Санаи 6 ноябри соли равон сокинони мамлакат баробари таҷлили 19-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳафт соли дигар Президенти худро интихоб намуда, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар якдилона овоз доданд.
Чанде пеш ҷаласаи аввалини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати нави он баргузор гардид. Дар назди ҳозирин Президенти тозаинтихоби давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯзаи хеле пурмӯҳтаво баромад карда, вазифаҳои аввалиндараҷаи тамоми сатҳҳои ҳокимиятро барои ҳафт соли оянда муайян намуд.
Аз ҷумла Сардори давлат аз тамоми масъулини шохаҳои ҳокимият, роҳбарони субъектҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва кулли соҳибкорони бонангу номуси кишвар даъват ба амал овард, ки ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, дар ин асос муҳайё намудани шароити мусоид баҳри соҳиб шудани ҳар як сокини давлати соҳибистиқлоламон ба зиндагии шоиста тамоми таҷрибаю қувваи хешро дареғ надоранд.
Як нуктаи ниҳоят диққатҷалбкунандаи маърӯзаи Сардори давлат дар ин ҷаласа он буд, ки савганди ҳангоми ба иҷрои вазифаи президентӣ барои ҳафт соли дигар шурӯъ намуданашон қабулнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин савганди ҳар як аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ, тамоми хизматчиёни давлатӣ баҳри хизмати содиқона дар назди халқу давлат ба шумор меравад.
Ҳангоме ки дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар тамоми сатҳҳои ҳокимият бо низом ба иҷро расонида мешаванд, боинсофию масъулиятшиносӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ба хислати ҳамешагии кулли роҳбарону хизматчиёни давлатӣ табдил меёбад, ҳалли муаммоҳои зиндагии мардум хеле осон хоҳад шуд.
Ҳамчун шахси зиёда аз 40 сол дар вазифаҳои масъули идоракунии ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, мақомоти молияю бонкдорӣ фаъолиятдошта, хушбин аз он ҳастам, ки алҳол дар ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар доктор илм, ҳафт нафар номзади илм, ду нафар бонувон ва бисёр шахсиятҳои дар фаъолияти қаблии хеш баҳри тақвият додани корҳои ободонию созандагӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар фидокорона саҳмдошта, ворид гардидаанд. Умед ба он дорем, ки Ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои боэътимоди рушди соҳаҳои хоҷагии халқро таҳия намуда, бо дастгирии тамоми ҳизбу ҳаракатҳо ва иштироки бевоситаи мардуми меҳнатқарин ва заковатпешаи Тоҷикистони азиз иҷрои онро таъмин менамояд.
Аз ҷумла, дастури Сардори давлат оид ба таҳияи барномаҳои миллӣ бобати рушди деҳот хеле саривақтӣ ва муҳим буда, дар ҳалли муаммоҳои мавҷуда нисбати тараққиёти иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои алоҳидаи кишвар аҳамияти махсус дорад.
Дар раванди омодасозии ин барномаҳо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд фаъол бошанд, зеро бо мақсади самаранок истифодабарии захираҳои моддию молиявии кишвар омӯзиши дақиқи самтҳои афзалиятноки рушд зарур аст.
Бо мақсади истифодаи босамари имкониятҳо дар давраи миёнамуҳлат (3-5 сол) хуб мебуд ба масъалаи барқароркунии фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи истеҳсолии ба буҷети давлатӣ бештар саҳмгузоранда эътибори махсус дода, аз сохтмони иншоотҳои саноатии маҳсулоташ ба бозори ҷаҳонӣ рақобатнопазир худдорӣ намоем.
Ҷиҳати маблағгузориҳо аз буҷети давлатӣ барои сохтмони асосӣ ва мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-техникии соҳаҳои буҷетӣ низ муайян намудани самтҳою соҳаҳои нисбатан афзалиятнок барои давраҳои миёнамуҳлат аз манфиат холӣ нест, зеро бо чунин услуб ҳалли мушкилоти соҳавиро дар тамоми манотиқи кишвар зина ба зина таъмин кардан мумкин аст.
Карамулло Одилов, сардори Раёсати молияи ноҳияи Спитамен, Корманди шоистаи Тоҷикистон