар кам гардидани истифодаи неруи барқ барои рӯшноӣ гардид.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки барои таҷҳизонидан ва азнавсозии техникии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Қайроққум», «Бойғозӣ» ва «Сарбанд» маблағи зиёди дохилию берунӣ сарф гардид, ки имкон медиҳад 30 — 40 соли дигар онҳо фаъолият кунанд.

Бо вуҷуди ин ҳама дастовард, дар соҳаи энергетика рушди босуботу бонизоми ояндаи кишварро бе НБО -и «Роғун» тасаввур кардан номумкин аст. Сохтмони НБО-и «Роғун» ҳанӯз солҳои 80-уми даврони шӯравӣ оғоз гардида, 40 дарсади корҳо ба анҷом расида буд. Оқибатҳои ҳузнангези ҷанги шаҳрвандӣ ва офатҳои табиии солҳои 90-уми қарни пешин боиси боз ҳам валангор гаштани иншоот гардид.

Хушбахтона, баъд аз муроҷиати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми январи соли 2010 ба дарки аҳамияти НБО-и «Роғун» барои имрӯзу фардои Ватан, мардуми шарифи Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати Роҳбари давлат, ки дар ҳақиқат мавзеи бунёди он ба майдони заҳмати созанда мубаддал гаштааст, дар сохтмони неругоҳ саҳм гирифтанд. Зеро анҷоми муваффақонаи НБО-и «Роғун» боиси низоми ҳамешагии кори силсилаи неругоҳҳои барқи обии болои рӯди Вахш хоҳад гардид. Маҳз бо ҳамин хотир Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Роғун» умри «Норак»- ро сад соли дигар дароз мекунад». Ва «Роғун» дар ояндаи наздик маркази нурофарини рушди кишвар ва минтақа хоҳад гашт.

Ҳамакнун, дар мамлакат сохтмони неругоҳҳои хурди обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар мавзеъҳои созгору мувофиқ идома дорад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки имкониятҳои сохтмони неругоҳҳои хурду бузург дар болои дарёҳои Панҷу Зарафшон ва дигар манотиқ зиёд буда, ояндаи наздик амнияти энергетикии кишварро таъмин ва Тоҷикистонро ба кишвари тавлидкунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба оламиён муаррифӣ хоҳад қард. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон имрӯзу фардо на фақат ба ҳайси кишвари ташаббускор ва пешоҳанг дар ҳифзу беҳдошт ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ дониста мешавад, балки ҳамчун кишвари дар ҳифзи муҳити зисти сайёра пешсаф хоҳад гардид. Аз рӯи нишондиҳандаи истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обӣ дар ҷаҳон фақат кишвари Норвегия каме аз мо пеш аст (99,5 фоиз).

Таваҷҷуҳи хонандаи азизро қисман ба  маълумоти оморӣ ба он хотир ҷалб намудем, ки ояндаи дурахшони рушди иқтисоди кишвар соҳаи энергетика буда, он Тоҷикистонро ба кишвари тавлидкунандаю интиқолдиҳандаи неруи барқ табдил хоҳад дод. Дар ин замина Тоҷикистон дар наздиктарин фурсат аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил ва он ҳама мақсаду маром ва ормонҳои мардуми шарифи Тоҷикис­тон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал шуда, Тоҷикистон дар қатори мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон ҷой хоҳад гирифт. Чуноне ки Роҳбари давлат иброз доштанд: «Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз  арзишмандии нефт, газ, ангишт ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергетикӣ барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад».

Дигар самте, ки тайи ду даҳсола моро ба ҷаҳониён шиносонд, ташаббусҳои дақиқи санҷидашудаи илмии марбут ба дастрасӣ ва ҳифзи оби тоза, ки асоси пойдории ҳаётро ташкил медиҳад, аст. Имрӯз яке аз хатарҳои экологие, ки ба инсоният бештар таҳдид мекунад, аз ин неъмати бебаҳо бархӯрдор набудани қисмате аз аҳолии кураи Замин аст.

Вобаста ба рушди истеҳсолот, тараққиёти ҷомеаи инсонӣ, дар баробари бисёре аз мушкилоти экологӣ, мавзӯи ҳифз ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ мавзӯи рақами аввали сайёра арзёбӣ мегардад. Бо ифтихор бояд гуфт, ки ин мушкилоти  муҳими башарият бори аввал аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад. Новобаста аз он ки Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои ширину зулолу мусаффо (сарзамине, ки ба ҳисоби миёна дар баландии 2500-3000 метр ҷойгир аст ва дорои кӯлу чашмаҳо ва пиряхҳои бузурге, ки рӯду дарёҳои мо аз он сарчашма мегиранд) мавқеъ дорад, ба проблемаҳои умумибашарӣ бештар мароқ зоҳир мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сиёсатмадори арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз охирҳои солҳои 90 — уми асри гузашта ба ин мушкилоти сайёра таваҷҷуҳ намуда буданд. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ марбут ба ҳифзу сарфакорона истифода бурдани захираҳои оби тоза аз баланд гардидани нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол дар минтақа ва миқёси олам меафзояд. Ташаббуси беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028, дар баробари иқдомҳои пешин (соли 2003 — эълон гардидани «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 — 2015 эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт»,  соли 2013 эълон гардидани «Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об») аз тарафи ҷомеаи башарӣ дастгирӣ ёфт, ки боз ҳам аз бузургии Роҳбари хирадпеша ва обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.

Дар ин масъала бисёре аз нуктаҳои муҳимро, ки хоси мавзӯи болозикр аст, метавон қайд кард, аммо манзури камина вобаста ба ҳама он далоиле, ки тавонистам  то ҷое пешниҳоди хонандаи нозукбину нуктафаҳм ва дар ҳақиқат содиқ ба ин сарзамини беназир, диёри ҳамешабаҳору биҳиштосо, парвардаи фарзонафарзандоне, ки дар рушду нумӯи илму адаб, фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ нақшгузоранд ва мояи ифтихори насли имрӯзу фардо мебошанд, дигар аст.

Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он дастовардҳое комёб шуданд, ки метавон ба садсолаҳо баробар кард.

Шукрона аз пойдории сулҳу ваҳдати миллате, ки тӯли ҳазорсолаҳо ба ҷаҳониён панду ҳикмат додааст ва ин миллат бо фарзонафарзандон ва чеҳраҳои мондагор чун Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнию Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорад.

Тақозои замон ва рушди ҷомеа моро дар баробари ҳама он муқаддасоте, ки дорем, ҳидоят ба он мекунад, ки бо дарназардошти аҳамияту муҳимоти соҳаи энергетика нақши неругоҳҳои барқи обӣ дар рушди иқтисоди имрӯзу фардои кишвар ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани кишваре, ки пуштибонӣ аз захираҳои обҳои ширину ошомиданӣ дорад, дар заминаи истифодаи оқилона ва самараноки ин ганҷи бебаҳо машҳури оламиён ҳоҳад гашт. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон аз истеҳсолу интиқол ва фурӯши неруи барқ пурра баҳраманд гардида, манбаи ҳақиқии нурофарин дар минтақа ва ҷаҳон шинохта мешавад. Зеро ояндаи рушди босуботи Тоҷикистон аз истеҳсол, интиқол ва фурӯши неруи барқ вобастагии амиқ дорад.

Бо арзу эҳтироми бузург пешниҳод дорам, ки дар Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари ҳама он ифтихорот — пахта, гандум, офтоб, тоҷ, китоб, 7 ситора ва кӯҳ, нишон ё аломате бо тасвири фаввораи об аз дарғоти неругоҳ ё тасвири хатҳои барқи баландшиддат илова карда шавад. Аз нигоҳи аввал бо дидани Нишони давлатӣ миллату халқиятҳои олам фаҳманд, ки дар ҳақиқат, тоҷикон ворису пуштибони ҳақиқии сарватҳои обӣ мебошанд ва истифодаи босамари ин неъмати бебаҳо боиси рушди иқтисоди кишвар гаштааст.

Бигзор Тоҷикистон дар оянда пойдевор ва яке аз бузургтарин кишвари тавлидкунанда ва интиқолдиҳандаи неруи барқ дар минтақа ва ҷаҳон шинохта шавад ва ба ин васила сатҳи зиндагии босаодати мардум боз ҳам баланд гардад. Бигзор фахр ва рамзи асосии иқтисодиёти кишвар саноати электроэнергетика ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон бо манбаҳои нурофаринаш машҳури олам гардад.

Насрулло НОСИРОВ,

Аълочии маорифи

Ҷумҳурии Тоҷикистон