Рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар минтақа баландтарин эътироф шуд

№94 (4677) 21.07.2023

Чанде пеш Бонки рушди АвруОсиё ҳисоботи макроиқтисодӣ аз рӯи ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2023 — ро омода намуд. Коршиносон муайян карданд, ки новобаста аз сустшавии фаъолияти тиҷоратӣ дар ҷаҳон иқтисодиёти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ рушд карда, сатҳи таваррум поён рафтааст.

Тибқи иттилои сомонаи «Ia. сentr. ru» дар семоҳаи якуми соли равон Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикис­тон 8,2 дарсад афзуд. Ин нишондиҳанда дар Қазоқис­тон 4,5 ва дар Қирғизистон 3,4 дарсадро ташкил дод.

Илова бар ин Тоҷикистон сатҳи пасти таваррумро нигоҳ дошта тавонист. Моҳи майи соли ҷорӣ таваррум 2,4 дарсадро ташкил дод, ки дар панҷ соли охир натиҷаи беҳтарин аст.

Мувофиқи хулосаи коршиносон яке аз манбаъҳои рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар Тоҷикистон зиёд шудани талаботи дохилӣ мебошад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ гардиши савдо дар кишварамон 14,8 дарсад афзуда, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 22,8 дарсад зиёд шуд. Дар соҳаи аграрӣ истеҳсолот 12,6 дарсад боло рафт.

Дар баробари ин коршиносони Бонки рушди АвруОсиё ба Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки омилҳои ғайричашмдошт, ба монанди баландшавии сатҳи таваррум дар Федератсияи Россия, пастшавии қурби рубли русӣ ва эҳтимоли камшавии интиқоли маблағ аз ин кишварро ба инобат гиранд, зеро ҳаҷми интиқоли маблағ ба ММД таъсири назаррас мегузорад.

С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»