Дувуми апрели соли равон таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Дар он вазирони корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Арманистон — Эдвард Налбандян, Беларус- Владимир Макей, Қазоқистон — Ерлан Идрисов, Қирғизистон — Эрлан Абдилдаев ва Федератсияи Россия — Сергей Лавров иштирок намуданд.
Сироҷиддин Аслов зимни изҳороти матбуотӣ гуфт, ки ҷаласаи мазкур нахустин чорабинӣ дар доираи раисии Тоҷикистон дар созмони фавқуззикр мебошад. Дар ҷаласа роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии давлатҳои аъзои СААД оид ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 изҳорот қабул намуданд. Мавсуф аз ҷумла аз хизматҳои халқи тоҷик барои таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуда, чунин зикр кард: «Мардуми мо ба сахтиҳои замони ҷанг нигоҳ накарда, садҳо ҳазор бенавоёну гурезагонро аз минтақаҳои зери истилои фашистонмондаи кишварҳои Беларус, Украина ва Федератсияи Россия ҷой дода, як бурда нонашонро бо ҳам диданд. Танҳо чунин қаҳрамонии бемисли гузаштагони мо Ғалабаро таъмин карда тавонист».
Сироҷиддин Аслов изҳор дошт, ки дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва иқдомот ҷиҳати пешгирии хатар ва чолишҳои муосир дар минтақаҳои СААД, инчунин татбиқи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД «Дар бораи расонидани кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мустаҳкамгардонии сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон» ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Бино ба гуфти мавсуф, диққати асосӣ ба масъалаи ҳамкории СААД бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар бахши таъмини амният равона гардид. Гуфта шуд, ки айни замон СААД таҷрибаи бойи ҳамкорӣ бо СММ, САҲА, СҲШ ва дигар ташкилотҳои байналмилаливу минтақавиро дорад. Бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани ҳамкорӣ дар ҷаласа ҳамчунин ҳайати САҲА бо раиси амалкунандаи он, муовини якуми сарвазир-вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич иштирок доштанд. Дар фарҷом қарорҳои марбут ба фаъолияти минбаъдаи Шӯро қабул гашта, лоиҳаи қарорҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ҳамоҳанг шуданд.
Қобили зикр аст, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсяи Россия таъсис дода шудааст. Соли 1993 Озарбойҷон, Гурҷистон ва Беларус ба ин созмон ҳамроҳ шудаанд. Оинномаи СААД 7 октябри соли 2002 дар шаҳри Кишинёв ба имзо расида, аз 18 сентябри соли 2003 эътибор пайдо кардааст.
Айни замон ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои СААД мебошанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»