РАШТ ПЕШРАФТАЮ ЗЕБО ХОҲАД ГАШТ

№106 (3586) 11.08.2016

DSC_0035Мусоҳиба бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ

- Чун суҳбати мо дар арафаи  25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ мепайвандад, мегуфтед, ки дар Рашт корҳои созандагию бунёдкорӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?

- Сулҳ, оромию амонии кишвар, дастгириҳои ҳаррӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳияи Рашт хуб эҳсос карда, ба ояндаи дурахшони кишвар бовар доранд ва бо дилгармӣ пайи шукуфоии Тоҷикистони азиз заҳмат мекашанд.

Рашт дар қатори ноҳияҳое мебошад, ки аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашудаи буҷети ҷумҳуриявӣ худро таъмин менамояд. Барои таъмини буҷети ноҳия аз ҳисоби даромадҳои худӣ 27 фоиз мувофиқи имкониятҳо ба назар гирифта шудааст, ки аз ҳисоби даромади корхона, ташкилотҳо, соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ ҷамъ мегардад. Солҳои пеш ҷамъ намудани андоз барои Нозироти андози ноҳия як проблемаи ҳалношуданӣ буд. Хушбахтона, солҳои охир аз андоз ба буҷети ноҳия маблағи зарурӣ ворид мешавад, ки аз ҳисоби он барои ободонии ноҳия як қатор корҳо анҷом дода шуд.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2016 нақшаи умумии андоз бо назардошти андози иҷтимоӣ 101 фоиз иҷро ва ба ҷойи 14 млн. 311 ҳазору 294 сомонӣ ба буҷет 14 млн. 388 ҳазору 409 сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 77 ҳазору 115 сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар ин давра аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо 107 фоиз иҷро ва ба буҷет ба ҷойи 7 млн. 354 ҳазору 503 сомонӣ, 7 млн. 849 ҳазору 206 сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 494 ҳазору 703 сомонӣ зиёд аст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 59 миллиону 611 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2015-ум 997,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Кишоварзон имсол дар майдони 1128 гектар ғалладонагӣ, 1118 гектар картошка, 152 гектар сабзавот ва 166 гектар зироатҳои техникӣ кишт намудаанд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду соли охир дар майдони 7 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шуд. Дар мавсими баҳори соли ҷорӣ кишоварзон дар майдони 73 гектар боғи нав бунёд намуданд.Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар 5 соли оянда масоҳати чунин боғҳо ба 60 гектар расонда мешавад.

Ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ истиқбол намудани 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз соли 2015 таҳия ва тасдиқ гардид, ки тибқи он солҳои 2015 — 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашма маб­лағгузорӣ, сохта ва ба истифода додани 51 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Аз ин шумора соли 2015-ум 25 иншоот ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ 7 иншоот ба истифода супорида шуд. Дар 19 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд, ки то ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Дар соҳаи саноат низ пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи дастархон», матбааи ноҳия, корхонаи ордбарорӣ дар шаҳраки Ғарм ва корхонаҳои дӯзандагии «Чевар-2014» дар шаҳраки Ғарм, «Бону-2014» — деҳоти «Ҳоит» ва «Зуҳал-2014» — деҳоти «Навдӣ» хуб фаъолият намудаанд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия дар ин давра 12 млн. 750,6 ҳазор сомониро ташкил дод.

- Рушди соҳаи маорифро дар ноҳия чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мазкурро аз ҷумлаи омилҳои асосии пешбарандаи давлат ва ҷомеа номидааст, ки ин бесабаб нест. Ояндаи кишвар маҳз ба рушду нумӯи ин соҳа ва тарбияи оқилонаи насли наврас вобаста аст.

Дар ноҳия 112 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 31 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 24 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 57 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки фарогири 24 ҳазору 641 нафар хонанда мебошанд. Ба таълиму тарбияи хонандагон 1542 нафар омӯзгор машғуланд.

Аз шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 791 нафар, аз ҷумла 119 духтар барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуҷҷат супоридаанд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар бораи таъмин намудани хонандагон бо сару либоси истеҳсоли ватанӣ, байни директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Чевар-2014» шартномаҳо ба имзо расида, корҳо дар ин самт идома доранд.

Бо мақсади ҷалби диққати падару модар ба муассисаи таълимӣ дар панҷ ҷамоати деҳот Шӯрои сайёри шуъбаи маорифи ноҳия бо иштироки фаъолонаи волидайни хонандагон гузаронида шуд, ки ба пешрафти соҳа таъсири хуб расонид. Натиҷаи ҳамин буд, ки падару модарон барои ба курсҳои омӯзишии атлас ва адрасбофон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рафтани духтаронашон мусоидат намуданд. То имрӯз 12 нафар духтари маҳаллӣ баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чунин курсҳоро хатм намуданд ва дар коргоҳи бофандагии шаҳраки Ғарм фаъолият доранд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои дар ҳаёт татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъу­лияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чораҳои мушаххас андешид. Нақшаи чорабиниҳои тартибдодаи шуъбаи маорифи ноҳия аз ҷумлаи ин тадбирҳост. Ташкил намудани гӯшаи омӯзиши қонун дар чойхона-фароғатгоҳҳо, моҳе як маротиба гузаронидани «Рӯзи мактаб дар деҳа» аз шумори ин чорабиниҳои нақшавист.

- Оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» чӣ корҳо ба сомон расонда шудааст?

- Боиси хушнудист, ки сафи духтарону занони фаъол дар ноҳия рӯ ба афзоиш мебошад. Занон дар рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Шумораи умумии занон дар ноҳия то 1 январи соли 2016-ум 59 ҳазору 343 нафарро ташкил медиҳад, ки 31 ҳазору 110 нафараш қувваи қобили меҳнат мебошанд.

Ҳоло дар соҳаҳои тандурустӣ 387 нафар, маориф — 314, фарҳанг — 56, рушди соҳибкории хурду миёна 68 нафар зан кору фаъолият доранд. Дар корҳои мавсимӣ беш аз 5906 нафар зан ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд. Теъдоди мутахассисони роҳбарикунанда аз ҷумлаи занон ба 146 нафар расид. Инчунин, 11 нафар зан ҳамчун вакил дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳуқуқҳои интихобкунандагонро ҳимоя мекунанд.

Аз 24 январ то 1 июли соли ҷорӣ дар 14 ҷамоати шаҳраку деҳот бо зиёда аз 2500 нафар занон оид ба вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда вохӯрию суҳбатҳо доир гашт.

Бахшида ба Рӯзи Модар аз 26 феврал то 4 март озмуни «Зан — мазҳари зебоӣ» дар байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо баргузор шуд, ки ба ин восита чеҳраҳои наву умедбахш аз ҳисоби занону духтарони ҷавон пайдо гардиданд.

- Назари шумо ба ояндаи ноҳия чӣ гуна аст?

- «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012 — 2016» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. Тибқи он бояд дар панҷ сол 73 иншооти муҳими хоҷагии халқ ба маблағи 105 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешуд. То имрӯз аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ 37 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома дорад.

Нақшаи генералии шаҳраки Ғарм, ки соли 1976 тарҳрезӣ шуда буду мавриди амал қарор дошт, соли 2012 аз нав таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Натиҷаи ҳамин гуна чораҷӯйиҳо буд, ки дар пеши назари мардум ҳар рӯз Рашт симояшро тағйир медиҳад, зеботар мешавад.

Итминони комил дорам, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оянда дар асоси барномаи мазкур Рашт ба як ноҳияи пешрафта ва ободу зебо табдил меёбад.

 Мусоҳиб Диловари МИРЗО,

«Садои мардум».

Суратгир Мирзосафар РИЗВОНОВ