Саҳми Пешвои миллат дар рушди мақомоти гумрук

№124 (4544) 05.10.2022

Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои ноором ва пур аз ҳаводиси охири асри гузашта бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, чун дигар сохтори давлатӣ, баҳри иҷрои таъмини як қисми даромади буҷети давлатӣ, ҳифзи амнияти иқтисодӣ, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъа­овар, мамнӯъ эълон доштани вуруди адабиёти ифротгаройӣ, танзими тиҷорати хориҷӣ ва пешгирӣ аз содироти осори арзишманди таърихиву фарҳангӣ саҳми босазо дорад.

Мақомоти гумрук таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари таъмини амнияти иқтисодӣ, ҳамчунин, барои ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда гузошта, ҷиҳати пешггирии ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, риояи тартиби муқарраргардидаи интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ва ҳифзи неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ муборизаи беамон бурда, ба институти муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ мубаддал гардид.

Тавре мусаллам аст, пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ иншооти гумрукӣ ва мутахассисони соҳаи гумрук берун аз ҷумҳурӣ монда, танҳо дидбонгоҳҳои гумрукии Панҷи поён, Қӯрғонтеппа ва Ленинобод бо зиёда аз 2 350 километр сарҳади маъмурии собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон монд. Ба ибораи дигар, маҳз туфайли талошҳои созанда ва дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мушкилиҳоро паси сар намудем, балки дар як ҷои холӣ тавонистем механизми боэътимоди гумрукии таъмини амнияти кишварро ба вуҷуд оварда, фаъолияти самараноки онро таъмин намоем. Бо дастгириҳои Давлат ва Ҳукумати мамлакат мақомоти гумрук тавонист ба мақоми боэътимоди татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ табдил ёбад.

Ҳоло мақомоти гумрук аз дастгоҳи марказӣ, Донишкадаи такмили ихтисос, лабораторияи гумрукии марказӣ, маҷаллаи «Гумрук», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона», Корхонаи воҳиди давлатии «Матбааи Хадамоти гумрук», Корхонаи воҳиди давлатии «Таъмиру сохтмон» ва панҷ раёсати минтақавии гумрукӣ иборат буда, назорат ва барасмиятдарории гумрукии интиқоли молу воситаҳои нақлиёт дар 24 гузаргоҳи наздисарҳадии автомобилӣ, чор гузаргоҳи роҳи оҳан, як гузаргоҳи дарёӣ, панҷ гузаргоҳи нақлиёти ҳавоӣ, 17 гумрук ва 21 дидбонгоҳи гумрукии дохилӣ ба роҳ монда шудааст.

Боиси хушнудист, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимоми роҳбариро ба дасти фарзанди фарзонаи миллат — Эмомалӣ Раҳмон дод. Ӯ миллатро ба соҳили мурод расонида, аз вартаи навмедиву нобудшавӣ наҷот дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар андак вақт ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, захмҳои дар ҷанги бемаънии бародаркуш бардошта шифо ёфтанд, оворагону муҳоҷирон ба манзилҳояшон баргаштанд.

Ҳукумати мамлакат аз тадбирҳои суд­манд истифода намуда, баҳри ҳимояи миллату давлат роҳҳои оқилонаву мантиқиро пеш гирифт. Ҳамин сиёсати хирадмандонаву дурбинона буд, ки кишвар аз имтиҳони вазнини таърихӣ гузашт ва дар асоси тадбирҳои андешидаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алангаи оташи ҷанг хомӯш гардида, Тоҷикистон истиқлолияти комил ба даст овард.

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ ба ҳукми қонун даромада, қабули Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифи гумрукӣ» ва татбиқи минбаъдаи ин ду санади муҳим барои рушди иқтисодиёти кишвар ва болоравии сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузоштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти кормандони мақомоти гумрук баҳо дода, зимни як суханрониашон изҳор доштанд: «Амнияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳити зист дар кишвар мустақиман ба фаъолияти мақомоти гумрук вобаста аст».

Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки «Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ талаб менамояд, ки барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи самараноки молия ва қарз, истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ, бахусус фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумат тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд».  Аз ин рӯ, сарфи назар аз вазъи ноустувори молиявию иқтисодии дар ҷаҳон идомадошта, гумрукчиёни кишвар дар иҷрои вазифаҳои душвору дар баробари ин пуршарафи хидматӣ содиқ монда, дар пайравӣ ба марди тавоно, сиёсатмадори асил, хирадманду оқилу дурандеш — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими амнияти иқтисодиёти мамлакат ва ободии диёр саҳм мегузоранд.

Боиси қаноатмандӣ ва сарфарозии  аҳли диёр аст, ки корвони истиқлолият бори гаронбаҳои сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ ва якдилиро бо қадамҳои устувор пеш мебарад. Мо аз он ифтихор менамоем, ки соҳиби ин Ватан ва давлати мустақил ҳастем.

Ҳайати шахсии мақомоти гумрук бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробар бо иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ, инчунин, баҳри ободу зебо гардидани кишвари биҳиштосо кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

КАРИМЗОДА Хуршед Абдураҳмон,

сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук