Омӯзгори мактаби миёна будам ва бо рӯзномаи ноҳиявӣ ҳамкорӣ мекардам. Боре ба беморхона омада, хостам оид ба фаъолияти духтурон мақола нависам. Байни табибон ҷавони чолокеро дидам, ки бо гуфтор ва рафторҳои наҷиб диққатамро ҷалб кард.
- Падарам муҳандис буд ва мехостам дар зиндагӣ пайрави ӯ бошам. Даврони мактабхонӣ муаллимон аз шогирдон иншо мегирифтанд. Ман борҳо навишта будам, ки баъди хатми мактаб ба Донишкадаи аграрӣ дохил шуда, касби муҳандисиро соҳиб мегардам. Вале қисмат кори худро кард. Бародари калониам дар шаҳри Россия адои хизмати аскарӣ мекард. Ба падарам мактуб навишта хоҳиш кардааст, ки маро барои таҳсил ба Донишгоҳи тиббӣ фиристанд. То ҳанӯз намедонам, ки чаро вай ба чунин қарор омад.
- Падарам маро ба шаҳри Душанбе оварду ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳ супурд. Ҳамроҳи дӯстонаш ба шаҳри Сочӣ ба истироҳат рафтанӣ буданд. Гуфтам, ки ҳамроҳи ман кӣ мемонад? Табассум карду гуфт: «Бояд роҳатро дар зиндагӣ худат пайдо кунӣ. Ба умеди касе машав. Ман ҳам мактаби олӣ хондам. Падарам як деҳқони одӣ буд. Ҳамроҳам ба шаҳр омада натавонист. Танҳо ҳуҷҷатҳоямро супурдам ва баъди шаш моҳи таҳсил ба деҳа рафтам. Падарам маро ба оғӯш гирифт…».
Аз падарам ранҷидам, ки маро дар рӯзҳои сарнавиштсоз танҳо гузошта рафт. Медидам, ки чандин падару модар атрофи бинои асосии донишгоҳ, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ он ҷо доир мешуданд, интизорӣ мекашиданд.
Падарам аз истироҳат баргашт ва ба аҳволпурсиам омад. Чун донист, ки имтиҳонҳои дохилшавиро бо баҳои хубу аъло супурдаам, маро ба оғӯш кашиду аз пешонаам бӯсид, — ба ёд овард ӯ.
Кӣ буданашро аз аҳли маҷлис пурсидам. Гуфтанд, ки Зиёратшо Қодиров аст. Баъди хатми Донишгоҳи тиббӣ барои кор ба беморхонаи марказии ноҳияи Рашт омадааст. Ба муолиҷаи касалиҳои гурда шуғл дорад. Ошноии ману ӯ аз он рӯзҳо оғоз шуд…
Соле пас ба шаҳри Душанбе омад. Баъди хатми орденатура устодон аз вай хоҳиш карданд, ки дар шаҳр монаду ба кори илмӣ машғул шавад. Дар беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд.
Дар Душанбе бо ӯ тасодуфан вохӯрдам. Хурсанд буд ва гуфт, ки орзуи таҳсил дар аспирантураро дорад.
- Ба гуфтан осон, — гиреҳ бар абрӯ зада мегӯяд Зиёратшо. -Талабгори таҳсил дар аспирантура хеле зиёданд.
- Чанд рӯз пештар ба қабули вазир Ҷӯра Инъомов рафтам. Дар қабулгоҳ котиба сабаб пурсид. Гуфтам, духтури одӣ ҳастам ва мехоҳам бо вазир суҳбат кунам. Иҷозат надод. Хоҳиш кардам, ки ақаллан як маротиба даромада пурсад. Вазир рухсат дод.
- Чӣ камбудӣ доред? — пурсид вазир.
- Оё фарзанди мардуми камбағал метавонад дар аспирантура таҳсил кунад?
- Чаро не? — фаврӣ ҷавоб гуфт вазир. — Ба фикри ман, барои дар аспирантура таҳсил кардан одамонро ба сарватманду камбағал ҷудо намудан дуруст нест, балки ба доно ва нодон қисмат кунем, беҳтар аст.
- Чанд сол боз нияти таҳсил дорам, аммо корам омад намекунад. Аз шумо хоҳиш дорам, ки ҳангоми санҷиши дониши унвонҷӯён намояндаи боинсофе назорат намояд. Агар ба саволҳои комиссия ҷавоб нагуфтам, маро барои таҳсил нафиристед.
Вазир марди хоксору боақлу меҳрубон будааст. Аз гапи ман наранҷид. Аз ҷо хест ва дастамро фишурду ваъда дод, ки масъаларо ҳал мекунад.
Баъди чанде комиссия маро даъват кард. Академик Минҳоҷ Ғуломов ҳузур дошт. Марди донишманд буд, ҷавонҳои босаводро дастгирӣ мекард. Аъзои комиссия аз ҳар фан савол доданд. Ҷавоб гуфтам. Вобаста ба ихтисос аз ҷониби устодон баҳои баланд гирифтам. Ин дафъа тағодору амакдор монду бачаи камбағалро интихоб карданд. Маро барои таҳсил ба шаҳри Москва фиристоданд, — мегӯяд Зиёратшо.
Ин воқеа соли 1991 рух дод. Хеле вақт аз вай хабар надоштам. Ҳар кас пайи рӯзгори хеш овора.
Боре шунидам, ки духтури ҷарроҳ Зиёратшо Қодиров ҳар тобистон рухсатӣ гирифта, ба зодгоҳаш меояд. Баъди як-ду рӯз дар хонаи падарӣ истироҳат кардан ба беморхонаи марказии ноҳия меояду ба табобати беморони гурда машғул мешавад. Дар як мавсим чил-панҷоҳ нафарро ҷарроҳӣ ва табобат мекунад. Аз онҳо дастмузд намегирад.
Боварам наомад, шахсе, ки тамоми сол ба корҳои илмӣ ва табобати беморон дар як шаҳри калони кишвари бегона машғул мешавад, ба ҷои истироҳат бемузд пайи дармони беморон шавад. Ба беморхона рафтам. Саҳни даромадгоҳ бо ҷарроҳи номдор Хайрулло Ғиёсов вохӯрдам. Баъди ҳолпурсӣ мақсадамро қисса кардам.
- Оре, Зиёратшоҳ чанд сол боз ин иқдоми наҷибро идома медиҳад.
Зиёратшо тақрибан баъди як соат омад. Маълум буд, ки аз натиҷаи кори онрӯза қаноатманд аст. Баъди солиёни дароз вохӯриамон хеле самимӣ буд. Дар як гӯшаи боғи фарҳангии шаҳраки Ғарм паҳлуи ҳам қадам задем ва ӯ пора-пора аз рӯзгори хеш дар сарзамини Россия бароям қисса кард…
- Соли 1991 ба Россия пайи дарёфти илм рафтам. Бозсозӣ ба кишваре, ки қариб ҳаштод сол қатори бузургтарин кишварҳои дунё ҷой дошт, таъсири худро расонда буд. Мардум аз иқдоми Горбачёв розӣ набуданд. Мегуфтанд, ки вай давлати бузурги Шӯравиро пора-пора кард. Дар Москва ҳам вазъи зиндагӣ хуб набуд. Маҳсулоти ғизоӣ намерасид. Мардум соатҳо барои гирифтани нон навбат меистоданд. Маро дар академия қабул карданд, вале муҳити он ҷо низ чандон хуб набуд.
Пеш аз омаданам дар бораи мудири кафедра Владимир Сергевич Ревинский хонда будам ва медонистам, ки яке аз олимони барҷастаи Давлати советист. Гоҳи вохӯрӣ ӯ ба чеҳраи ман нигаристу гуфт:
- Писарам, беҳуда роҳи дарозро тай карда омадӣ. Ҳоло касе дар фикри таҳсил нест. Мардум пайи ёфтани пораи нон талош мекунанд.
- Ман фарзанди миллате ҳастам, ки тӯли қарнҳо садҳо азобу ситамро дидааст. Ба ҳама сахтиҳо тоб овардааст. Ман ҳам бовар дорам, ки тоб меорам. Номус карда омадаам. Гурусна монам, ташна монам, боке нест. Аз шумо хоҳишам ҳамин, маро дастгирӣ кунед, ки таҳсиламро идома диҳам.
Мардуми рус халқи меҳрубону дилсӯзанд. Владимир Сергеевич каме сукут варзид ва баъд дастамро бародарона фишурду бароям комёбиҳо орзу намуд, — нақл кард Зиёратшо.
Мо болои харак қарор мегирем ва лаҳзае сукут варзида, аз тамошои манзараҳои зебои табиат лаззат мебарем…
- Медонед, чаро корам омад кард?, — қиссаашро идома медиҳад Зиёратшо. — Зеро ман ба душвориҳо тоб овардам. Натарсидам. Ба дониш ва иродаи хеш бовар доштам. Мехоҳам ба волидайн аз таҷриба чанд калима бигӯям. Онҳо бояд таҳсили бачаҳоро дар ҷои аввал гузоранд. Агар бача соҳибсавод бошад, азоб намекашад. Метавонад беминнат бо кӯшишу талош соҳиби касби дӯстдоштааш шавад.
Инсон набояд аз мушкилиҳои рӯ ба рӯ ҳарос кунад, балки кӯшиш кунад, ки ҳамаи онро аз роҳаш бардораду барои ба мақсад расидан нотарсона сафарашро давом диҳад. Дар нимароҳ намонад. Агар илм омӯхтан кори осон мешуд, дар дунё ҳама олиму донишманд мешуданд.
Ман дар мактаб фақат бо баҳои панҷ мехондам. Омӯзгорон бачаҳои босаводро дӯст медоранд. Ман ҳам қатори онҳо будам. Аз синфи як то синфи даҳ сардори синф будам. Синфи мо яке аз беҳтарин синфҳои мактаб буд. То ҳанӯз муаллими синфҳои ибтидоиам Идӣ Раҳимовро ёд дораму бо некӣ ёдаш мекунам.
Барои дохил шудан ба аспирантура дар Академияи тиббии такмили ихтисоси Россия ҳуҷҷат супурдем. Ҳафт нафар будем. Имтиҳонро бо сари баланд супурдаму ба Тоҷикистон баргаштам…
Роҳбарам олими донишманду маъруфи рус Степанов Валерий Николаевич, узви вобастаи Академияи илмҳои Россия буд. Миёни олимони соҳаи тиб дар дунё шуҳрат дошт. Сахтгир буд. Натиҷаи сахтгирии ӯ буд, ки дар ду соли таҳсил рисолаамро ҳимоя кардам.
Дар назди академия беморхонаи калоне фаъолият мекард, ки таҷрибаомӯзӣ он ҷо мегузашт. Рӯзе, ки баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ пайи ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳоям будам, муовини сардухтур Галина Алексеевна Мишина ба таълимгоҳ омад.
- Ба қароре омадем, ки туро дар беморхона ба кор гирем. Таҳсилатро идома медиҳӣ, — гуфт Галина Алексеевна.
Аз устодам маслиҳат пурсидан мехостам.
Саҳарии барвақт маро роҳбарам ба наздаш даъват кард.
-Шунидам, ки туро ба кор мегиранд?
-Ҳамин хел гуфтанду… Намедонам дар беморхонаи калону овозадор аз уҳдаи кор мебароям?
- Аз уҳдааш мебароӣ. Мо шогирдонро дар нимароҳ намемонем.
Ту бояд таҳсилро дар докторантура идома диҳӣ. Доктор шудӣ, баъд ихтиёрат. Хоҳӣ ҳамин ҷо мемонӣ, нахоҳӣ ба ватанат бармегардӣ, — гуфт ӯ.
- Соли 1998 рисолаи докториро ҳимоя кардам. Падарам дар ҳимояам иштирок кард. Дар як кунҷи толор то охир нишасту ба суханронии ман ва суолҳои устодон бодиққат гӯш дод. Баъди ҳимоя зиёфат ташкил кардам. Он рӯзгор ҳамин хел анъана буд. Дар тарабхона олимону дӯстони зиёд ҷамъ шуданд. Падарам дар академия роҳбарамро дида натавонист. Дар сари як пиёла чой бародарвор ҳамдигарро ба оғӯш кашиданд. Маълум буд, ки аз комёбиҳои ман хурсанданд ва ашки шодӣ мерезанд, — гуфт ҳамсуҳбатам.
Доктори илмҳои тиб, профессор Зиёратшо Қодиров 16 феврали соли 1960 дар деҳаи зебоманзари Кадараи деҳоти «Қалъаи сурх»-и ноҳияи Рашт ба дунё омадааст.
Рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Хурд кардани сангҳои гурда ва роҳҳои пешоб бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ» ва рисолаи докториашро дар мавзӯи «Ҷарроҳии сангҳои гурда ва роҳҳои пешоб ба воситаи лакароскопия» дифоъ намудааст.
- То ҳол беш аз 500 кори илмӣ кардаам. Нуҳ китоб навиштам ва таҷрибаҳоямро дар асарҳоям дарҷ намудам. Ранҷи кашидаам беҳуда нест, китобҳои маро алҳол чун васоити таълимӣ дар мактабҳои олии Россия истифода мебаранд. Панҷ патент дорам. 23 шогирд тарбия кардам, ки 13 нафараш аз Тоҷикистон аст. Шукрона мекунам, ки тавонистам дар ғарибӣ барои тарбияи олимони ҷавони тоҷик саҳм гузорам. Ду-се нафарашон доктори илм ҳам ҳастанд. Шогирдони ман дар Россия, Қирғизистон, Афғонистон, Африка, Ливан ва Тоҷикистон кор мекунанд.
Асоси пайдошавии бемориҳои мардум аз истеъмоли барзиёди намак сар мезананд. Истеъмоли зиёди он боиси дар буғумҳо, аз ҷумла, дар сутунмуҳра, пайдошавии намак мегардад. Аз ин сабаб бемор мубталои дарди миёну пойҳо, сардард ва беҳаракатӣ мешавад. Баъзе табибони камтаҷриба чунин бемориро муайян карда наметавонанд ва дигар аъзои бадан, аз ҷумла гурдаи беморро, табобат мекунанд, дар ҳоле ки он узви бемор солим аст.
Ман бисёр беморонро аз давлату миллатҳои дунё табобат кардам. Бемории намак доштани буғумҳо танҳо дар миллати тоҷик зиёд аст. Охир боре надидаам, ки намояндаи ягон миллате гӯшт ё тухмро дар намаки хушк андохта, истеъмол намояд. Ҳамчунин, помидору бодиринги сабз ва чукрию торонро ба намаки хушк тар карда хӯрдан низ ба саломатӣ зарари ҷиддӣ дорад. Бояд ба ҳама расонем, ки истеъмоли зиёди намак на танҳо ба бемориҳои буғумдард, балки ба бемории фишори хун ва бемории дил низ хатари ҷиддӣ дорад, — афзуд ҳамсуҳбатам.
- Мардум вақтҳои охир истеъмоли мевагию сабзавотро, ки ба саломатӣ муфид буда, қариб ҳамаи витаминҳо дар таркиби онҳо мавҷуданд, кам карданд. Махсусан карам, ки ба саломатии инсон хеле фоидабахш аст.
Солҳои кӯдакии мо мардум аз маҳсулоти маҳаллӣ хӯрок омода мекарданд. Масалан, лӯбиё, кадуова, кашк, отала (оши борик, оши бурида), ширбиринҷ, ширчой, ки ба саломатӣ зарар намерасонанд, истеъмол менамуданд. Аз ин сабаб ниёкон солиму неруманд буданд.
Мардум вақтҳои охир гӯштро зиёд истеъмол мекунанд. Хӯрдани гӯшти бисёр, аз ҷумла гӯштбирён, вобаста ба шароити саломатии мардум хеле зараровар аст. Гӯштро бирён не, балки дар буғ пухтан лозим аст. Самбӯсаро низ пеш вақт аз гиёҳҳо омода мекарданд. Ҳоло ду — се бурида равғани хомро бо хамир печонда мепазанд. Албатта, ин ба саломатии одамон хеле зарар дорад. Дар шӯрбо равғани иловагӣ андохтану бо пиёз ва гӯшт сурх кардан хуб нест. Баръакс хомшӯрбо беҳтарин, безарартарин ва муфидтарин хӯрок аст.
Дар бозорҳои кишвар гӯштҳое пайдо гардида истодаанд, ки як қабаташон гӯшт асту боқимонда ду — се қабати дигар равған. Ба кадом восита он гӯштҳо ин қадар равған гирифтаанд, ба ҳама маълум аст. Зиёратшо нигоҳи андешамандашро ба нуқтае медӯзаду сукут меварзад.
Ман шукрона мекунам, ки ҳоло байни ҳамдиёрон, ки дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ доранд, шахсиятҳое ҳастанд, ки бо номашон ифтихор кунем. Бо ифтихор бигӯем, ки тоҷикон барои мардуми сайёра хизмат мекунанд. Яке аз онҳо доктори илмҳои тиб, профессор Зиёратшо Қодиров ҳаст, ки мисли бобокалонаш Абӯалӣ ибни Сино барои табобати беморон заҳмат мекашад…
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»