Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати барномавии рушди мамлакат маҳсуб меёбад. Яке аз вазифаҳои ниҳоят муҳими давлат дар даҳсолаи наздиктарин татбиқи мақсадҳои дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дарҷшуда мебошад.
Сарвари давлат дар Паёми худ ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад».
Тибқи пешгӯйиҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, шумораи умумии сайёҳон то соли 2020 то ба 1,6 млрд нафар хоҳад расид. Ҳар сол даромад аз соҳаи туризм дар ҷаҳон зиёда аз 3 триллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Инфрасохтори сайёҳӣ — ин маҷмӯи корхонаҳои сайёҳӣ-хизматрасонӣ ва корхонаҳои дигари ёрирасони соҳа мебошад. Ба инҳо иншоот, низоми муҳандисию коммуникатсионӣ, аз ҷумла алоқаи телекоммуникатсионӣ, роҳҳо, корхонаҳои омехтаи саноати сайёҳӣ (маишӣ, энергетикӣ, коркарди маҳсулот), ки дастрасии сайёҳонро ба захираҳои сайёҳӣ ва дигар имкониятҳо ҷиҳати истифодаи мақсаднок дар соҳаи сайёҳӣ таъмин менамоянд, мебошад.
Дар ҷумҳурӣ вобаста ба рушди соҳа, тавре аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳалли чунин вазифаҳо дар мадди аввал қарор доранд:
- истифодаи мақсаднок аз имкониятҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ;
- инкишофи бемайлони инфрасохтори сайёҳӣ;
- боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани он;
- густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ;
- ҷалби бештари сармоя ҷиҳати беҳдошти фазои сайёҳӣ дар мамлакат;
- тарбияи мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат.
Тоҷикистони биҳиштосо аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки табиат ба он тамоми неъматро арзонӣ доштааст. Дар баробари ин, объектҳои таърихию фарҳангии мамлакат, ки солҳои охир бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон босуръат таҷдиду тармим шуда истодаанд, боиси таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ гардидаанд. Ҷиҳати таъмини раванди истифода аз объектҳои табиат ва таърихиву фарҳангӣ бо мақсади рушди туризм, пеш аз ҳама, зарурати коркарди лоиҳаҳои инноватсионии содагардонии дастрасии сайёҳон ба ин объектҳо ба миён омадааст. Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дар самти пешрафти туризм муваффақ дар ин ҷода аз манфиат холӣ нест. Коркарди лоиҳаҳо ва ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо метавонад дар самти истифодаи объектҳои табиат ва таърихию фарҳангии мамлакат, ки шумораи онҳо ниҳоят фаровон аст, ба пешрафти иқтисодиёт, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва болоравии сатҳу сифати зиндагонии сокинон мусоидат намояд.
Инфрасохтори сайёҳӣ низ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. Бунёди иншооти мухталиф дар мавзеъҳои зебои табиат, роҳҳои нави ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва таҷдиди дубораи роҳҳои мавҷуда, осоишгоҳҳои наву замонавӣ бо истифода аз техникаву технологияҳои замонавӣ ва амсоли инҳо ба пешрафти соҳаи туризм мусоидат менамоянд. Бо вуҷуди ин, дар ин самт норасоиҳо ҷой доранд. Дар шаҳру ноҳияҳо зарурати бунёди иншооти меҳмонпазироии хурд (guest house), иншооти маишию истироҳатии сарироҳӣ, (ошхонаву тарабхона, истироҳатгоҳ-фароғатгоҳҳо бо шароити хуби санитарию гигиенӣ), таҷдиди роҳҳо то мавзеъҳои зебои табиат ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, таъмини нақлиёти дорои шароити роҳат барои меҳмонону сайёҳон ва амсоли инҳо пеш омадааст.
Сатҳу сифати хизматрасонӣ аз муҳимтарин омилҳои пешбурди соҳаи сайёҳӣ буда метавонад. Тавре Сарвари давлат ироа доштанд: «…дар замони муосир сатҳу сифати хизматрасонӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди давлат ва маданияти ҷомеа ба шумор меравад». То ба ҳол фаъолияти муассисаҳои хизматрасонӣ (ба ҷуз меҳмонхонаҳои алоҳидае, ки дар шаҳри Душанбе ва марказҳои баъзе аз вилоятҳо фаъолият доранд) ба меҳмонони хориҷӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Дар бисёре аз ин муассисаҳо мутахассисони соҳа ба кор ҷалб нагардидаанд. Меҳмонхонаҳои ноҳияҳо, тарабхонаҳо, нақлиёт, объектҳои фароғатию дилхушӣ ба таҷдиду тармим эхтиёҷ доранд. Фарҳанги муошират, қабулу гусели меҳмонон, гузаронидани экскурсияҳои шавқовар метавонад омили ҷалби ҳар чӣ бештари меҳмонони хориҷӣ ба кишвар гардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016), ҳамчунин, таъкид доштанд, ки «Ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд». Ин таъкид масъулини соҳаро водор месозад, ки дар таҳкими инфрасохтори сайёҳии мамлакат ва воридшавии ҳар чӣ бештари сайёҳон ба мамлакат ҳиссаи арзишманд гузоранд.
Масъалаи ниҳоят муҳим тарбияи мутахассисони баландпояи соҳаи сайёҳӣ мебошад. Ин масъала дар шароити кунунии таҳкимбахшии раванди рушди соҳаи сайёҳии мамлакат амалисозии ибтикороти навро талаб менамояд. Ин аст, ки Сарвари давлат дар Паём тарбияи кадрҳои баландихтисосу лаёқатмандро омили асосии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намуданд. Имрӯз мутахассисони соҳаи сайёҳиро дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, аз қабили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба номи С. Раҳимов омода менамоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на ҳамаи хатмкардагони риштаҳои сайёҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо ҷойи кор таъмин мешаванд ва сатҳу сифати тайёр намудани мутахассисон низ беҳбудиро тақозо дорад.
Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии марбут ба соҳаи сайёҳӣ ва барномаҳои таҳсилотӣ ба эҳтиёҷоти соҳа мувофиқ набуда, бештар характери академӣ доранд. Норасоии адабиёти соҳавӣ ва воситаҳои таълимӣ эҳсос мешавад. Зарур аст, ки барои омода намудани стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва дастуру нишондодҳои методӣ кормандону коршиносони варзидаи соҳаи сайёҳӣ ҷалб шаванд.
Мушкилоти дигар дар самти омодасозии мутахассисони соҳа бархӯрдор набудан аз таҷрибаву тамоюлҳои тарбияи мутахассисон аз кишварҳои дар ин ҷода пешрафтаи ҷаҳон мебошад. Бо дарназардошти иқтидори бениҳоят зиёди сайёҳии Тоҷикистон ихтисосҳои марбут ба сайёҳӣ, ки аз рӯи онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мутахассисон тайёр мешаванд, бениҳоят каманд.
Ташкил ва баргузории машғулиятҳои омӯзишии амалӣ дар ширкату корхонаҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, мавзеъҳои истироҳату фароғат, осоишгоҳҳо, ширкатҳои нақлиётӣ метавонанд ба болоравии малакаву маҳорати муҳассилини ихтисосхои сайёҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мусоидат кунанд. Зеро омезиши назария ва амалия хусусияти асосии таҳсилот дар риштаи сайёҳӣ ва меҳмонпазироӣ мебошад.
Дар маҷмӯъ, раванди таҳсилоти тахассусии соҳаи туризм дар мамлакат беҳбудиро тақозо дорад. Тарбияи мутахассисони соҳаи сайёҳӣ рисолати субъектҳои хоҷагидории соҳа, олимону коршиносон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мақомоти идоракунии давлатии соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Фазлиддин Қодиров, мудири кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон