Рамзи соҳибистиқлолӣ ва нишоне аз фарҳанги оламгир

№121 (3422) 09.09.2015

Рахимов ШИстиқлолияти давлатӣ бори дигар барои мо имкон фароҳам овард, ки пас аз ҳазор сол давлати миллиамонро ташкил намоем. Агар хуб андеша кунем, маълумамон мегардад, ки аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои тоҷикон давлате танҳо бо ҳудуду марзҳои баҳсӣ, бидуни ягон сохтори барои давлатдорӣ муҳим мерос монд. Тоҷикистон ба маънои аслиаш ҳамчун давлат пас аз Истиқлолият ба даст овардан ташаккул ёфт. Бо ҷидду ҷаҳди роҳбарияти Давлату Ҳукумат аксари сохторҳои давлатдорӣ аз сифр, бе ягон замина таъсис дода шуд. Масалан, Артиши миллии кишвар, ки имрӯз сипари боэътимоди давлат муаррифӣ мешавад,  дар шароити басо буҳронӣ таъсис ёфтааст. Ҳамин гуна рамзҳои давлатдории Тоҷикистон низ замоне зуҳур карданд, ки кишварро мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ фаро гирифта буд. Пули миллӣ, ки яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол аст, бо кӯшишу заҳмати Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба муомилот бароварда шуд. Гузаронидани ислоҳоти пулиро дар Тоҷикистон аксари кулли иқтисоддонҳову коршиносон амали оқилонаву дурандешона маънидод менамоянд.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаи ҷумҳуриҳое, ки ба он шомил буданд,  пули миллии худро ба муомилот бароварданд. Минтақаи ягонаи рубл ва фазои ягонаи иқтисодӣ аз байн рафт. Тоҷикистон дар байни давлатҳои нави мустақил  ягона кишваре боқӣ монд, ки дар қаламрави он то моҳи майи соли 1995 рубли Федератсияи Россия воситаи муомилот буд.

Аз байн рафтани алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, халалдор гардидани ҳисоббаробаркуниҳо бо собиқ ҷумҳуриҳои ИҶШС, қатъ гардидани воридшавии маблағҳои мутамарказ аз буҷети умумииттифоқӣ, якбора боло рафтани нархҳои воридотии захираҳои энергетикӣ ва молҳои истеъмолӣ ва ба замми ин ба гирдоби  ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани Тоҷикистон  иқтисодиёти мамлакатро фалаҷ намуд ва ба хоҷагии халқ миллионҳо доллари ИМА зарар ворид сохт. Илова бар ин, ба қаламрави Тоҷикистон ба миқдори зиёд, тақрибан 65 миллиард рубл пулҳои беарзиши барориши соли 1992, ки дар ҷумҳуриҳои дигар аз муомилот бардошта шуда буданд,  ворид гардида, барои иқтисодиёти кишвар хатари бузург эҷод менамуд. Афзоиши сатҳи таваррум идоранашаванда гардид.

Дар ин давра қарзи дохилии мамлакат аз ҳисоби нарасидани пули нақд барои пардохти маош, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳо меафзуд.

Шашуми майи соли 1995 бо мақсади ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тезонидани дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва бунёди низоми пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз 10-уми майи соли 1995  дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муомилот баровардани пули миллӣ-рубли тоҷикӣ» қарор қабул кард.

Маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо соҳиби пули миллии худ  шуд, ки ин падидаи ниҳоят муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  фарҳангии мамлакат ба шумор  меравад.

Ба муомилот ворид сохтани рубли тоҷикӣ дар соли 1995, вақте  мамлакат дар ҳолати ниҳоят мураккабу  сангини сиёсию иқтисодӣ қарор дошт, иқдоми ҷасурона, дурандешона ва хирадмандонаи Сардори давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон буд.

Ба муомилот баровардани рубли тоҷикӣ то андозае имкон дод, ки вазъи иқтисодӣ муътадил гардад ва барои баровардани нишонаҳои пули нави  миллӣ — сомонӣ омодагӣ гирифта шавад.

Илова бар ин, ба муомилот  баровардани рубли тоҷикӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон имконият дод, ки  қарзи дохилии худро дар назди  шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар бобати пардохти маош, нафақа, идрорпулӣ ва дигар пардохтҳои ба он баробар пардохт намояд ва  Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати мустақилонаи пулию қарзии хешро пеш барад.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, ки худ шоҳиди бевоситаи ислоҳоти пулӣ дар кишвар ва ҷидду ҷаҳди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ба муомилот баровардани пули миллӣ мебошад, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки  пули миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ яке аз воситаҳои муомилот дар дохили ҳар як кишвар мебошад ва давлати  соҳибистиқлол бояд пули миллии худро дошта бошад.

- Вақте ки Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард, албатта, дар раванди ташкили давлатдорӣ буд. Гарчанде мо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мавзеи ягонаи рубли русӣ қарор дошта бошем ҳам, ҳама вақт роҳбарияти давлат бо сарварии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар фикри доштани пули миллии худ буданд,-изҳор дошт номбурда.

Бино ба гуфти мавсуф, 10 майи соли 1995 бори аввал нишонаҳои пули миллӣ бо номи «рубли тоҷикӣ»  ба муомилот бароварда шуда буд, ки дар Федератсияи Россия аз чоп баромада, шумораи ками ҳимояҳои техникӣ дошт. Аз тарафи дигар, бинобар надоштани таҷрибаи пешбурди сиёсати пулӣ, ин пул дар муддати кӯтоҳ қурби худро гум кард. Соли 1995 пули миллӣ бо қурби 1 ба 50, яъне як доллар баробар ба панҷоҳ рубли тоҷикӣ ба муомилот бароварда шуд, вале  дере нагузашта як доллар то ба 1000 рубли тоҷикӣ баробар гардид. Номбурда дар идома  чунин афзуд:

-Баъдан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мо вазифа гузоштанд, ки  бояд нишонаҳои пули миллии худро бо номи тоҷикӣ ва бо инъикоси акси бузургонамон дошта бошем. Ин аст, ки аввали соли 1997 бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ карда, охири ҳамон сол ба созиш расидем, ки ширкати Гизиг ва Девреент нишонаҳои пули миллии моро аз чоп барорад. Аз аввал ба нақша гирифтем, ки пули миллиро бо таносуби як доллари ИМА баробар ба 2,2 сомонӣ ба муомилот барорем. Соли 1999 аллакай нишонаҳои пули миллӣ омода буданд, вале бо сабабҳои гуногун ба муомилот баровардани он то охирҳои соли 2000 –ум тӯл кашид ва ниҳоят  30 октябри соли 2000 ин пулҳо ба муомилот бароварда шуданд.

Мавсуф гуфт, ки хушбахтона, давоми 15 сол сомонӣ дар муомилот  устувор буд ва қурби он  фақат ду маротиба тағйир ёфт, ҳол он ки қурби пули кишварҳое, ки бо мо шарики тиҷоратианд, чандин маротиба поён рафт.

Оид ба ҷобаҷогузории расми бузургони миллат ва иншооти аҳамияти таърихиву фарҳангидошта дар пули миллӣ Шариф Раҳимзода гуфт, ки ин ҳам иқдом ва  супориши худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон буд.

Номбурда дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки  он вақт Муродалӣ Алимардон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва ман муовини якуми раис будам. Мо бо коршиносони олмонӣ тарҳи намуди ҳар як пулро муайян мекардем ва бо Сарвари давлат мувофиқа намуда, дар корхонаҳои Олмон ба чоп медодем.

Мо, тоҷикон, аз зумраи халқҳое мебошем, ки ҳанӯз замонҳои қадим дар ҳудуди давлатҳоямон муомилоти пулӣ сурат мегирифт.  Тавре аз маълумотҳо бармеояд, пайдоиши муомилоти пулӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон аз давраҳои қадим ибтидо мегирад.

Тангаҳои қадимтарине, ки дар қаламрави имрӯзаи  Тоҷикистон пайдо гардидаанд, дорикҳои тиллоии ҳахоманишӣ  (асрҳои VI — V то мелод) мебошанд, ки дар бозёфти машҳури «Хазинаи Амударё» пайдо шудаанд.

Ҳамин тавр, муомилоти пулӣ дар  аҳди давлатдории Искандари Мақдунӣ, Селевкиён, Кӯшониён  ва Юнонӣ-Бохтарӣ рушд карда, дар давраи мавҷудияти давлати мутамаркази тоҷикон-Сомониён (асрҳои IХ-Х) то авҷи аълои тараққиёт расид. Ин давра дар бештар аз 30 шаҳри Мовароуннаҳру Хуросон сиккахонаҳо амал мекарданд.

Рушди минбаъдаи муомилоти пулӣ дар Осиёи Миёна ба  давраи Темуриён (асри ХV) рост меояд, сикказании  танга дар ин қаламрав то соли 1920 идома ёфт.

Барориши нахустин пулҳои коғазӣ дар Осиёи Миёна, ки «танга» ном дошт, ба солҳои ҳукмронии амири охирини Бухоро-Олимхон рост меояд. Пас аз ташкили Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар моҳи сентябри соли 1920 барориши пулҳои коғазии амирӣ бо тағйироти  ҷузъӣ идома ёфт. Қобили зикр аст, ки  матни пулҳои зикршуда бо забони тоҷикӣ навишта шудааст.

Аз Шариф Раҳмизода пурсидам, ки оё ҳангоми таҳияи нишонаҳои пули миллӣ ягон унсур аз пулҳои қадимаи мо истифода шудааст? Мавсуф дар ҷавоб изҳор дошт, ки соли 1993 як комиссия аз ҳисоби шоирону нависандагон, таърихдонҳо ва намояндагони сохторҳои соҳаи иқтисод оид ба таҳияи пули миллӣ ташкил  шуда буд. Комиссияи мазкур барои пули миллӣ ду ном пешниҳод кард: «дирам» ва «сомонӣ». Вақте ки сухан дар бораи номи пули миллӣ рафт, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти пешниҳоди ҳамон комиссия пули миллиро «сомонӣ» ва воҳиди хурдашро «дирам» ном монданд. Гарчанде мегӯянд, ки «дирам» неву «дирҳам» аст, вақте мо бо ҳуҷҷатҳои таърихӣ шинос шудем, муайян гардид, ки шакли дурусташ «дирам» будааст». Инчунин дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров низ «дирам» навишта шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки ҳар ду пешниҳоди комиссияи зикршуда оид ба номи пули миллӣ қабул гардид.

Пули миллӣ, ки рамзи давлати соҳибистиқлол аст, бояд мавриди эҳтироми шаҳрвандон қарор гирад. Хусусан пули миллии мо-сомонӣ, ки расми фарзонафарзандони халқи тоҷик ва иншооти таърихиву фарҳангии кишвар зинатбахши он мебошад, чун нишони Тоҷикистони мустақил бояд тарзе истифода шавад, ки муддати тӯлонӣ қобили  гардиш бошад. Зеро он воситаи асосии муомилот буда, сифати коршоямиаш муаррифгари фарҳанги волои мо ба шаҳрвандони хориҷӣ аст. Дар ин рӯзҳои басо фараҳбахш, ки Тоҷикистони азиз 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатиашро ҷашн мегирад ва чанде баъдтар аз барориши пули миллӣ — сомонӣ 15 сол пур мешавад, орзу мекунем, ки ҳамаи арзишҳо ва муқаддасоти давлатдории мо, аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ ва пули миллӣ, ҷовидона пояндаву бегазанд бошад.

 

Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»