Сабаби болоравии қурби асъори хориҷӣ дар чист?

№42 (3679) 20.04.2017

Паст ва ё баланд шудани қурби асъор раванди доимӣ буда, дар ҳама давлат ба амал меояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати дарҳои бозро пеша кардааст, аз ин раванд истисно нест.

Аммо дар давоми ду моҳи охир мунтазам поён рафтани қурби пули миллӣ-сомонӣ нисбат ба доллари ИМА мардумро то андозае ба таҳлука андохтааст. Чунин ранг гирифтани  вазъ ба нархи молу маҳсулоти ниёзи мардум низ бетаъсир намонд. Дар ин муддат, ҳатто маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, қимат шуд. Масалан, имрӯз як килограмм картошка дар бозорҳои ҷумҳурӣ аз 3,80 то 4 сомонӣ фурӯхта мешавад. Нархи пиёз низ, ки тобистон ва тирамоҳи соли гузашта аз як сомонӣ поён буд, ба чор сомонӣ расид.

Тавре аз шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ иттилоъ доданд,  сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2017, чун солҳои қаблӣ,  ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» асос меёбад, ки тибқи он қурб дар асоси талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар мешавад, Бонки миллии Тоҷикистон танҳо дар ҳолатҳои ба таври ғайричашмдошт тағйир ёфтани қурб ва таъсири он ба вазъи бозор дахолат менамояд.

Раванди тағйирёбии қурби сомонӣ дар ин давра дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 бо коҳишёбии давомнокии моҳ ба моҳи нисбатан муътадили қурби расмӣ ва пастшавии аз эътидол беруну босуръати қурби нақдӣ фарқ мекунад.

Чунончӣ, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 6,6  фоиз (дар ҳамин давраи соли 2016 бошад, 10,8 фоиз) коҳиш ёфта, қурби бозории доллари ИМА-и нақд бошад, 13,6 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2016 — 5,7 фоиз) баланд шудааст.

Ҳамин хусусияти хос ба зиёд шудани фарқият байни қурби расмӣ ва нақдӣ дар ҳаҷми 2 фоиз мусоидат карда, барои якбора афзоиш ёфтани талабот ба доллари ИМА ва пеш аз ҳама, ба нақдинаи он сабаб гардидааст.

Фарқи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши бозории доллари ИМА-и нақд аз 0,6 фоиз дар аввали сол то ба 7,2 фоиз дар 10 апрели соли 2017 зиёд шудааст.

Масъулини Бонки миллӣ ба он назаранд, ки дар бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд зери таъсири омилҳои равонӣ ва ҳаннотӣ воҳимаю таҳлука ба миён омада, аҳолӣ ба таври оммавӣ фурӯши асъори нақдро аз ташкилотҳои қарзӣ талаб карда истодаанд.

- Ҳолати мазкур ва таъсири дигар омилҳои монетарию мавсимӣ талабот ба доллари ИМА-и нақдро якбора бамаротиб зиёд карда, ба мунтазам баланд шудани қурби фурӯши он ва фаъол шудани бозори ғайрирасмӣ сабаб гаштааст. Бениҳоят зиёдшавии талабот ба асъори хориҷӣ ва камшавии пешниҳоди он дар бозори дохилӣ яке аз омилҳои асосии пастравии қурби пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА мебошад, — омадааст дар посухи Бонки миллии Тоҷикистон.

Омилҳои зиёдшавии талабот ба доллари ИМА-ро дар Бонки миллӣ ба зарурати мавсимии азнавбарқароркунии захираҳои молҳои воридотӣ, бахусус, тухмӣ, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ, талаботи ҳаррӯзаи субъектҳои хоҷагидорӣ – муштариёни ташкилотҳои қарзӣ ба асъори хориҷӣ, зиёд шудани талаботи ташкилотҳои қарзӣ ба доллари ИМА-и нақд барои бозпас гардонидани амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ, афзоиши ҳаҷми умумии маблағ бо асъори хориҷӣ барои таъмини уҳдадориҳои қарзи беруна ва маблағгузории барномаҳои муҳими давлатии ҳатмӣ, ҳаннотӣ дар бозори хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ ва паҳн кардани овоза вобаста медонанд.

Камшавии пешниҳоди доллари ИМА ба камшавии вуруди асъори хориҷӣ дар ин давра, нисбат ба моҳи декабри соли 2016, ба таври назаррас кам шудани ҳиссаи доллари ИМА дар ҳаҷми умумии маблағҳои пулии бо асъори хориҷӣ аз манбаъҳои ба ҷумҳурӣ воридшаванда,  бамаротиб кам шудани пешниҳоди доллари ИМА-и нақд барои фурӯш ва ғайра рабт дорад.

Дар ҷавоб ба суоли мо  оид ба корҳои анҷомдодаи Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади кам кардани таъсири ин омилҳо, иттилоъ дода шуд, ки  Бонки миллӣ тадбирҳои зеринро  амалӣ намудааст:

- меъёри фоизи қарзи бозтамвил аз 11,0 фоиз то ба 16,0 фоиз баланд бардошта шуд;

- бо мақсади кам кардани таъсири ҳаҷми пули дар муомилотбуда, фурӯши сертификатҳои пулии Бонки миллии Тоҷикистон ва асъори хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ ба роҳ монда шуд;

- ҳаҷми барориши коғазҳои қиматнок зиёд карда шуд;

- ҳар рӯз ба фурӯш баровардани асъори ғайринақдӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ба роҳ монда шуд;

- фаъолияти муассисаҳои ташкилотҳои қарзие, ки ба анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ ва интиқолӣ машғуланд, аз ҷониби гурӯҳҳои кории доимоамалкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он ҳар рӯз зери назорат қарор дошта, нисбат ба ҳар як ҳодисаи риоя нашудани тартиби анҷомдиҳии амалиёт чораҳои таъсиррасонӣ андешида мешаванд;

- аз ҷониби гурӯҳҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон шахсият ва макони нафароне, ки ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғуланд, баъди муайян карданашон маълумот ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар минтақаҳо барои чораҷӯйӣ пешниҳод мешавад;

- ба ташкилотҳои қарзӣ оид ба ташкили кори муназзам ва босамари муассисаҳои бонкие, ки ба хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ ва интиқоли маблағҳои пулӣ машғуланд, бахусус, дар рӯзҳои истироҳату ид, таъмини онҳо бо пули нақди миллӣ ва асъори нақди хориҷӣ, кушодани марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавии шабонарӯзӣ дар марказҳои савдо ва меҳмонхонаҳо дастур дода шудааст.

Инчунин, бо мақсади пешниҳоди иттилои дақиқ оид ба қурби пули миллӣ ва чораҳои таъминкунандаи устувории он ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма тавсеа ёфтааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»