Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст, ки баъд аз марг савоби тамоми амалҳои инсон қатъ мешавад, ғайр аз се чиз: якум, фарзанди солеҳе, ки дар ҳаққи падару модараш дуо кунад: дуюм илм (таснифот, китоб)-е, ки аз ӯ боқӣ мондааст ва сеюм садақаи ҷория. Мафҳуми «садақаи ҷория» хеле васеъ буда, сохтани масҷиду мадраса (мактаб), бунёди роҳу купрӯк, кандани чоҳ ё ҷӯйи об барои шодоб намудани мавзеъҳои беоб, шинонидану ба воя расонидани дарахт ва дигар амалҳои хайри ба нафъи ҷомеа нигаронидашударо дар бар мегирад. Яъне, савоби амалҳои зикршуда баъд аз марг низ ба кас мерасад.
Сокини дурдасттарин ва баландтарин деҳаи шаҳри Ҳисор — Арҷинаки Боло Ҳамза Саидов, ки қариб 80 сол умр дорад, тасмим гирифт, ки мувофиқи қудрату тавоноӣ роҳи мушкилгузари самти деҳаашро бо маблағи солҳои зиёд ҷамъовардааш бетонпӯш кунад. Роҳи мазкур, ки аз ҷудошавии деҳаҳои Шамалу Арҷинак оғоз меёбад, яке аз баландтарин ва хатарноктарин роҳҳои шаҳри Ҳисор ба шумор меравад. Онро дар даврони шӯравӣ ба хотири ҷустуҷӯи геологӣ, омадурафт ба лагери тобистонаи «Арҷинак» ва хоҷагии ҷангали Ҳисор тавассути булдозер тахту ҳамвор намуда буданд ва то ҳол хокию сангфарш буда, умуман мумфарш нашудааст.
Ҳамза Саидов як умр ба ҳайси ҷангалбону асалпарвар дар ин деҳаи дурдаст зиндагӣ карда, ҳазорон бех дарахтони сояафкану мевадиҳандаро ба воя расонида, дар сарсабзии диёр саҳм гузоштааст. Ӯ чанде пеш аз ҳисоби хеш қуму шағалу семент харида, 600 метр қисмати аз ҳама мушкилгузари роҳи самти деҳаҳои Арҷинаки Поёну Арҷинаки Болоро бетонпӯш кард.
Ин иқдоми неки Ҳамза Саидовро сокинони деҳаҳои зикршуда ва меҳмонони ин мавзеи хушобу ҳаво бо хушӣ истиқбол намуда, дар ҳаққаш дуои хайр мекунанд. Зеро акнун дар мавсими боришот низ рафтуо ба деҳаҳо имконпазир гардид. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода барои ин ташаббус Ҳамза Саидовро бо сипоснома қадрдонӣ кард. Ӯ тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳар сол маблағи аз фурӯши ҳосили 80 бех дарахти себ бадастовардаашро сарфи таъмири роҳ намояд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»