Соли 1993, дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфт: «Роҳ ин иншооте мебошад, ки моро ба дунё мепайвандад ва қалби мардуми зиндаҷудои тоҷикро ба ҳам меорад. Бе роҳҳои хубу тахту ҳамвор тараққиёти мамлакат ва пешравии иқтисодиётро тасаввур кардан аз имкон берун аст. Мо бояд ҳама вақт барои сохтмони роҳҳои нав ва таъмири роҳҳои мавҷуда маблағро дарёфт намоем ва роҳҳои нав ба нав созем. Бештар ба кадрҳои ин соҳа аҳамияти асосӣ дода, имконияти навоварии кадрҳои ин соҳаро ривоҷу равнақ диҳем».
Ин суханон дар рӯзҳое садо доданд, ки кишвари тозаистиқлоли мо гирифтори мушкилоти зиёд буд ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёфт. Азми қавии роҳбарияти олии кишвар имкон дод, ки ин масъала ҳалли худро пайдо намояд ва он яке аз дастовардҳои асосии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Дар робита ба ин, бо сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Нуриддин Қурбонов мусоҳиб гаштем.
- Хоҳишмандам, дар бораи комёбиҳои роҳсозон дар 25 соли соҳибистиқлолӣ мухтасар маълумот диҳед…
- Роҳу роҳдорӣ дар иқтисодиёти ҳар як кишвар аз ҷумлаи соҳаҳои калидӣ маҳсуб меёбад ва ин нуктаи муҳимро ба назар гирифта, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурӣ роҳбарияти олии кишвар ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.
Маҷмааи нақлиётии кишвар дар партави амалӣ намудани яке аз аҳдофи муҳими стратегӣ, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат солҳои Истиқлолияти миллӣ тағйир ёфта, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти худ ворид гардид. Имрӯз ҳаракати доимии нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ ва самтҳои байналмилалӣ тамоми сол таъмин аст.
Чанде пеш роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб мавриди истифода қарор гирифт ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими тантанавӣ ба ин муносибат таъкид дошт, ки «Бо дарназардошти он ки рушди муназзами иқтисодиёти кишварро бе ташкили инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ, таъмин намудан ғайриимкон аст, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба масъалаи бунёди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, то ба имрӯз барои аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудани кишвар ва ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ амалӣ карда шудаанд, зеро кишваре, ки дар назди худ ҳадафи пешрафту тараққиётро гузоштааст, бе сохтмону азнавсозӣ кардан ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани шабакаҳои дохилии коммуникатсионӣ рушди муназзаму устувори худро таъмин карда наметавонад».
То имрӯз иншооти зиёд бунёд ёфтаву таҷдид гардиданд, ки онҳоро номбар кардан ғайриимкон аст. Сохтмони роҳи автомобилгарди Мурғоб-Кулма бо дарозии 32,6 км, таҷдиди роҳи автомобилгарди Шкев — Зиғар бо дарозии 37,83 км, сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар, марҳилаи I бо дарозии 5,5 км, марҳилаи II бо дарозии 9,75 км ва марҳилаи III бо дарозии 18,75 км, нақби автомобилгарди «Истиқлол» дар ағбаи Анзоб бо дарозии 5000 метр, нақби автомобилгарди «Озодӣ» дар ағбаи Шар-Шар бо дарозии 2223 метр ва роҳҳои ба нақббаранда бо дарозии 4,942 км, таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб бо дарозии 100 км, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Панҷи Поён бо дарозии 672 метр, сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ бо дарозии 335,86 км, нақби Шаҳристон бо дарозии 5253 метр, сохтмони нақби Чормағзак бо дарозии 4450 метр, таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода бо дарозии 57 км, таҷдиди роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент бо дарозии 112,6 км аз ҷумлаи онҳоянд, ки дорои аҳамияти бузург барои ҷумҳурӣ мебошанд.
Умуман, танҳо аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва ҳиссагузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ин давра наздики 1937 км роҳ, 31 км нақб, 200 пул бо дарозии 6992 метр мавриди истифода қарор дода шуданд.
- Роҳҳо нигоҳубини доимиро тақозо доранд ва яке аз самтҳои фаъолияти кормандони соҳа доимо дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо мебошад. Мегуфтед, ки ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 чӣ гуна омодагӣ доред?
- Дар вазорат ситод ташкил шудааст ва аъзои он мунтазам ҷараёни омодагиҳоро ба давраи тирамоҳу зимистон баррасӣ мекунанд. Нақшаи корҳо дар идораҳои вилоятӣ ва минтақавии хоҷагии роҳҳои автомобилгард таҳия ва тасдиқ шудааст. То 1 сентябри соли ҷорӣ 18156 метри кубӣ (59,6 фоизи нақша) маводи зидди лағжиш, 128,6 тонна (60,9 фоизи нақша) ангиштсанг ва 328 метри кубӣ (76,8 фоизи нақша) ҳезум захира карда шудааст. Дар ин бобат муассисаҳои давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и вилояти Суғд ва минтақаи Ҳисор дар сафи пеш қарор доранд. Роҳсозӣ касби пуршарафу амали хайрест. Шоире фармуда, ки:
Роҳсозонро дуое мерасад,
Ҳар кӣ роҳ паймуд ба ҷое мерасад.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»