Аз фаъолияти ширкати саноатӣ

Саҳмгузори некуаҳволии аҳолӣ

№69 (3054) 08.06.2013

723684102

Шонздаҳуми июни соли 1948 Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи сохтмони комбинати сурбу руҳи ҳамонвақта Олтин-Топкан ба имзо расид. Азбаски он замон ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, конҳои корхонаи мазкур дар Тоҷикистон,  фабрикаи коркарди маъдан дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохта шуд. Маъдан аз конҳои Олтин-Топкан ба воситаи хати равон, ки дарозиаш 7 км-ро ташкил мекард (се километри он аз рӯй ва чор километри дигараш аз зери замин мегузашт), ба Комбинати металлургии шаҳри Олмалики Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол дода мешуд. Дар аввал аз конҳои шакли кушода истифода мебурданд. Азбаски бо ин тарзи кор расидан то маъдан душвор буд, яъне  тоза кардани ҷинсҳои кӯҳии зиёд зарур меомад, тасмим гирифта шуд, ки конҳои зеризаминиро кушоянд. То соли 1998 корхона дар системаи Комбинати металлургии шаҳри Олмалики Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият мекард. Давоми 44 соли фаъолият 56 миллион тонна маъдан истихроҷ шудааст. Соли 1998, вақте ки бозори металлҳои ранга тағйир ёфт, ҳамкории корхона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон қатъ гардид. Соли 2001 аз тарафи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон комиссияи давлатӣ таъсис ёфт, ки тамоми нақбҳо, воситаҳои асосӣ, воситаҳои ёрирасон ба давлати мо гузаронида шуд ва аз ҳамон вақт техникаҳои ҷониби Тоҷикистонро, ки дар конҳои Олтин-Топкан кор мекарданд, Комбинати металлургии шаҳри Олмалики Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба иҷора гирифтааст. Бо қатъ гардидани ҳамкорӣ корхона маҷбур шуд, ки дар бозори Тоҷикистон мавқеъ пайдо кунад. Аз ин рӯ, Идораи маъдани Олтин-Топкан техникаҳояшро як муддат ба Корхонаи муштараки «Апрелевка» ба иҷора дода, аз ҳисоби он кормандонашро бо маош таъмин намуд. Ғайр аз ин, роҳбарияти Корхонаи муштараки «Апрелевка» чандин нафар мутахассисонро бо ҷойи кор таъмин намуда, боиси аз ҷумҳурӣ нарафтанашон шуд.

Ҳаждаҳуми ноябри соли 2006 Идораи маъдани Олтин-Топкан дар музоядаи навбатӣ аз тарафи Ширкати «China Globle New Technology  imp.& exp.» (Ширкати содирот ва воридоти технологияи нав)-и Ҷумҳурии Халқии Хитой харидорӣ шуд. Моҳи июни соли 2007, дар заминаи Идораи маъдани Олтин-Топкан  Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ -саноатии Тоҷикистону Хитой» таъсис ёфта, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуда, расман ба фаъолият шуруъ намуд.

Пас аз ташкил шудани ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» дар навбати аввал барои санҷишу омӯзиши геологӣ мутахассисони тоҷику хитойӣ ҷалб шуданд. Аз соли 2007 барқарорсозӣ дар кони Пай-Булоқ шуруъ ва моҳҳои ноябр-декабри ҳамон сол аз кони зикршуда 1,5 тонна маъдан истихроҷ шуд. Баъдан маъданро захира намуда, ба сохтмони фабрикаи коркарди ашёи хом шуруъ намуданд. Бо ҷалби коргарон ва мутахассисони тоҷику хитойӣ давоми якуним сол фабрикаи бойгардонии маъдан ба истифода дода шуд. Пас аз ба анҷом расидани корҳои барқарорсозӣ дар соли 2011 аз ҳар ду кон-кони Зарнисор (Олтин-Топкан) ва Пай-Булоқ истихроҷи маъдан шуруъ шуда, соли 2012 бошад 810 ҳазор тонна маъдан истихроҷ гардид.

Тавре муовини директори генералии ширкати мазкур Мирзафар Зарипов иттилоъ дод, дар ин сол арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда ба 320 миллиону 868 ҳазору 16 сомонӣ расид. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли 2013 як миллиону 200 ҳазор тонна маъдан истихроҷ ва коркард карда шавад. Сармуҳандиси ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Сун Тси мегӯяд, ки тибқи дурнамо, то соли 2015 ҳаҷми истихроҷи маъданро то 2 ва то соли 2017  то 3 миллион тонна мерасонем. Дар ин ҳолат метавонем заводи металлургӣ ва дигар фабрикаҳои кӯҳӣ бунёд намоем.  Доир ба сохтмони коргоҳи металлургӣ зикр кардан бамаврид аст, ки лоиҳаи он аз ҷониби Институти лоиҳакашии шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой омода мешавад ва дар ин бора шартнома ба имзо расидааст.

Маҳсулоте, ки корхона истеҳсол мекунад, хокаи сурб ва  руҳ мебошад. Дар як тонна хока 70 фоиз металли сурб аст. Дар ҳамин миқдор хокае, ки фабрикаи маъдантозакунӣ истеҳсол мекунад, 60 фоиз  руҳ мавҷуд мебошад. Бино ба гуфти Мирзафар Зарипов, маҳсулоти корхона ба Ҷумхурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия содир мешавад ва то ҳол аз ҷониби ширкатҳои харидори маҳсулоти корхона ягон шикоят нест. Баръакс, бисёр корхонаҳои дигар ҳавасманди ҳамкорианд.

Тавре номбурда дар идомаи суҳбат иброз дошт, ба хотири коркарди ниҳойии сурбу руҳ дар дохили мамлакат, ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» тасмим гирифтааст, ки заводи металлургиро бунёд намояд, зеро вақте маҳсулоти тайёр ба фурӯш бароварда мешавад, манфиаташ зиёдтар аст.

Мо аз масъулини ширкат доир ба захираҳои маъдан дар конҳои дар ихтиёрдоштаашон пурсон шудем. Иттилоъ гирифтем, ки захираи маъдан дар кони Зарнисор 28 миллион тонна ва дар кони Пай-Булоқ 2 миллиону 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин нишодиҳандаҳое мебошад, ки то соли  2007 муайян шудаанд. Ғайр аз ин, ширкат барои анҷом додани корҳои иктишофӣ-геологӣ дар кони Зарнисори шимолӣ иҷозатнома гирифтааст ва соли 2012 бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Экспедитсияи геологии Қайроққум шартнома баста, барои муайян кардани миқдори маъдан корҳои ҷустуҷуйӣ-геологӣ мегузаронад.

Дар ширкати мазкур зиёда аз ҳазор нафар мутахассисони маҳаллӣ ва наздик ба шашсад нафар мутахассисони хитойӣ кор мекунанд. Аз тарафи роҳбарияти корхона барои кормандон якчанд имтиёз пешбинӣ шудааст, ки дасту дили эшонро ба кор гарм менамояд.

Дар суҳбат бо якчанд кормандони ширкат маълум гардид, ки онҳо аз шароити кор қаноатманданд. Муовини директори генералии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Мирзафар Зарипов мегӯяд, ки корхона шабонарӯзӣ дар се баст фаъолият намуда, дар назди ҳама қитъаҳо ошхона ташкил шудааст ва коргарон сари вақт бо хӯроки гарм таъмин мешаванд. Барои коргароне, ки дар дохили кон фаъолият мекунанд, хӯрокро бо термос равон мекунанд, зеро барои аз даруни кон то ошхона омадан ва баргаштан вақти зиёд сарф мешавад, ки ин ба раванди кор халал мерасонад. Инчунин барои коргаронро аз деҳаҳои атроф то корхона овардану бурдан ду автобус ҷудо шудааст, ки дар вақти лозима омадурафти саривақтиро таъмин менамояд. Ғайр аз ин, корхона имконият дорад, ки коргарони бе ҷойи зистро бо хобгоҳ таъмин намояд. Дар коргоҳ ҳуқуқу манфиатҳои  кормандон пурра ҳифз мешавад. Тавре  масъулин иброз доштанд,  пайваста кормандони ширкатро барои истироҳат намудан ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ равон мекунанд ва хароҷоташро пурра корхона пардохт менамояд.

Мардуми маҳаллии шаҳраки Зарнисор иброз медоранд, ки то ба фаъолият шуруъ кардани ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» аксари биноҳо бе одам монда, таъмирталаб шуданд. Аз ин рӯ, роҳбарияти ширкати мазкур тасмим гирифтааст, ки дар ободонии ин гӯшаи диёр саҳм гузорад. То имрӯз аз тарафи ширкат як бинои беморхона ва боми боғчаи бачагона таъмир шуда, кӯчаи Сохтмончиён пурра  чароғон гардид, ки барои фаъолияти мунтазами кормандон мусоидат менамояд. Муҳимтар аз ҳама, баъди ба кор даромадани корхона сатҳи камбизоатӣ дар шаҳрак коҳиш ёфта, аксари мардуми маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ғайр аз ин, сари як-ду моҳ ба маблағи 350 сомонӣ (орд, равған, биринҷ ва ғайра) аз тарафи ширкат ба камбизоатон ва пирону барҷомондагон кӯмак расонида мешавад.

Аз масъулини ширкат доир ба кӯмаки аввалияи тиббӣ ба кормандон дар ҳолатҳои зарурӣ пурсон шудем. Дар посух гуфтанд, ки беморхонаи шаҳрак дар ҳама ҳолат омодаи хизмати тиббӣ ба кормандон аст, зеро корхона беморхонаро бо доруворӣ мунтазам таъмин мекунад. Мирзафар Зарипов мегӯяд, ки аз нарасидани мутахассисони тиб танқисӣ мекашем. Масалан, дар беморхона духтурони ҷарроҳ ва терапевт фаъолият мекунанд, аммо духтури занона нест. Ғайр аз ин, тавре мардуми маҳаллӣ иброз доштанд, наздик ба сенздаҳ сол як қисми шаҳрак об надошт. ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» дар ҳамкорӣ бо корхонаи бисёрсоҳаи хоҷагии коммуналӣ дар мавзеи шарқии шаҳрак, ки он ҷо чашмаи оби нӯшокӣ мавҷуд аст, насосҳои обкаширо таъмир намуда, дар масофаи зиёда аз 2,5 километр қубурҳои нав шинонда, хати об кашидаанд ва аҳолии шаҳраки Зарнисор пурра бо об таъмин шуд.

Дар идомаи суҳбат  роҳбарони ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» иброз доштанд, ки дар корхона мутахассисони маҳаллӣ, аз ҷумлаи геолог ва муҳандисони кӯҳӣ намерасанд.

- Гарчанде бо  Донишкадаи кӯҳии металлургии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорем, аммо мутахассисони дорои ихтисос ва малакаи баланд заруранд. Аслан танқисии устои баст дорем. То солҳои наздик барои ихтисоси маркшедер (муҳандиси кӯҳӣ) донишкадаи фавқуззикр шуъбаи ғоибона дошт. Ҳоло он барҳам хӯрдааст. Хуб мешавад, ки шуъбаи ғоибона барқарор карда шавад, зеро онҳое, ки таҷрибаи корӣ доранд, дар шуъбаи ғоибона хонда, соҳиби ихтисос шаванд, хуб мешавад, — мегӯяд Мирзафар Зарипов.

Фаъолияти пурсамари ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» барои Ватани азизи мо манфиатовар аст, зеро агар аз як тараф садҳо ҳамватани мо соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуда бошад, аз тарафи дигар инфраструктураи маҳал ва минтақа, аз қабили роҳҳову хати барқ, иншооти гуногун сохтаву барқарор мешаванд. Ба буҷети маҳалливу ҷумҳуриявӣ даромадҳо дар шакли андозҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигар зиёд ворид мешаванд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»