Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои рушди соҳибкории занон: вазъ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид. Директори марказ Хайриддин Усмонзода зикр намуд, ки ҳадафи баргузории конфронс таҳлилу арзёбии вазъи кунуни тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон, дастрасии онҳо ба имтиёзу грантҳо ва зихираҳои қарзию молиявӣ, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар ин самт ва дар ин замина пешниҳоду тавсияҳо барои рушди соҳибкории занон дар шароити имрӯза аст.
Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо ва сохторҳои дахлдори давлатию ғайридавлатии марбут ба соҳа, инчунин, олимон, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд.
Шаҳноз Исмоилова, муовини сардори департаменти қарздиҳии Корхонаи воҳиди давлатии бонки амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», қайд кард, ки соҳибкорӣ ҳамчун фаъолияти эҷодкорию навоварона баҳогузорӣ шуда, соҳибкор ҳамчун шахси ташаббускору созанда шинохта мешаванд. Далели ин гуфтаҳоро мо имрӯз дар амали соҳибкорзанони муваффақ мушоҳида менамоем, ки бо амалҳои созандаю гуногуни худ дар пешрафти кишвари азизамон барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат соҳаи мазкурро дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ, бахусус тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон муайян кардааст.
Мавриди зикр аст, ки дар заминаи андешидани тадбирҳои мушаххас шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар пайваста тамоюл ба афзоиш дошта, дар соли 2023 беш аз 356 ҳазор, аз ҷумла занҳои соҳибкор зиёда аз 85 ҳазор нафарро ташкил намуда, нисбат ба панҷ соли қаблӣ тақрибан аз 5 то 10 дарсад зиёд мебошад.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»