Моҳи феврали соли 2016 бо мақсади паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон амалисозии лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо — 11» оғоз ёфт. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ҳамчун агентии татбиқкунандаи он, ки аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ мешавад, муайян гардид.
Ба гуфтаи директори МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода, вазифаи асосии лоиҳа беҳтар намудани ҳолати озуқаворӣ ва мусоидат дар афзун кардани даромади зиёда аз 38000 хонаводаи камбизоат тавассути баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва даромаднокии чорводорӣ ва идоракунии самараноки чарогоҳҳо мебошад.
Зимни боздид аз деҳаҳои мавриди татбиқи лоиҳа қарордошта самаранокию устуворӣ аён гардид. Тавре роҳбари Ҷамъияти рушди чарогоҳистифодабарандагони «Қаратов — 2017» дар деҳаи Кӯҳдомани деҳоти «Ватан» — и ноҳияи Фархор Тоҳир Ойматов иброз намуд, соли 2018 МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чаргоҳҳо» ба ҷамъият ду адад трактори тамғаи «Беларус» дастрас намуд. Сокинони деҳа се сол аст техникаҳои муқтадирро дар корҳои хоҷагӣ васеъ истифода мебаранд.
- Солҳои пеш, бинобар нарасидани техника, аз заминҳои деҳа асосан як ҳосил мегирифтем. Аз баракати техникаи нав баъди ҷамъоварии зироати якум, заминро хушсифат шудгор ё сихмола карда, зироати дуюмро кишт мекунем. Ин дар самти бо озуқа таъмин намудани сокинон мадад расонид, — гуфт Тоҳир Ойматов.
Дар доираи татбиқи лоиҳа бо мақсади хушзот кардани чорво аз шаҳри Ҳисор 15 сар қӯчқори гӯсфанди зоти ҳисорӣ овардем, ки акнун гӯсфандони хушзоти сокинони деҳа гӯшту равғани зиёдтар медиҳанд.
- Аҳолии деҳаи Кӯҳдоман 2858 нафарро ташкил дода, аз онҳо 1400 нафар бонувонанд. Дар заминаи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа бо ҷалби бонувони хонаводаҳои ниёзманд фаъолияти гурӯҳи ташаккули даромадовар оид ба парвариши настаран (хулул, хуч), коркард ва бастабандии меваи хушк таъсис дода шуд. Инчунин, ба 50 хонавода 240 сар мурғи марҷон ва се инкубатори чӯҷабарорӣ дастрас гардид, — гуфт номбурда.
Тавре раиси гурӯҳи занони деҳаи Кӯҳдоман Матлуба Ятимова иброз дошт, се сол қабл бо мақсади дастгирӣ ва ба кор ҷалб намудани бонувони деҳа дар масоҳати як гектар ниҳоли настаран шинонида шуд. Баҳри самаранок истифода бурдани замин байни қаторҳои настаран сабзавот ва зироатҳои полезӣ кишта шуд. Таҷрибаи нахустин натиҷаи хуб дода, ташаббускорон хонаводаашонро бо сабзавоту харбузаю тарбуз таъмин намуда, як қисмашро фурӯхтанд. Инчунин, дар маҳаллаи «Кӯҳдоман — 1» таҷҳизоти мевахушккунӣ дастрас карда шуд. Ҳамин тавр, дар корхонаи хурди мевахушккунӣ 10 нафар занони хонашин соҳиби ҷойи кор гардиданд. Бонувон олу, олуболу, зардолу, себ ва настаранро дар таҷҳизоти замонавӣ хушк намуда, бастабандӣ мекунанд.
Ба беҳтаркунии ҳолати чарогоҳ низ таваҷҷуҳ зиёд аст. Ба гуфтаи Тоҳир Ойматов, барои аз эрозия нигоҳ доштани талу теппаҳои Сиёҳкӯҳ (Қаратов) атрофи як гектар замин бо симтӯр маҳкам карда шуд, то тухми алафҳои кӯҳӣ несту нобуд нашуда, пухта расад.
- Мақсад дорем, ки сол то сол заминро зиёд намоем ва ба ин васила, ҳолати чарогоҳҳоро беҳтар гардонем,- гуфт Т. Ойматов ва идома дод: -Бо кумаки аҳли деҳа ва бо истифода аз техникаи муосир 1200 метр заҳбуреро, ки солҳои зиёд тоза нагардида буд, тоза намудем. Дар натиҷа, сатҳи оби зеризаминӣ поёнтар рафта, шароити киштукор беҳтар гардид.
Дар заминаи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар деҳаи Ибрати деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ зерлоиҳаи «Сохтмони хати оби нӯшокӣ дар чарогоҳҳо» барои чорвои аҳли деҳа ба масофаи зиёда аз як километр об оварда шуд.
Раиси маҳалла Қурбоналӣ Холматов иброз намуд, ки солҳои пеш дар чарогоҳи деҳа ҳавзи обнӯшии чорво буд, ки обаш бадбӯю сифати ногувор дошт. Аз ин рӯ, чорво бисёр вақт дучори беморӣ мешуд. Ба шарофати овардани хати оби нӯшокӣ сокинони деҳа дар мавзеи обнӯшии чорво якчанд ниҳоли дарахтони тут ва терак шинониданд, ки нашъунамояшон хуб аст. Оянда теъдоди дарахтони мевадеҳу сояафкан бештар мешавад.
- Баъди он ки ба Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳи «Ибрат» трактор ва мошинолоти кишоварзӣ дастрас карда шуд, барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани зироат ва бо сифат шудгор кардани замин, инчунин, мустаҳкам намудани базаи хӯроки чорво мусоидат кард, — гуфт Қурбоналӣ Холматов.
Инчунин, хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Зафарободи деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Восеъ ба истифода дода шуд. Аҳолии деҳа 1489 нафарро ташкил медиҳад. Акнун чорвои 196 хонаводаи деҳа бо об таъмин гардида, оби изофӣ бо усули қатравӣ барои обёрии ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю сояафкани сокинон сарф мешавад.
Зимни боздид аз деҳаи Дурахшони деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара мушоҳида намудем, ки татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» боис ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ гаштааст. Раиси Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳи «Дурахшон-1» Ҷамолиддин Сайфуров иброз дошт, ки аҳолии деҳа 972 нафарро ташкил дода, шуғли асосиашон зироаткорӣ ва чорводорӣ мебошад. Бо мақсади дастгирии занони деҳот дар доираи татбиқи лоиҳа ба ҷамъият 80 сар мурғи марҷон ва инкубатор дастрас карда шуд. Пас аз амалишавии фаъолият18 нафар бону бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Бо истифода аз инкубатор 870 сар чӯҷа аз тухм баромад, ки аз онҳо 590 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 280 сар чӯҷаи мурғи марҷон мебошад.
Сокини деҳа Фотима Абдулҳаева бо қаноатмандӣ гуфт, ки дар доираи татбиқи лоиҳа 10 сар мурғи марҷон гирифта, саршуморашонро аз 100 сар зиёд намуд. Аз онҳо 60 сар мурғро ба ҳамдеҳагон бо нархи арзонтар фурӯхта, боқимондаашро нигоҳубин мекунад. Талабгорони тухм низ зиёданд. Ӯ аз ҳисоби фурӯши мурғу тухм маҳсулоти барояш зарурро мехарад. Поруи мурғ бошад, беҳтарин нурӣ буда, ба зиёдшавии зироатҳо мусоидат мекунад.
Соли равон муҳлати татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо -11» ба итмом мерасад, лекин аён аст, ки ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ ва бонувони деҳаҳои дар доираи татбиқи он қарордошта тавассути мурғпарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, хушзоткунии чорво, беҳтаркунии вазъи чарогоҳҳо, бунёди боғ тавассути «ватербокс», инчунин, обёрии қатрагӣ вазъи таъмини хонавода бо маҳсулоти озуқавориро беҳтар ва сатҳи зиндагиашонро баландтар мегардонанд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ