Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе ҷавонони мо имрӯз аз пайи донишомӯзӣ нашуда, баръакс, ба қонунвайронкунӣ даст зада, зӯровариро ташвиқ менамоянд, ки ин омил ба мафкураи ҳанӯз ташаккулнаёфтаи онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Чунин рафтори ношоиста онҳоро ҳатто ба содир намудани ҷиноят оварда мерасонад, ки оқибатҳои нохуш ба бор дорад.
Мутаассифона, вақтҳои охир афзоиши содир гардидани ҷиноятҳои авбошӣ аз ҷониби мактаббачагон зиёд ба назар мерасад. Аз ҷумла, соли 2023 дар муқоиса бо соли 2022 дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷинояти авбошӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, аз 1227 ба 1414 ҷиноят зиёд шудааст.
Ҳамзамон, дар натиҷаи содир гардидани ин ҷиноятҳо ба саломатии ҳамдигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонида, боиси дағалона вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ ва ташвиши аҳли ҷомеа мегардад.
Тасдиқи ин гуфтаҳо ошкор шудани аъмоли авбошонаи чанд нафар наврасон мебошад, ки ба ҷинояти авбошӣ даст зада, дар асоси санадҳои судӣ бо ҷазои сазовор маҳкум гардидаанд. Чунончи, аз ҷониби мақомоти пешбурди тафтиши пешакӣ ноболиғ А. Абдуллозода, хонандаи синфи 8 МТМУ №62-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, ки ӯ 30 январи соли 2024, тахминан соати 1500 дақиқа бо хонандаи синфи 9-уми ҳамин муассиса И. Бердиев муноқиша намуда, номбурдаро мавриди латукӯб қарор дода, бо корди дар дасташбуда ба тарафи чапи қафаси синаи ӯ як маротиба задааст, ки дар натиҷа ноболиғ И. Бердиев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи «Шифобахш» бистарӣ гардидааст.
Аз тарафи ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 2 феврали соли 2024 нисбат ба ноболиғ А.В. Абдуллозода бо моддаҳои 110 қисми 2 «в» ва 237 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, бо ҳукми суд А.В. Абдуллозода маҳкум гардидааст.
Ба ин монанд, сокини деҳаи Навбаҳори шаҳри Турсунзода М. Бойқулов ба содир намудани ҷинояти авбошӣ бо истифодаи предмети сифати силоҳ истифодашаванда даст задааст.
Номбурда бо шаҳрвандон Ҷ. Қузимуротов ва У. Қузимуротов, сокинони шаҳри Турсунзода, деҳоти ба номи Т. Туйчиев баҳсу муноқиша намуда, онҳоро дашномҳои қабеҳ дода, бо истифодаи санг, чӯб ва каланд зада, ба саломатии онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Нисбати М. Бойқулов бо моддаи 237 қисми 3 банди «а» КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо анҷоми тафтиши пешакӣ ба суди шаҳри Турсунзода ирсол гардид.
Бояд гуфт, ки чунин далелҳои даст ба авбошӣ задани ҷавонон кам нест. Албатта, ҳеҷ кирдори ҷиноӣ бе ҷазо намемонад, вале ташвишовар он аст, ки чунин ҷиноятҳои авбошӣ аз ҷониби ноболиғон, бахусус аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бештар шудааст.
Агар чунин далелҳо аз як ҷониб, нишони камтаъсир будани чораҳои пешгирикунандаи андешидаи ниҳодҳои соҳаи маориф ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад, аз тарафи дигар, дар сатҳи паст қарор доштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, хусусан наврасон, аст. Дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани таълиму тарбия, беназорат мондан дар оила, мактаб ва муҳити озод низ барои ба чунин ҷиноятҳо даст задани хонандагон мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, барои тарбияи дурусти насли наврас ва пешгирии онҳо аз даст задан ба ҷиноят чораандешиҳои доимию мунтазам ва якҷояи падару модар, мактаб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар маҷмӯъ, ҷомеа ҳатмӣ ва амри ногузир аст.
Фаридун ТАҒДИРЗОДА,
коргузори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар