Проблема ва мулоҳиза

Равғанро чӣ тавр фаровону арзон бояд кард?

№57 (4319) 29.04.2021

0-02-05-ca7b8c5422b59c65c342061d945d4b668105d29c2da1c043f876814e03538074_6cf45b57Чанд моҳи охир аз сабаби камшавии воридот ва баландшавии арзиши истеҳсоли равғани рустанӣ дар  кишварҳои истеҳсолкунанда нархи он дар бозорҳои мамлакат низ якбора баланд гардид. Ҳоло арзиши як литр равғани шириншуда дар дӯкону мағозаҳои кишвар 24  сомониро ташкил медиҳад. Баландшавии нархи равған қисми зиёди буҷети  оилаҳоро «фурӯ мебарад». Бо кадом роҳ истеҳсоли онро зиёд бояд намуд, то нархи ин маҳсулоти талаботи рӯзмарра арзон шавад?

Устоди ДАТ ба номи Шириншо Шоҳтемур, доктори илмҳои кишоварзӣ, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Толиб Набиев иброз дошт, ки офтобпараст, зағир, лӯбиёи чинӣ (соя), рапс ва арахис (чормағзи заминӣ) зироатҳои асоси равғандеҳ ба шумор мераванд. Дар баъзе аз кишварҳо аз зайтун, нахл ва какао равған мегиранд. Аз пахта, каду, кунҷид, сиёҳдона, канаб, чормағз, бодом, донаки зардолу ва ғайра низ равған истеҳсол мекунанд, вале серистеъмол нестанд.

- Равғани рустаниро на танҳо барои пухтани таом, балки дар соҳаҳои лаку рангбарорӣ, собунпазӣ, парфюмерия (атриёт), чармгарӣ, дорусозӣ ва тиб низ истифода мебаранд. Аз равғани  рустанӣ дар баъзе  аз кишварҳо сӯзишворӣ ва равғани мотор истеҳсол мекунанд, — гуфт Толиб Набиев.

То солҳои чилуми асри гузаш­та мардуми ҷумҳурӣ  равғани зағер ва чорво (гову гӯсфанд) истеъмол  мекарданд. Баъди зиёд гардидани майдони  «тиллои сафед» ва фаровон шудани чигит истеҳсоли равғани пахтаро низ ба роҳ монданд. Ҳоло дар ҷаҳон равғани пахтаро асосан дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ истеъмол мекунанд.

- Кишти кадом зироати равғандор дар мамлакат боис ба  фаровонии равғани рустанӣ мешавад?- пурсидем аз профессор Толиб Набиев.

- Дар ҷумҳурӣ зағер зироати анъанавии равғандор ба шумор меравад. Баъд аз зайтун равғани зағер аз ҷиҳати ғизонокию фоидабахшӣ дар ҷойи дуюм меистад. То солҳои 60- уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ 50 — 60 ҳазор гектар зағер кишт мешуд. Лекин солҳои минбаъда бо баъзе сабабҳо кишти он кам шуда, ҳоло масоҳати кишти он 13 — 14 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, — гуфт Толиб Набиев ва идома дод:

 - Офтобпараст яке аз маъмултарин зироатҳои равғандор дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Сеяки аҳолии ҷаҳон равғани офтобпараст истеъмол мекунанд, лекин дар ҷумҳурӣ онро то ҳол  ҳамчун зироати силосӣ истифода мебаранд. Вақти он расидааст, ки офтобпарастро ҳамчун зироати равғандор истифода  барем. Зеро дар таркиби донаи офтобпараст 50 — 55 дарсад ва дар мағзи донааш то 70 дарсад равғани аълосифат мавҷуд аст. Илова  ба равған, аз мағзи донаи офтобпараст ҳалво низ истеҳсол мекунанд. Кунҷораи он хӯроки серғизои чорвою мурғ ба шумор меравад.  Пояашро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд.

- Дар ҳоле ки истеҳсоли ҷуворимакка дар ҷумҳурӣ зиёд аст, чаро аз он мисли Озарбойҷону Россия равған намегиранд? — пурсидем аз Т. Набиев.

- Ҳоло дар ҷаҳон майдони кишти ду зироати хеле  арзишнок торафт зиёд мешавад, яке ҷуворимакка, дигаре лӯбиёи чинӣ (соя). Масалан, дар ИМА соле қариб 400 миллион тонна ҷуворимакка ва тақрибан 65-70 миллион тонна лӯбиёи чинӣ рӯёнда мешавад, — иброз дошт профессор.

Дар ҷумҳурӣ ҷуворимакка барои чорводорию парандапарварӣ сарф мешавад. Зеро сол то сол шумораи фабрикаҳои мурғпарварӣ зиёд шуда, ҷуворимаккаро на барои равған, балки барои ғизои чорвою паранда истифода бурдан беҳтар аст.

Кафедраи «Рустанипарварӣ»- и ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур аз соли 1957 оид ба гирифтани ду ҳосили дон аз як замин тадқиқоти илмӣ мебарад. Мо таҷрибаи аз як замин гирифтани ду ҳосили донро дар водии Ҳисор, минтақаи Кӯлобу водии Вахши вилояти Хатлон ва вилояти Суғд  санҷидем. Маълум шуд, ки дар водии Ҳисор аз як замин ду ҳосили дони ҷуворимакка гирифта намешавад. Дар ин минтақа баъд аз ҷамъоварии гандум, ҷав, пиёз, картошка ва дигар  зироатҳо зуд ҷуворимакка ё ҷигорӣ кошта, тирамоҳ дон гирифтан мумкин аст.

Дар ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён  аз як майдон ду ҳосили ҷуворимакка метавон гирифт. Ман соли 1995 дар шаҳри Москва оид ба гирифтани ду ҳосили дон дар шароити Тоҷикистон рисолаи докторӣ ҳимоя карда будам.

Сарварони бисёр хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ маълумоти агрономӣ надоранд ва аз манфиати кишти зироатҳои равғандор огоҳ нестанд.

- Солҳои охир вобаста ба технологияи парвариши зироатҳои гуногун китобу тавсияномаҳоро чоп намудем. «Асосҳои агрономия»,  «Растанипарварӣ» «Технологияи парвариши лӯбиёи чинӣ», «Парвариши  пахта» ва ғайра аз ҳамон қабиланд, — гуфт Толиб Набиев.

Хуб мешуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар ноҳияи мамлакат бо иштироки сарварони хоҷагиҳои деҳқонию ҷумҳурӣ намоиши китоб ва дастуру  тавсияномаҳои парвариши зироатҳои гуногунро  ба роҳ монанд. Зеро, бинобар надонистани муҳлати кишт ва технологияи нигоҳубини зироатҳо, аксар хоҷагидорон аз замин самаранок истифода бурда наметавонанд. Барои мисол, баъзеҳо пахтаро мисли шолӣ обёрӣ мекунанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз онҳо танҳо сари вақт супурдани андози заминро талаб мекунанду халос. Надонистани тарзи дурусти хоҷагидории онҳо боис ба камчинию қиматшавии маҳсулоти зарурӣ, аз ҷумла, равғани рустанӣ ва маҳсулоти чорво мешавад. Аксарият намедонанд, ки офтобпарасту рапсу маъсар дар баробари дон асали фаровон низ медиҳанд.

Сарварони корхонаҳои равғанкаширо зарур аст, ки бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ дар хусуси харидани офтобпараст, зағир, соя, рапс ва маъсар шартнома  банданд. Танҳо бо чигит пеш бурдани фаъолияти корхонаҳои равғанкашӣ нишонаи ноогоҳию ақибмондагии сарварони корхонаҳои соҳа  аст. Дар сурати аз якчанд зироати равғандор ба роҳ мондани фаъолияти корхона истеҳсоли маҳсулот зиёду даромаднокӣ бештар шуда, вобастагии ҷумҳурӣ аз воридоти равған кам ва нархи он арзонтар хоҳад шуд. Дар ин замина, аз ҷумҳурӣ берун рафтани арзи хориҷӣ низ пешгирӣ мешавад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»