Соҳибкор Абдулвоҳид Хонов аз зумраи саховатпешагонест, ки дар корҳои ҷамъиятии деҳаи Ярхаби деҳоти «Ҳиҷборак» ва ноҳияи Рашт ҳамеша саҳм гузошта, ба оилаҳои ниёзманд дасти кумак дароз мекунад.
Ӯ, ки барои ба зиёрати хонаи Каъба рафтан 60 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда буд, эҳтиёҷи кӯдакони синни мактабӣ ба синфхонаҳои иловагиро ба назар гирифта, онҳоро сарфи сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Ярхаб намуд.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иқдоми Абдулвоҳид Хоновро дастгирӣ намуда, аз ҳисоби заминҳои деҳа барои сохтмони синфхонаҳо қитъаи замин ҷудо кард.
Корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбист. Сохтмончиён тасмим гирифтаанд, ки то фарорасии соли нави мелодӣ онҳоро ба истифода диҳанд.
Мирзосафар РИЗВОНОВ, рӯзноманигор