Чанде пеш дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Раиси кумита Баҳодур Шерализода дар оғози ҷаласа иброз намуд, ки вақте сухан дар бораи арзиши Истиқлолияти давлатӣ меравад, давраҳои мушкилтарини поягузории он пеши назар меояд.
Дар зарфи 31 соли Истиқлолият бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари Олии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишварамон навгониҳои зиёд ба вуқуъ пайвастанд. Дар ин давра Ҳукумати мамлакат иқдомҳои бузургро ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум амалӣ намуд. Дастоварди бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ, бешубҳа, сулҳу амонии кишвар мебошад, ки ба шарофати сиёсати сулҳпарваронаи Роҳбари давлат ва азму иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омадааст,- гуфт Баҳодур Шерализода.
Ӯ, ҳамчунин, ки мақомоти ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими давлатӣ табдил ёфт. Аз таъсисёбии он (соли 1989) то ба ҳол барои тақвият бахшидани фаъолияти сохториаш аз ҷониби мутахассисони соҳа корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Барои истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд.
Дар ин давра корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ, илмию методӣ, ташкилию сохтории мақомот гузаронида шуданд, ки барои устувор гаштани мақомоти зикршуда ва баланд бардоштани сатҳу сифати ҳифзи табиат мусоидат намуд, нуфузу эътибори соҳаро ба сатҳи байналмилалӣ бароварданд.
Ҳоло Кумитаи ҳифзи муҳити зист яке аз сохторҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатии экологӣ, обуҳавошиносӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ фаъолият менамояд, назорати давлатии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи табиатро амалӣ месозад.
Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода ҳозиринро аз номи Ҳукумати мамлакат шодбош гуфта, ба сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об Саидисмон Судуров, сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ Гулрухсор Тиллоева, директори Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» Суҳроб Холзода медали «Хизмати шоиста» ва ба сардори шуъбаи Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Гулбаҳор Қосимова Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд. Ҳамчунин, як қатор кормандон ва собиқадорони ҳифзи муҳити зист бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар чорабинӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ, ки байни кормандони воситаҳои ахбори омма дар мавзӯи «Пиряхҳои Тоҷикистон-сарчашмаи обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва омили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» эълон гашта буд, диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд. Аз ҷумла, Марзия Саидова («Ховар»), Шоистаи Аҳмад (радиои «Тоҷикистон»), Мирзо Асозода («ТВ «Ҷаҳоннамо») ва Бурҳонидддин Каримзода («Садои мардум») дар номинатсияҳои гуногун ғолиб дониста шуданд.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»