Тоҷикон ҷашни писандида ва дӯстоштаи хеш — Наврӯзро аз даврони куҳан бо ҷалолу шукӯҳи хос дар ҳар як ноҳия, шаҳр ва вилоят баргузор менамоянд. Ҷашни Наврӯз барои мардуми мо рамзи рӯзгори осуда, зиндагии ширин ва пурфайзу баракат мебошад. Бесабаб нест, ки кишоварзон кӯшиш мекарданд дар Наврӯз хушнудӣ намоянд, таронасаройӣ ва рақсу бозӣ намоянд, базми шеър созмон диҳанд, бо зарофатгӯйӣ ва хушгуфторӣ онро истиқбол гиранд. Кишоварзони тоҷик дар таронаҳои хеш заминро васф намудаанд, зеро замин аст, ки ба инсон ризқу рӯзӣ медиҳад. Аз ин ҷост, ки дар ағлаби дубайтиҳои мардумӣ замин, табиат ва кишти зироат мавриди ситоиш ва ифтихормандӣ қарор гирифтааст:
Манам деҳқон, замин кошонаи ман,
Миёни дашту саҳро хонаи ман.
Чароғон мекунам кӯҳу даманро,
Ба ҳар маҳфил бувад афсонаи ман.
Мардум дар таронаҳои баҳоронаи хеш бузургдошти табиат, зебоиву дилрабоии онро васфу тараннум намудаанд. Эҳсосоти қалбӣ ва равонии хешро ба зебоиҳои рӯзгор ва муҳити атроф, ишқу ошиқӣ иброз доштаанд ва муҳаббати беолоишро васф кардаанд:
Баҳор омад, ҷаҳон гашта намудор,
Ки гул омад, гирифта домани хор.
Маро бо зулфаконат баста кардӣ,
Задӣ дар синаам захме сабукбор.
Роҷеъ ба Соли нав байни мардуми тоҷик фолу пешгӯйиҳо ба вуҷуд омадаанд, яъне шугунҳо арзи ҳастӣ карданд, ки одамон онҳоро аз таҷрибаи рӯзгору зиндагӣ ба вуҷуд овардаанд. Масалан, кишоварзони водии Рашт (Қаротегин) дар натиҷаи таҷриба дидаанд, ки агар дар чиллаи зимистон борон борад, баҳор тӯл мекашад ва фарорасии он дер ба вуқӯъ мепайвандад. Нисбат ба ин ҳодисаи табиат мардум захираи хӯроки чорворо бо сарфаву сариштакорӣ масраф мекарданд. Ҳамин таҷрибаи хешро мардум ба қолаби зарбулмасал — «Дар чилла об дидӣ, баҳорро дар хоб дидӣ» даровардаанд. Ё кишоварзон дар асоси таҷриба ба хулоса омадаанд, ки агар дар се рӯзи «Офтоб ба тарозу», яъне баробарии шабу рӯзи баҳорӣ, се рӯзи аввали моҳи Ҳамал ҳаво борад, сол пурфайз меояд.
Замин модархудои деҳқон аст, аз ин сабаб мардуми кишоварз онро мадҳу сано мегӯяд, ба ҳар як гиёҳи он саҷда мегузорад. Кишоварзон дар таронаҳои баҳорӣ, яъне мавсимӣ, табиати диёр, чашмаву ҷӯйбор, дараву кӯҳдоман, ёлаву пушта ва ҳар растаниву гиёҳро азиз дониста, дар васфи онҳо тарона эҷод намудаанд.
Марди кишоварз дар кадом пуштаву дара рустани ин ва ё он гиёҳро хуб медонад. Номи ҳар кадоми он ва ҳатто ба кадом маризӣ даво будани ағлаби онҳоро низ хуб эҳсос менамояд. Ҳангоме ки дар деҳаи Каҳдараи ноҳияи Рашт аз пирамарде номи гиёҳҳои «раҳдавак», «хурикабкак», «пайикабкак» ва «сояиморак»-ро навишта гирифтем, дар кадом ҷой рӯидани онҳоро мушаххас намудем, моро ҳисси ифтихор фаро гирифт. Кас итминон пайдо мекунад, ки ин номҳо воқеан ҳам зебоянд. Номҳои Шӯхобдара, Ҷиндара, Сариҷӯйбор, Ҳавзимеҳмон (бо сабаби он ки дар тобистон оби он хушк мешудааст) ба ҷуз маънои аслиашон боз ривоятҳои аҷиб низ доранд. Тафсири ин қабил ривоятҳоро аз марди деҳқон дида, касе хубтару беҳтар намедонад.
Кишоварзон солеро, ки наркини камол зиёд бошад, соли нек гуфта, фоли нек мегиранд. Онҳо бовар доранд, ки сол бофайзу баракат меояд. Марди деҳқон боронҳои баҳориро фоли нек мегирад. Нашъунамои киштзораш ба он вобаста аст. Агар ҳангоми боридани борон дар кӯлмакҳо ҳубобҳо пайдо шаванд, ин ҳодисаи табиат аз давомнокии борон гувоҳӣ медиҳад. Ё борони рӯзи шанбе низ ба ақидаи мардуми кишоварз давомнок будааст. Инсонҳо онро ба қолаби мақол — «Ҷумъа борад, шанбе бимонад, шанбе биборад, кай монад?» даровардаанд.
Мардуми тоҷик дар муайян намудани Соли нав аз ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ низ истифода мекардаанд. Ҳаракати Хуршед, Моҳу дигар сайёраҳо низ аз доираи биниши онҳо берун намондааст. Масалан, дар деҳаи Каҳдараи ноҳияи Рашт қуллаи «Санги Даврон» шуҳрати хос дорад. Зеро ҳар сол дар айёми Наврӯз нури Офтоб ба он баробар, ки шуд, мардум он рӯзро фарорасии Соли нав-Наврӯз мешуморанд ва ҷашн баргузор менамоянд.
Мардуми Каҳдара роҷеъ ба «Санги Даврон» ривояти аҷибе доранд: Гӯё Даврон ном ҷавони ҳузарби қавипайкаре будааст. Ӯ, ки бефарзанд будааст, хостааст бо кадом роҳе номи худро дар сафҳаи таърих зиндаву ҷовид нигоҳ бидорад. Машаққати зиёде кашида, ба қуллаи кӯҳ харсанги азимеро баровардааст. Дар натиҷаи мушоҳида муайян кардааст, ки чун нури Офтоб ба ҳамин санг расид, шабу рӯзи баҳорӣ баробар мешавад, яъне, рӯзи аввали моҳи Ҳамал ворид шуда, Наврӯз меояд. Ҳоло ҳам ҳар сол мардуми Каҳдара баробари расидани нури Хуршед ба ин санг Наврӯзро таҷлил менамоянд ва таомҳои наврӯзӣ таҳия намуда, Даврони бефарзандро ёд мекунанд.
Аз ин рӯ, ҷанбаи фарҳангии Наврӯз бидуни тардид ба корҳои кишоварзӣ иртиботи ногусастанӣ дорад ва мардуми ориёӣ ин ҷиҳати Соли нав-Наврӯзи хуҷастапайро ба эътибор гирифта, ба он арҷ мегузоранд.
Рӯзии Аҳмад,
Корманди шоистаи Тоҷикистон