РАВШАНГАРИ РОҲ БА СӮЙИ ОЯНДАИ НЕКУ ПУРСАОДАТ

№37-38 (4777-4778) 28.03.2024

Соли 1992 дар Иҷлосияи XVI ­Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз он ки вакилон  якдилона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Роҳбари давлат интихоб намуданд, Пешвои миллат эълон доштанд, ки Тоҷикистон оянда бояд ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона рушд кунад.

 Пас аз барқарор гардидани ҳукумати конс­титутсионӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон 12-уми декабри соли 1992 чунин таъкид намуданд: «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои  бунёди давлати нав — давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».

Мувофиқи  қарори Иҷлосияи ҳабдаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми июли соли 1993 Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Комиссияи конститутсионӣ интихоб шуданд. Зимни баргузории ҷаласаи нахустини комиссия ба гурӯҳи кории навташкил супориш дода шуд, ки лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зудӣ тайёр намоянд.

Лоиҳаи Конститутсияи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар шароите омода гардид, ки дар мамлакат ҳанӯз оташи ҷанги дохилӣ хомӯш нашуда буд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати Комиссияи конститутсионӣ кӯшиш ба харҷ медоданд, то ба муҳокимаи умумихалқӣ лоиҳае пешниҳод карда шавад, ки дар он барои идомаи низоъҳои миллӣ ягон асос ва заминае боқӣ намонда бошад. Тавре узви гурӯҳи кории Комиссияи таҳияи Конститутсияи нави ҷумҳурӣ Сафаралӣ Раҷабов дар мусоҳибааш бо хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» (№58, аз 20- уми июли соли 1994) ёдовар шудааст, «зиёда аз якуним миллион нафар аҳолии  ҷумҳурӣ дар баррасии лоиҳа  фаъолона иштирок варзида, нисбати банду моддаҳои алоҳида фикру андеша ва дархосту пешниҳоди хешро ироа доштанд. Ба гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия 8,5 ҳазор  пешниҳоду таклифҳо расиданд. Ҳамаи фикру дархостҳои ҷолибу муфиди одамон аз назари аъзои гурӯҳи корӣ дур намонд. Худи лоиҳаи Конститутсия аз 100 модда иборат аст, ки ба 50 моддаи он дар асоси фикру мулоҳизаҳо тағйиру иловаҳои ҷиддӣ ворид сохта шуд. Воқеан, мақсади ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намудани лоиҳа, ҳамин буд».

Ҳамин тавр, бо ҷаҳду талошу роҳнамоиҳои Пешвои миллат  ва азму иродаи қавии сокинони мамлакат 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид. Дар ин шаҳодатномаю бахтномаи миллат масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқу  озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон, шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ, ҳар як узви ҷомеа ҳалли худро ёфтанд.

Дар бораи нақши таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми апрели соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намудаанд: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли  тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос  гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».

Қобили зикр аст, ки Конститутсия  дар низоми ҳуқуқии ҷомеа эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, мус­тақиман амал мекунад. Дар заминаи он асосҳои ҳуқуқии интизоми сиёсии ҷамъият ва  муносибатҳои мутақобилаи миёни давлат  ва шахс муқаррар, ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ба принсипи озодӣ ва демократия устувор гардидааст. Вобаста ба ин Президенти мамлакат чунин таъкид намудаанд: «Дар қонуни асосӣ аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табиии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар  ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд, ки ин хусусият Конститутсияи моро дар радифи қонунҳои асосии кишварҳои пешрафта қарор медиҳад».

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ тақвият бахшид. Принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимият дар моддаи 9 чунин баён ёфтааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси  таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».

Боби 8-уми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ  бахшида шуда, фаъолияту низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар намуд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми июни соли 2007, №271 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таҳкими мақомоти судӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар заминаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ судҳои  конститутсионӣ ва ҳарбӣ таъсис ёфта, арбитражҳо ба судҳои иқтисодӣ табдил дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 дар бораи нақши мақомоти судӣ ҷиҳати таъмини адолати иҷтимоӣ чунин иброз намуданд: «Воқеан, раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст».

Дар моддаи 87-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст».

Яке аз принсипҳои демократии мурофиаи судӣ баробарии тарафҳо дар назди қонун ва суд мебошад. Принсипи мазкур аз моддаи 17-уми Конститутсия маншаъ мегирад, ки дар он чунин омадаст: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».

Принсипи дигари конститутсионии  баамалбарории адолати судӣ баррасии ошкорои парванда мебошад, ки он аҳамияти тарбиявӣ дошта, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар, баррасии ошкорои парвандаҳо муносибати шаҳрвандонро ба ҳокимияти судӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ беҳтар мегардонад.

Тавре аз меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бармеояд, ин санади муҳим ҳимоятгари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аст. Бинобар ин, донистану шинос будан бо он ба манфиати ҳар як сокини мамлакат аст. Пешвои миллат ба нақши ин бахтномаи миллат баҳои баланд дода, чунин таъкид кардаанд: «Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯйи ояндаи неку  пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як  шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем».

Ҳамин тавр, сӣ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки дарвоқеъ, меъёрҳои он ҷавобгӯи ормонҳои мардуми кишвар буда, ҳамчун санади барномавии давлат ва ҷомеа боиси ба амал омадани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ ва сиёсии кишварамон гардиданд.

Бахтиёр ИСКАНДАРЗОДА,

раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон