Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Роҳи осони бо барқ таъмин намудани деҳаҳои дурдаст»

№56 (4476) 10.05.2022

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» мақолаи «Роҳи осони бо барқ таъмин намудани деҳаҳои дурдаст»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 6 январи соли 2022, №7 (4427) ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Он ба масъалаи танқисӣ кашидани оилаҳои минтақаҳои дурдасти кӯҳистон аз набудани инфрасохтори барқрасонӣ бахшида шуда, пешниҳодҳои муаллиф дар бораи истифодаи панелҳои офтобӣ бамаврид дониста шуд. Дар ҳақиқат, то ба ҳол дар кишвар деҳаҳое мавҷуданд, ки аз истифодаи барқ маҳруманд ва бо сабаби ҷойгир шудани онҳо дар минтақаҳои баландкӯҳ ва дурдаст сохтмони хатҳои барқӣ мушкилоти техникиро ба миён меорад. Инчунин, бояд қайд намуд, ки интиқоли неруи барқ ба масофаи нисбатан зиёд боиси зиёдшавии талафоти техникӣ ва паст шудани сатҳи шиддат мегардад.

Насб намудани панелҳои офтобӣ барои таъминоти ин деҳаҳо манфиатбахш буда, бо сабаби гарон будани арзиши панелҳои офтобӣ ва таҷҳизоти захиракунандаи барқ шароити молиявии аҳолии деҳаҳои дурдаст имконияти амалӣ намудани ин нақшаро маҳдуд месозад.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бо мақсади дастгирии оилаҳои минтақаҳои дурдаст дар самти таъмин намудани онҳо бо неруи барқ, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат  ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ татбиқ намудани лоиҳаҳои электрификатсиякунонии деҳаҳои дурдастро ба миён гузошта, дар пайи бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта аст.

Дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» барқтаъминкунии 74 деҳаи бебарқи ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон ворид карда шуда, бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ, корҳои омӯзишӣ барои таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа ва муайян намудани ҳаҷми корҳои зарурӣ оғоз шудааст.

Нақшаи барқтаъминкунии лоиҳа аз рӯи ҳисоби пешакӣ 6 миллиону 500 ҳазор доллари ИМА баҳодиҳӣ шуда, маблағгузории онҳо аз ҳисоби сармояҳои гранти Бонки умумиҷаҳонӣ (Ассотсиатсияи байналмилалии рушд) сурат хоҳад гирифт.

Барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ (Ассотсиатсияи байналмилалии рушд) созишномаи грантӣ ба имзо расонида шуда, корҳои омодагӣ дар ин самт оғоз ёфтааст.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ҳамчунин, дар ин самт ҳамкории мутахассисони соҳаро барои амалӣ намудани лоиҳаи зикршуда ва назорати сифати корҳои лоиҳа таъмин менамояд.

Муаллифи мақола Сайфиддин Суннатӣ пешниҳод кардааст, ки «Хуб мешуд, ки намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои зикршуда, дар ҳамкорӣ бо раисони маҳаллаҳо мутахассисони соҳаро ҷалб кунанду бо мардум вохӯриҳо доир намуда, дар бораи аҳамияти насби таҷҳизоти отфобӣ маълумот диҳанд».

Дар робита ба пешниҳоди муаллиф, ҷамъият омода аст, ки дар самти корҳои фаҳмондадиҳӣ иштироки мутахассисони салоҳиятдорро таъмин намояд.

У. БИЛОЛЗОДА,

директори генералии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»