Фаврӣ

РАШТ: Хисороти навбатии офати табиӣ

№89 (3569) 12.07.2016

Заминларзае, ки шоми 1 июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Рашт, рух дода буд, ба аҳолӣ хисороти зиёд овард. Дар маҷмуъ 15 хонаи истиқоматӣ, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №.65 пурра, 30 хонаи истиқоматии сокинони деҳаҳои Ҳазорчашма ва Кӯли деҳоти «Ҳиҷборак»-у «Аскалон» қисман хароб гардиданд.

Худи ҳамон рӯз раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ бо ҳамроҳии роҳбарияти Раёсати минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, прокурори ноҳия ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Субҳи барвақт гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҳайати раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Назарзода Рустам, сардори Саридораи геология Ҳиматзода Муродхон, муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ Низом Мирзозода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода ва муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Сӯҳроб Паноев низ ба ҷойи ҳодиса расида омаданд. Муддати 4 шабонарӯз аст, ки гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар қатори мардум заҳмат кашида истодаанд.

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ- Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои аввали ҳодиса ба воситаи Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оилаи осебдида ба миқдори як халта орд, 12,5 кг. макарон, 12,5 кг. шакар ва 5 литр равған кумаки яквақтаина расонида шуд. Ҳамчунин мардуми зарардида бо хаймаҳо ва се вақт хӯроки гарм таъмин карда шуданд.

Сокинони ноҳияи Рашт, шахсони саховатманд садақаи фитрашонро ба оилаҳои осебдида равона намуданд.

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат мардуми осебдидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад, — мегӯяд раиси Шӯрои деҳаи Ҳазорчашма Маҳмадраҷаб Узумов. — Дар баробари мардуми осебдида заҳмат кашидани гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ баҳри бартараф намудани хисороти офати табиӣ аз сиёсати саршор аз ғояҳои инсонпарварона ва самимияту муҳаббати Пешвои миллат маншаъ мегирад.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум», Суратгир М. Ризвонов

Дар расм:

мактабБинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65, деҳаи Ҳазорчашмаи деҳоти «Ҳиҷборак»

хонахона1Хонаҳои харобшудаи деҳаи Ҳазорчашма