АФСОНА НЕ, ҲАҚИҚАТ!
Қабл аз он, ки роҳи сафар пеш гирем, бо директори генералии сохтмони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода тариқи телефон суҳбат доштем.
- Нигарон набошед, муаллима, дари коргоҳи мо барои шоирону нависандагон, аҳли илму адаб, фарҳангу ҳунар, рӯзноманигорон ҳамеша кушода аст. Марҳамат намоед. Бо Фарҳодҳои кӯҳкани афсонавӣ не, Фарҳодҳои воқеӣ рӯ ба рӯ ҳамсуҳбат шавед, — гуфт раис ва эҳтиромона афзуд: — Масъулинро огаҳ мекунам, шуморо истиқбол мегиранд.
…Киштии хаёл моро ба гузаштаи на чандон дур мебарад. Солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон. Ба ҳамон замоне, ки азоби бебарқӣ мекашидем, пиру ҷавон, хурду калон… Манзари ҳузнангезе, ранги заъфароне доштем. Шаҳру деҳаҳо, кӯчаву роҳравҳо, даруни бинову манзилҳо, хусусан, шомгоҳон ҳама атрофу акноф, торику зулмонӣ мешуд. Вазъ то ба ҳадде нигаронкунанда буд, ки на танҳо манзили одамон, корхонаҳои хурду миёна, ҳатто иншооти азими саноатӣ ҳам аз норасоии барқ маҷбур мешуданд, фаъолиятро тағйир диҳанд. Моҳҳои сарди тӯлонии зимистон, бебарқӣ, бегазӣ, беморӣ… Ин ҳама қариб буд чароғи умедро ба рӯзи равшан хомӯш созад… Вале ҳазорон шукр, ногаҳон ҳамон сон, ки дар лаҳзаҳои ҳассостарину рӯзу соатҳои мушкилтарини тақдирсози халқ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нидои ҷонбахши «Ман ба шумо сулҳ меоварам» ба мардум умеду боварӣ бахшиданд, дар он рӯзҳо ҳам ба халқ муроҷиат карда гуфтанд: «Роғун» ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст. Мо онро ба хотири ободӣ ва ояндаи дурахшони давлатамон, ҳарчанд дар шароити имрӯз кори сахт ва мушкилоти хорошикан аст, бунёд мекунем». Ин суханони Роҳбари давлат, ки бо ихлосу муҳаббат, имону эътимоди бузург ба азму ирода ва неруи хастагинопазири мардуми тоҷик садо доданд, паёми равшане буданд, ки дар дилҳо чароғи умедро барафрӯхтанд…
АЗ АВРОҚИ ТАЪРИХ
Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» соли 1930 ҳамчун иншооти муҳими стратегии Иттиҳоди Шӯравӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои омӯзишӣ дар он солҳои 60 – уми қарни гузашта, дар баробари бунёди НБО «Норак», ҷараён пайдо карданд. 7 сентябри соли 1971, дар мавзеи Ҷӯшони Майдон (имрӯза ҳудуди Роғун) бо иштироки Котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов, вазири энергетикаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Г.А. Непорожный, роҳбарон, фаъолон, аҳли адабу зиёиёни ҷумҳурӣ, оммаи васеи мардум ҷамъомади мутантан баргузор ва лентаи рамзӣ бурида шуд. Бунёди НБО «Роғун» оғоз гардид. Дар аввал шаҳрчаи сохтмончиҳо сохта шуда, минбаъд намояндагони 17 халқияту миллат дар бунёди неругоҳ ширкат варзиданд. То оғози солҳои навадуми асри гузашта 43 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтанд ва баландии сарбанди он ба 40 метр расид. Мутаассифона, бар асари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмон қатъ гардид. Техникаву таҷҳизот ва дигар амволи неругоҳ ба яғмо рафтанд…
ЭЪҶОЗИ ОРМОНҲО
…Моро дар саҳни ҳавлии мудирияти корхонаи ҶСК «НБО «Роғун» корманди масъули он ҷавонмарди кушодачеҳра Сафарбек Вализода «хуш омадед» — гӯён истиқбол гирифт ва пурсон шуд, ки хоҳиши ба утоқи корӣ даромадан дорем ё аввал ба корзор назди коргарон рафтанием? Албатта, пешниҳоди дуюмро пазируфтем. Дар як фурсат аз рӯи ҳуҷҷатҳои шахсиамон рухсатнома омода карда, барои эҳтиёт тоскӯлоҳ (каска) ҳам доданд. Сардори гурӯҳи намояндагии фармоишгар ё худ масъули сарбандҳо, мутахассиси кордону пуртаҷриба Қурбонназар моро роҳбаладӣ кард. Ба мошин нишаста, сӯи коргоҳ роҳ пеш гирифтем. Баъди чанд лаҳза роҳбаладамон аз ронандаи мошин хоҳиш кард, ки онро нигоҳ дорад. Сипас, фаромад ва мо ҳам аз мошин берун шудем. Ҳаво гарм буд.
Ана, ин ҷо сарбанд аст, ҷои ғуншавии оби дарё. Дар пояи кӯҳ рӯз ба рӯзу соат ба соат об зам мешавад, — мефаҳмонад роҳбалад.
- Ин магар ҳамон сарбанд аст, ки Пешвои миллат ба бунёдаш оғоз бахшиданд? – пурсидем аз роҳбалад.
- Не, аз он лаҳзаҳои таърихӣ хеле муддат гузаштанд, дигаргуниҳои азим рӯи кор омаданд. Он сарбанд ҳоло пурра бо об маҳкам шудааст, — ҷавоб дод ӯ.
Роҳамон идома меёбад. Дар баландие қарор мегирем, ки аз он ҷараёни корҳои сохтмонӣ, техникаву таҷҳизоти муосир, мошинҳои сершумори боркаш, булдозеру экскаватор, автокранҳои пуриқтидор хеле пуршаҳомат ба чашм мерасанд.
Пас, аз чандин нақбҳои зеризаминӣ: нақлиётӣ, сохтмонӣ обқабулкунаки доимӣ ва нақбҳои конвеерӣ мегузарем. Лаҳзае тасаввур мекунем, ки гӯё ба қаъри кӯҳ не, балки як шаҳри азими зеризаминие ворид шудем. Роҳбаладамон Қурбонназар Давронов мегӯяд:
- Ба гурӯҳи иншооти асосии зеризаминии НБО «Роғун» толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо, нақбҳои обқабулкунак, камераи васлгарӣ, нақби ҷараёнгузар ва коллекторҳо дохил мешаванд ва ӯ моро ба толори мошинҳо, толори трансформаторҳо, толори дарвозаҳо, бинои ҳафтошёнаи идораи неругоҳ роҳнамоӣ мекунад, ки хеле ҳайратовар аст.
- Бунёди толори мошинҳо ва трансформаторҳо бо насби қисми агрегатҳо амалӣ гардидааст ва он ба гуфти мутахассисон, дар ҷаҳон назир надорад,- мегӯяд бо ҳисси ифтихор вай ва мо ҳам ба ваҷд меоему беихтиёр аз дил мегузаронем : «Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳақиқат, падидаи нодиру нотакрор ва муъҷиза аст.
Дар минтақаи ядрои асосии сарбанди НБО «Роғун» қарор мегирем. Ин ҷо корҳои зеризаминӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Роҳбалад иттилоъ медиҳад, ки ин ҷо корҳои бетонгирӣ, сангу шағалхобонӣ бо суръати тез, ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҳар яки ин амалҳо зери назорати қатъии муҳандисону мутахассисони баландихтисос мебошад. Гурӯҳи сохтмончиёнро мебинем, ки дар ёнаҳои кӯҳ бо устувор кардан ва таъмини бехатарии сохтмончиён ва гурӯҳи дигар бо тахту ҳамворкунии таҳкурсиву рехтани бетон машғуланд. Гурӯҳи дигар канда шудани кӯҳпора ва дигар ҷинсҳои кӯҳиро пешгирӣ менамоянд.
Барои бунёди сарбанди НБО «Роғун» сохтмончиён нахуст дар сатҳи 965 метр ҷинсҳои сахти кӯҳиро пайдо карда, сипас, онҳоро аз лой ва дигар мавод тоза мекунанд. Танҳо пас аз муайян кардани пурра ҷавобгӯи талабот буданаш ба хобонидани бетон иҷозат дода мешавад. Пеш аз он ки таҳкурсӣ гузошта шавад, бо усули бофтан арматура баста мешавад. Барои иҷрои ин кор аз ҳама минтақаҳо кафшергарон даъват шудаанд, — мегӯяд Қурбонназар Давронов.
Бо чанд тан аз коргарон, ки худро муҳандису васлгар, нақбкан, кафшергари газию барқӣ, ронандагони техникаҳои гуногун, сардорони ширкатҳо, устоҳои қитъаҳои сохтмонӣ, челонгар, истеҳсолотчӣ, барқчӣ муаррифӣ карданд, аз ҷумла, Хоҷамурод Азимов, Шамсиддин Нуралиев, Музаффар Зайниддинов, Бобаки Кайҳону Афшин аз Эрон ва дигарон ҳамсуҳбат мешавем. Суҳбати моро садои таркишу резиши сангу хок, чақ-чақи путкҳо ва ғурроси таҷҳизоти дар боло насбшуда, фарёди кӯҳкани «БелАз» халалдор мекунанд, вале мо аз рӯҳияи болида ва хушгӯиҳои мусоҳибонамон дармеёбем, ки ҳарчанд заҳматашон бисёр нозук асту устуворию қатъият, масъулият ва иродаи қавиву таҳаммул мехоҳад, онҳо хаставу дилгир нестанд. Бо ҳам аҳлонаву дӯстона корҳоро дар зери замин анҷом медиҳанд, вале инро гӯё эҳсос намекунанд. Бо рӯҳияи баланди ватандӯстона изҳор медоранд, ки саҳм гузоштан дар бунёди иншооти муҳиму тақдирсоз — Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ҳар яки мо шараф ва ифтихор мебошад. Барои меҳнати пурсамар, истироҳати хушу бофароғат ҳама шароит фароҳам оварда шудаанд. Дигаронро ҳам даъват мекунем, ки ин ҷо биёянд. Бо дастури Сарвари давлатамон, кор набояд ин ҷо лаҳзае қатъ гардад ва касе ба бунёди он саҳм мегузорад, номаш дар китоби таърих бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад, — мегӯянд боифтихор онҳо.
Бисёр мехоҳем дасти ҳар якеро бифшорем, дар ҳаққи ин ҷавонони заҳматкашу сарбаланд беҳтарин суханҳоро гӯем, ба худашон, волидайну устодонашон, ки онҳоро чунин меҳнатдӯст, ватанпараст, хештаншинос, қобилу хушахлоқ, ҳушманду зирак, зиндадилу хушзавқ ба камол расонидаанд, ҳазорҳо ҳамду сано хонем… Модарона даст ба дуо мекушоем. Орзу мекунем: «Ҳамеша тансиҳат, сарфарозу саодатманд, комёбу муваффақ, хонаобод бошед. Вақти хуш, рӯзҳои неку пурфайз, умри дарози пурбаракат бубинед. Ҳамнишинатон фақат инсонҳои хуб, солеҳу покдил бошанд».
ҲАДИСИ РАҚАМҲО
Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз шаш агрегат иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди сангию хокӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт/соат), калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки он нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқдоштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.
Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони НБО «Роғун» дар давраи соҳибистиқлолӣ бештар аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст. Айни замон дар ин иншооти муҳими аср 35 ширкати ҷаҳонӣ ҷалб гардида, зиёда аз 10 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор ва зиёда аз 3 ҳазору 200 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидаанд…
«РОҒУН» — САРЧАШМАИ НУРУ ЗИЁ АСТ
Аз оғози корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо заҳмату талоши шабонарӯзии масъулин ва кормандони муҳандисию техникии ин иншооти бузурги аср то ба ҳол ду агрегати он, солҳои 2018 — 2019 сохта, ба истифода дода шудааст. Дар нақша аст, ки бо назардошти омилҳои объективию субъективӣ соли 2025 сохтмони агрегати сеюм, соли 2027 агрегати чорум ва то соли 2029 — 2031 агрегатҳои панҷуму шашум ба анҷом расонида мешаванд. Он ҳама азму ҷазму ҷоннисориҳо, он ҳама талошу кӯшишу заҳмат ва далерию мардонагиҳо, сабру таҳаммули бунёдгарони неругоҳро, ки мо худ дидему умеду боварро дар чашмони шарарборашон хондем, гувоҳ бар он буд, ки нақшаҳо дар муҳлатҳои муайяншуда ба иҷро хоҳанд расид. Дигар мардум аз бебарқӣ азият нахоҳанд кашид. Тоҷикистон нурборон, чароғистон хоҳад шуд ва нури ҷонафзои он хонадони ҳамсояҳои моро низ гарму пурзиё хоҳад кард. Дар дил хоҳише пайдо мешавад, ки номи чанд нафар беҳтаринҳоро ин ҷо сабт намоем, то дигарон низ аз кору қаҳрамониҳояшон огоҳ бишаванд. Инҳо Холмӯъмин Толибов — ронандаи қитъаи СМР, Маҳмадраҷаб Асоев — таъмиргари қитъаи КСВ СМР, Ҳайдаршо Аҳмадов — муҳандис, Сулаймон Холмирзоев — сардори қитъа, Гулбаҳор Солеҳова — хабардеҳи дараҷаи сеюми қитъаи бехатарии кӯҳӣ ва корҳои таркишӣ, Акрам Авғонов — таъмиргари дараҷаи шашуми сарқитъаи механиконидашуда, Саидбек Раҳмонов — устои хоҷагии истеҳсолии қуму шағали рақами 10 РСИ дар шаҳри Роғун, Абдусамад Давлатов — оператори хати конвейерии қитъаи бетоншӯрӣ, Шӯҳрат Раҳмонов — сардори шуъбаи лабораторияи санҷишии РСИ дар шаҳри Роғун, Зоир Назаров — ронандаи мошини сабукрав, Юсуф Мукаммалов — муҳандиси пешбари шуъбаи истеҳсолӣ- техникӣ… Албатта, рӯйхатро метавон боз ҳам идома дод, вале мо бо ҳамин иктифо карда мегӯем: «Сано бодо, ба якояки шумоён, диловарони арсаи корнамоиву қаҳрамониҳо, ки бо эъҷози дастони сеҳрофару дили пуроташи худ манзилу дилҳои мардумонро гарму равшан мекунед! Ҳаргиз хаста набошед!».
Роғун бинои ваҳдату ҳамбастагии мост,
Рафъи ҳазор мушкилу ҳам хастагии мост.
Чун арсаи садоқату номуси миллат аст,
Роғун, ки рамзи қудрату пайвастагии мост.
Бале, НБО «Роғун» танҳо неругоҳ нест, балки он нангу номус ва иттиҳоди мардуми тоҷик аст.
«РОҒУН» — ТАҶАССУМИ ИШҚИ ВАТАН
- Ҳар гоҳ НБО «Роғун» мегӯем, номи мубораку симои гарм ва нигоҳҳои меҳрбори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳи хос пеши назар меояд. Зеро таҷдид ва эҳёи ин шоҳкории беназир аз тасмимҳои сарнавиштсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, — мегӯяд ҳангоми суҳбат бо мо директори истеҳсолии ҶСК «НБО «Роғун» Анвар Раҳмонов, ки аз рӯзҳои нахустини оғози кор то ба ҳол дар ин иншоот пурсамар фаъолият дорад. Вай саҳифаҳои таърихи шурӯъ ба кор, мушкилиҳо, садду монеаҳо, роҳҳои бартарафсозии онҳоро пешорӯи мо варақгардон месозад. — Эҳёи НБО «Роғун» — гуфт, Анвар Раҳмонов, — гаронтарину бузургтарин имтиҳони миллат дар пеши таъриху ҷаҳон буд. Фишору маҳдудиятҳо аз хориҷи кишвар зиёд буд ва кам нафарон ба эҳёи дубораи он бовар доштанд. Сабабу баҳона пеш меоварданду «наметавонед» — мегуфтанд. Пешниҳоди Ҳукумати мамлакат бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати озоду шаффоф анҷом додани ташхису озмоиши лоиҳаи НБО «Роғун» қариб чаҳор сол идома ёфт. Ташхиси байналмилалӣ собит сохт, ки бунёди НБО «Роғун» имконпазир аст ва сохта ба истифода додани он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои ҳамсояву Осиёи Марказӣ ва минтақа ҳам муфид хоҳад буд. Ҳамин тавр, бунёди НБО «Роғун» бе ягон маблағи қарзӣ оғоз ёфт. Дар бунёди он бештар аз замони шӯравӣ мутахассисону кормандони хориҷиву дохилӣ ҷалб карда шуданд ва муддате нагузашта, ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард. Вақте ки аз хориҷа меҳмонони баландпоя ва мутахассисони соҳа омаданду ҷӯшу хурӯши корҳо, техникаҳои муосир, таҷҳизоти пуриқтидорро диданд, дар ҳайрат монданд. Ҳатто вақти вазири энергетика ва саноати Афғонистон ҳайраташро пинҳон карда натавониста гуфт: «Ба давлати мо ҳамчун кишвари осебпазир хеле кумакҳои башардӯстона мерасанд. Вале, сад афсӯс, ки мо ба мисли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешво надорем…» Пас, чӣ тавр, мо — тоҷикон аз Пешвои худ наболему нафахрем? Пеши хираду заковат, ҳиммату мардонагиву корнамоиҳои қаҳрамононаашон сари таъзим фуруд наорем?
Бо як ҷаҳон таассурот, эҳсоси саршори ифтихор аз Ватану ватандорӣ, Пешвои миллат, шукргузорӣ аз ободӣ, осоиштагӣ, пешрафт, созандагӣ аз шоҳкории муҳташами НБО «Роғун» — Кохи фардоафрӯзи Ватан ба пойтахти кишвар бармегардем. Бо эътимоди қавӣ ба он, ки НБО «Роғун» бо ҳама ҷалолу шукӯҳу шаҳоматаш дар марҳилаҳои наздиктарин бунёд мешавад ва бо нуру равшании ҷовидонааш на танҳо Тоҷикистон, балки оламро фурӯзон месозад.
Мавлуда ШАРИФЗОДА,
узви Конфедератсияи байналмилалии журналистон,
Хуҷанд — Душанбе — Роғун — Душанбе – Хуҷанд