Дар ин масир монеа вуҷуд надорад
Дар нимаи дуюми асри ХХ зиёдшавии аҳолӣ лоиҳакашони инфрасохтори шаҳрҳоро водор сохт, ки роҳҳои ҳалли танзими нақлиёти мусофиркашро ҷустуҷӯ намоянд. Ҷудокунии хатҳои ҳаракати махсус ба нақлиёти ҷамъиятӣ, васеъкунии роҳҳо фақат як муддати кӯтоҳ самара доданду мушкилоти тамбашавии роҳҳо пурра ҳал нашуд.
Он гоҳ муҳандисон дар баробари бунёди эстакадаҳо дар фикри бунёди роҳҳои танобӣ шуданд. Ин иқдом аз чанд лиҳоз бартарӣ доштанд. Якум, хароҷоти кам. Дуюм, аз лиҳози экологӣ тоза. Сеюм, бехатарӣ. Чорум, аз ҷиҳати суръати ҳаракат. Панҷум, иқтидори зиёди мусофиркашонӣ доштан дар муддати кӯтоҳ.
Омилҳои зикршуда боис шуд, ки роҳҳои танобӣ на танҳо бо мақсади сайру саёҳат, балки дар қатори автобус, трамвай, метро, қатораҳои барқӣ (электропоезд) ҳамчун нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ низ истифода шавад.
Оғози фаъолияти онҳо ба соли 1834 рост меояд, ки он вақт технологияи истеҳсоли кабелҳои пӯлодӣ (тросс) ба роҳ монда шуд. Соли 1866 дар шаҳри Шафҳаузени Швейтсария ҳаракати вагонҳои дорои ду ҷойро тавассути он ба роҳ монданд. Баъд аз ду сол дар Зеландияи Нав вагонҳое пайдо шуд, ки дорои 6 ҷой буда, мусофиронро аз тариқи роҳи танобӣ аз болои дарё мегузаронид. Соли 1873 дар Сан-Франсискои ИМА нахустин мошини кабелӣ («трамвайи ҳавоӣ») ба истифода дода шуд, ки то ҳол амал мекунад.
Аз солҳои 50 — уми асри ХХ сар карда, дар Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон низ, сохтани роҳҳои танобӣ авҷ гирифт. То парокандашавии ИҶШС дар ҳудуди он 500 километр роҳҳои танобии боркаш ва садҳо мусофиркаш амал мекард.
Охирҳои асри XIX дар Аврупо ширкатҳои истеҳсолу насби роҳҳои танобӣ роиҷ шуданд. Яке аз онҳо ширкати «Doppelmayr»-и Австрия аст, ки соли 1892 таъсис ёфтааст. Соли 2016 ширкати мазкур истеҳсоли вагонҳои D Line — ро ба роҳ монд, ки дорои 200 навгонӣ ва 31 инноватсияи барои роҳати мусофирон пешбинишуда мебошад. Ҳоло дар Австрия, Хитой ва Россия (осоишгоҳи «Роза Хутор»-и Сочи) силсилаи роҳҳои танобӣ фаъолият доранд.
Бо рушди соҳа навъҳои гуногуни роҳҳои танобӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Масалан, дар Сингапур бори аввал дар ҷаҳон вагонҳои ба роҳҳои мазкур мувофиқро истеҳсол карданд, ки пурра аз шиша сохта шудааст.
Хизматрасонии роҳҳои танобӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия арзонтарин дар ҷаҳон буда, роҳкирои он ҳамагӣ 1 риёл (ним доллар) аст. Ин рақам дар Чехия 1 доллару 20 сент, Исроил 19 доллар (ду тараф), Бастилияи Фаронса 6,8 евро, Сингапур 18,6 доллар (ду тараф) ва Арманистон 6 евро мебошад.
Масири роҳҳои танобии Рио-де-Жанейро дар ҷаҳон дарозтарин роҳи кабелии шаҳрӣ (се километру 456 метр) ба ҳисоб рафта, дар як соат ба ҳисоби миёна 3000 мусофир мекашонад. Он дорои 152 вагонча буда, аз соати 6-и субҳ то 21 фаъолият мекунад.
Дар шаҳри Меделинеи Колумбия моҳе тавассути роҳҳои танобӣ зиёда аз 1 миллион мусофир кашонида мешавад. Соле аз фурӯши чиптаҳои вагонҳои дар чунин роҳҳо ҳаракаткунанда 34 миллион доллар ба даст меояд. Харҷи ин иқдом барои як мусофир дар муқоиса бо нақлиёти автомобилӣ ду баробар кам аст.
Масалан, то бунёди роҳи танобии Нижний Новгород — Бор (Федератсияи Россия) мусофирон ин масофаро дар як соат тай мекарданд. Баъди ба истифода додани роҳи зикршуда хатсайри мазкурро мусофирон дар 12 дақиқа тай намуданд. Акнун моҳе тавассути он зиёда аз 2 миллион мусофирон ба мавзеи дилхоҳашон мерасанд.
Соли 1975 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 30 — солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Боғи «Ғалаба» ва роҳи танобӣ ба истифода дода шуд. Соли 2012, бинобар фарсуда шудани таҷҳизот ва мавҷуд набудани қисмҳои эҳтиётӣ, ҳаракати он боздошта шуд.
Соли 2016 дар осоишгоҳи «Сафеддара»-и ноҳияи Варзоб, ки 70 километр аз пойтахт дур аст, яке аз муосиртарин хатсайри танобӣ дар Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд. Дарозии он 2 километр буда, мусофирон ин масофаро дар 7 дақиқа тай мекунанд.
Дар шаҳри Хуҷанд моҳи апрели соли 2019 роҳи танобии дарозиаш 1050 — метра мавриди истифода қарор гирифт. Хатсайри мазкур 35 метр баландтар аз болои дарёи Сир буда, ба мусофирон 47 вагон хизмат мерасонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми декабри соли 2022 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд: «Дар сурати истифодаи неруи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нефтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд».
Хуб мешуд, ки бо ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ на танҳо дар пойтахт, балки дар шаҳрҳои Хоруғу Роғун, Кӯлоб ва Бохтар низ роҳҳои танобӣ сохта шавад, зеро бартариҳои иқтисодию экологии ин навъи нақлиёт дар бисёр кишварҳо исбот шудааст. Яке аз афзалияти мошинҳои кабелӣ дар он аст, ки барои кашидани хати онҳо замин аз истифода намебарояд. Хати ҳаракати онро аз болои боғу киштзор ва роҳҳои мавҷудаю минтақаҳои аҳолинишин низ кашидан мумкин аст. Ин намуди нақлиёт зудтар маблағи сарфшударо ҷуброн намуда, талабот ба сӯзишвориро коҳиш медиҳад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»