16 ноябри соли 2021 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи бобаракат аст. Маҳз дар ин рӯз 29 сол муқаддам чорабинии бузурги наҷотбахши миллат Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор оғоз намуд. Аз соли 2016 санаи мазкур дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Инчунин, соли 2018 дар ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми НБО «Роғун»- ро ба кор дароварданд, ки бо иштироки доираи васеи меҳмонони дохилию хориҷӣ сурат гирифта, ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфт.
Расо 5 сол пеш Сардори давлат 29 октябри соли 2016 савори булдозер аз соати 10-и субҳ то 11:30 дақиқа бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар он маросими бошукӯҳ Пешвои миллат иброз намуданд, ки: «Дар Тоҷикистон манбаъҳои нефту газ ва истихроҷу коркарди сӯзишворӣ ба қадри кофӣ нестанд, вале захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузурганд, ки онҳо боигарии миллии мо мебошанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад».
Тавре ҳама медонанд, солҳои қабл мардуми кишвар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар як шабонарӯз 2-3 соат барқ мегирифтанд. Моҳи январи соли 2008 бошад аз сабаби сармои шадид дарёҳо ях баста, интиқоли неруи барқ дар баъзе аз минтақаҳо чанд рӯз қатъ гардид. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар муайян карда, барои расидан ба он захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли равон баён намуданд, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда, боз 17 лоиҳа ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст. Инчунин, зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт- соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт — соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки бе сохтмони НБО «Роғун» ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ғайриимкон аст. Он дар силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аз боло нуҳум буда, 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир ва аз 6 чарха иборат буда, иқтидори ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди НБО «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт- соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии НБО «Норак» якуним баробар зиёд аст. Ғунҷоиши об дар обанбори он 13,3 километри мукаабро ташкил хоҳад дод. Ин имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад.
Алҳол дар ҷаҳон баландшавии нархи сӯзишворӣ ва камшавии захираи нефту газ ба иқтисоди бисёр давлатҳо таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар чунин вазъият истифода бурдан аз неруи барқи обӣ, ки аз лиҳози экологӣ тоза мебошад, айни муддаост.
Ҳоло дар иншооти муҳими аср — НБО «Роғун» қариб 15 ҳазор нафар мутахассису коргар, намояндагони халқу миллатҳои гуногун машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар шудаанд.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Завтра»-и Россия Александр Проханов пас аз боздид аз ин иншооти бузург хотираҳояшро дар «Роғун» — муъҷизаи зери кӯҳ» ном мақолааш чунин нигоштааст: «Неругоҳи барқи обии «Роғун» сохтмони президентӣ буда, дастранҷи боқадртарини Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ӯ онро ҳамчун ёдгоре аз бунёдкориҳои худ мерос мегузорад. Вай аз тамоми ҷаҳон бинокорону муҳандисонро гирд оварда, буҷети мамлакатро чунон ба назар гирифтааст, ки барои сохтмони неругоҳ аз он ягон доллари қарзӣ сарф нашудааст…».
Баъзе аз бадандешон дар гузашта мағал бардоштанд, ки сохтмони НБО «Роғун» ба бе обёрӣ мондани ҳазорон гектар замин дар кишварҳои поёноб боис мегардад. Аммо Пешвои миллат бо ҳамон самимияту тамкини хос иброз доштанд, ки ҷумҳуриҳои ҳамсоя бе об нахоҳанд монд: «Мо тарафдори ҳамкориҳои самарабахшу мутақобилан судманд бо давлатҳои минтақа дар самти амалӣ сохтани нақшаҳо доир ба обу энергетика мебошем… Бо масъулияти тамом иброз медорам, ки мо ба идомаи ин анъанаи неки ниёгонамон ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ ва бе ҳеҷ ваҷҳ бе об намегузорем».
Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст. Ҳоло, дар шароите ки тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ба муҳити зисти минтақа зарари калон мерасонад, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ иқдоми оқилонаву самаранок ва фоидаовару безарари истифодаи захираҳои обу энергетикӣ ба шумор мераванд.
Аз тарафи дигар давра ба давра ба истифода додани чархаҳои навбатии НБО «Роғун» раванди саноатикунонии мамлакатро густариш дода, ба таъсисёбии ҳазорон ҷойи нави кор боис мегардад. Ва он рӯз дур нест, ки нури «Роғун» кошонаи ҳамватанонро боз ҳам мунаввартар карда, неруи изофаи он ба кишварҳои дигар содирот мешавад.
Музаффарҷон МАҲМУДЗОДА,
узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон
ва коммуникатсия