Баррасии фаъолияти нуҳмоҳа
Чанде пеш дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Раёсати бонк баргузор шуд. Тибқи иттилои аз хадамоти матбуоти ин ниҳод дастрасшуда, дар ҷараёни он вазъи макроиқтисодӣ –молиявии ҷумҳурӣ, сатҳи фаъолияти низоми бонкии мамлакат, сифати низоми пардохт, вазъи бозори асъор ва масоили дигар мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд. Дар ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба масъулини бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзии кишвар баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.
Сӯзишворӣ ва неруи барқ - қисмати аъзами содирот
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ айни замон маводи сӯзишворӣ ва неруи барқ миёни маводу маҳсулоти ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё тавассути он содиршаванда, афзалияти бештар дорад. Бино ба маълумоти аз вазорати мазкур, давоми нуҳ моҳи соли равон аз кишвари мо ва тавассути он ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба маблағи 24,3 миллион доллари ИМА маводи сӯзишворӣ ва ба андозаи 27,5 миллион доллари ИМА неруи барқ ворид шудааст. Гардиши умумии маводи маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тибқи иттилои расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ 131,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Истеҳсоли шакари ватанӣ меафзояд
Ба наздикӣ дар Минтақи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи хурди истеҳсоли шакар ба фаъолият шурӯъ менамояд. Тибқи маълумоти аз маъмурияти минтақаи зикршуда дастрасгардида, коргоҳи фавқуззикр бо ҷалби сармояи дохилӣ бунёд шуда, иқтидори истеҳсоли 30 тонна маҳсулотро дар як рӯз хоҳад дошт. Ҳамасола ба мамлакат зиёда аз 120 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид гашта, талабот ба он сол то сол тамоюли афзоишро касб менамояд. Ба фаъолият шурӯъ намудани корхона имкон фароҳам меорад, ки ҳамватанонамон бо маҳсулоти босифат ва нисбатан арзони истеҳсоли дохилӣ таъмин гарданд.
Афзоиши воридоти гази моеъ
Мушоҳидаҳо гувоҳанд, ки вақтҳои охир истифодаи гази моеъ дар мамлакат хеле зиёд шуда, дар муддати кӯтоҳ қисмати зиёди соҳибони воситаҳои нақлиёти сабукрав, мусофиркаш ва боркаш аз истифодаи бензин ба ин намуди сӯзишворӣ, ки дар муқоиса бо маводи аввал зикршуда арзонтар аст, гузаштанд. Мутобиқи маълумоти оморӣ, шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ, ба мамлакат зиёда аз 174300 тонна гази моеъ ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 108000 тонна зиёдтар аст. Гази моеъ ба ҷумҳурӣ асосан аз Ҷумҳурии Қазоқистон (89,3 фоизи ҳаҷми умумӣ) ва қисмати боқимонда аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Қирғизистон ворид мегардад.
Ҷӯшу хурӯши сохтмон
Мувофиқи иттилои аз котиботи Вазорати энегетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дастрасшуда, айни замон корҳои сохтмонӣ дар мавзеи сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. То ин замон дар раванди корҳои сохтмонӣ зиёда аз 45000 тонна бетон истифода шуда, сохтмони дегхонаи рақами якум, лӯлаи 120- метраи дудбаро ва иншооти обсардкунӣ бо баландии 90 метр ба итмом расидааст. Ба корҳои сохтмонӣ 1,5 ҳазор нафар сохтмончӣ ва 150 техникаву таҷҳизот ҷалб шуда, пудратчии иншоот – ширкати ТВЕА тасмим дорад, ки онро дар муҳлати муаяйншуда мавриди истифода қарор диҳанд. Иқтидори маркази фавқуззикр 100 Мвт –ро ташкил медиҳад.
551,1 миллион доллар барои хариди автомобил
Бино ба иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми даҳ моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 45449 адад воситаи нақлиёт ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10000 адад зиёд аст. Масъулони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи оморӣ зикр кардаанд , ки маблағи умумии барои воридоти ин миқдор автомобил сарфгардида, ба 551,1 миллион доллари ИМА баробар аст.
Ба кишвари мо автомобилҳо асосан аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Федератсия Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва кишварҳои соҳили Балтика ворид мегарданд.
Далер Мерганов, «Садои мардум»